Дастаи камонварони Ӯзбекистон мавсими навро бомуваффақият оғоз намуд

Дар пойтахти Ироқ марҳилаи аввали Ҷоми Осиё оид ба камонварӣ ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқаҳо дар баробари камонварони пуртаҷрибаи қитъа варзишгарони Ӯзбекистон низ ширкат доштанд. Боиси хушнудист, ки дар хамаи барномаҳо камонварони мо ба гирифтани ҷоиза муяссар гардиданд.

Дар ҳисоби даставӣ духтарони мо тавонистанд ба даври ниҳоӣ роҳ ёбанд, вале аз рақибони худ аз Ҳиндустон шикаст хӯрда, бо медалҳои нуқра сарфароз гардиданд.

Инчунин, бачаҳо дар баромади даставӣ ба хазинаи ҳайати кишвари мо медалҳои биринҷӣ зам карданд.

Дар намуди инфиродӣ Амирхон Содиқов ва Нилуфар Ҳамроева, дар ҳайати омехта Амирхон Содиқов ва Зиёдахон Абдусатторова низ медали биринҷӣ гирифтанд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби камонварони Ӯзбекистон аввалин мусобиқаи мавсими навро бо 1 нуқра ва 4 биринҷӣ ба анҷом расонд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: