Зиёда аз 90 нафар ҳавасмандони шоҳмоти синну солашон гуногуни пойтахт, шаҳр ва ноҳияҳои вилояти Тошканд дар турнири «Чирчиқ баҳори», ки дар ҳудуди мактаби таълими умумии рақами 25-уми шаҳри Чирчиқ баргузор гардид, иштирок карданд.

Ин мусобиқаи васеъмиқёс аз шоҳмотчиёни соҳибтаҷриба сар карда, то дӯстдорони нахустқадамро ба як майдон ҷамъ намуд. Дар рафти мусобиқа шоҳмотбозон новобаста ба синну сол маҳорати худро санҷиданд.

Дар ҷамъбасти талошҳо гурӯҳи ғолибони синну солашон гуногун Дилшод Юлдошев (Тошканд), Беҳзод Азизов (намоянда аз шаҳри Ангрен) ва шоҳмотбози паркентӣ Муҳаббат Абдуваҳҳобова бо ифтихорномаву туҳфаҳо тақдиронида шуданд.
Дар сурат: лавҳа аз мусобиқа.
Суратгир: Р.ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: