РУБОИЁТ

Ганҷи ороста

Паҳлавон Маҳмуди ХОРАЗМӢ
    (1247-1326) 

РУБОИЁТ

Гардун ба қазои ту дили нарм надошт,
Рухсори туро ҳурмати озарм надошт.
Ояд аҷабам аз Малакулмавт, ки ӯ,
Ҷон аз ту ҳамегирифтаву шарм надошт.
            ***
Эй дил, ту биё аз пайи ҷонона равем,
Лайлиталабон ба ҳар дари хона равем.
Хайёмсифат ба хамр ҳастем мудом,
Бар дӯзах агар равем, мастона равем.
            ***        
Оташ, ки аланга мезанад, синаи мост,
Дарё, ки чу мавҷ мезанад, дидаи мост.
Ин кӯзагарон, ки кӯзаҳо месозанд,
Аз хоки бародарони деринаи мост.                              
            ***
Эй хоҷа, дар ин ҷаҳон чаро бехабарӣ,
Рӯзону шабон дар талаби симу зарӣ.
Сармояи ту дар ин ҷаҳон як кафан аст,
Он ҳам ба гумон аст, барӣ ё набарӣ.                         
            ***
Эй чархи фалак, замонаи дунпарвар,
Аз каҷравият ростравонрост хатар.
Доно зи ту зери пою нодон бар сар,
Ё Раб, шавад ин чархи фалак зеру забар.


ЛАТИФАҲО

ДАР АВТОБУС

Ҷавоне дар курсии автобус нишаста сақич мехоиду ӯро кампири дар солун ростистодае назорат мекард. Пас аз чанд дақиқа кампир наздиктари ҷавон омаду гуфт:
— Ту ин ҳамаро ба ман беҳуда мегӯӣ, гӯшҳои ман намешунаванд.

ҶАВОБИ МАЙЗАДА

Шоире ба майзадае дар рафти суҳбат гуфт:
— Муҳаббат паҳлӯҳои зиёд дорад. Ҳарчанд он тунду талх аст, вале як умр моро ба сӯйи худ мекашад. Басе ширину гуворост, вале гоҳо ҳоламонро танг мекунад.
Майзада:
— Мисли ин аст, ту аз шароби нобе ҳарф мезанӣ, ки тоза ба қадаҳ рехтаанд.

Тарҷума ва таҳияи А. КОМРОН.

 


ҶАВОБИ 
САВОЛ

– Оё медонӣ бадӣ дар дунё чаро зиёд аст?
– Чаро?
– Онро фаъол маблағгузорӣ мекунанд.
– Магар некиро маблағгузорӣ намекунанд?
– На! Такядори некӣ виҷдон, адолат ва ҳақиқат аст.
Вале бадӣ пойдор нест. Чунки маблағ дер ё зуд ба охир мерасад.
Виҷдон, адолат ва ҳақиқат сарвати адонашаванда мебошанд.

Таҳияи К. АБДУЛЛОЕВ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: