ШАҲРИСАБЗ БА МАҚОМИ ПОЙТАХТИ САЙЁҲИИ СҲИ САЗОВОР ГАРДИД

Ба муносибати ба шаҳри Шаҳрисабз додани мақоми «Пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ» ҳамоиши байналмилалӣ ба кори худ ҳусни оғоз бахшид.

Дар маросими ифтитоҳи он Дабири кулли СҲИ Хусрав Нозирӣ, раиси Кумитаи туризми Вазорати экология, ҳифзи муҳит ва тағйирёбии иқлими ҷумҳурӣ Умед Шодиев ва ҳокими Шаҳрисабз Шерзод Бӯриев ширкат карданд. 
– Шаҳрисабз аз нигоҳи меъморӣ, фарҳангӣ ва манзараҳои дилрабову сарсабзи худ Ӯзбекистонро ба тоҷи Осиёи Марказӣ мубаддал намудааст. Он соҳиби ганҷинаҳои гуногуни меъмориву таърихӣ мебошад. Мо иқтидори бепоёни туризм дар Ӯзбекистонро эътироф мекунем ва аз кишварҳои узви СҲИ даъват менамоем, ки дар ин ҷашни фараҳбахш моро то охир ҳамроҳӣ кунанд, – изҳор намуд Дабири кулли СҲИ Хусрав Нозирӣ.
Вай афзуд, ки дар давоми рӯзҳои ҳамоиши байналмилалӣ озмунҳои рақси мардумӣ, пухтани таом, намоиши мӯд, бозиҳои этноварзишӣ, тамошои суратҳои мусаввирони наврасу ҷавон ва якчанд вохӯриҳои муҳим низ пиёда мешаванд, ки нуфузи ҳамоишро боз шукӯҳи бештар мебахшанд. 
Ногуфта намонад, ки дар ин раванд такмил бахшидани инфрасохторҳои туризми вилояти Қашқадарё, баланд бардоштани салоҳияти экотуристии он, роҳандозии чорабиниҳое, ки мероси ғайримодии онро ба мардум ва меҳмонон кушода медиҳад, афзоиш додани теъдоди соҳибкороне, ки бевосита дар соҳаи туризм фаъолият нишон медиҳанд ва бароварда сохтани як қатор орзуву ормонҳои мардуми ин минтақаи кишвар низ амалӣ карда хоҳанд шуд. 
Раиси Кумитаи туризм Умед Шодиев изҳор намуд, ки ҳамкорӣ бо СҲИ барои Ӯзбекистон дари имкониятҳои васеъро боз кардааст.
– Тавре ки маълум аст, 17 декабри соли 2022 дар ҷаласаи IV вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) Шаҳрисабз ҳамчун «Пойтахти сайёҳии СҲИ барои соли 2024» пазируфта шуд. Имрӯз мо барои ҷашн гирифтани ин рӯзи фараҳбахш гирдиҳам омадаем. Ин унвони олӣ ба Шаҳрисабз, ки яке аз сарватҳои беназиру нотакрори Ӯзбекистон аст, чанд маънои рамзиро низ касб намудааст. Шаҳрисабз аз тарафи кишварҳо бо аҳолии беш аз 500 миллионнафара эътироф гардид, ки боиси шараф ва ифтихори мост, – қайд намуд Умед Шодиев.
Қобил ба ёдоварист, ки шоми 25 апрел ҷашнвораи байналмилалии гастрономии «Shahrisabz Culinary Duel» бо иштироки ошпазҳои машҳури кишварҳои узви ЭКО баргузор гардид. Дар он беш аз 30 ошпази моҳиру варзида бо таомҳои нодири миллии кишварҳои худ ширкат варзиданд. Дар ҷашнвораи гастрономӣ масъулон ва аъзои дигари ҳакамон аз таомҳо чашидаву ба маҳорати ошпазҳо баҳо доданд. Гуфта шуд, ба далели он ки пазандагон тамоми истеъдоду маҳорати худро ҷиҳати пухтани таомҳо сарф намуданд, ҳар кадоми он яке аз дигаре хушмазаву лазизтар буд.
Баъд иштирокчиёни ҳамоиш аз намоишгоҳе боздид намуданд, ки маҳсули мӯйқаламҳои рассомони варзидаи кишварҳои узви ЭКО-ро ташкил медиҳад. Ин намоишгоҳи расмҳо бо ташаббуси Кумитаи туризм роҳандозӣ гардид ва дар он осори бонуфузтарин рассомони Покистон, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба маърази тамошо гузошта шуданд.
26 апрел сарони ҳайатҳои кишварҳои узви СҲИ дар ҷаласаи таъсиси Шӯрои машваратии ЭКО иштирок намуда, масъалаҳои муҳими рушди фаъолият ва ҳамкориҳои мутақобилаи онро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин дар чаҳорчӯби чорабинии байналмилалӣ бо иштироки намояндагони бахши сайёҳии кишварҳои узви ин созмон мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баргузор гардиданд. 
Роҳандозии нахустин бозиҳои байналмилалии этноспортии ЭКО ва раҳпаймоии фахрии иштирокчиёни он, инчунин шиносоӣ бо маҷмааи Оқсарой низ дар ин раванд сурат гирифт. Ҳамзамон дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш бо ширкати гурӯҳҳои фолклорӣ аз кишварҳои узви ЭКО ҷашнвораи «International folk» баргузор гардид. Дар он ҷо ба тамошобинон намоишҳои махсус ва сурудҳои миллии «лапарӣ» пешкаш карда шуданд, ки анъанаҳои ҳар як кишварро дар меҳвари худ қарор додаанд. 
Дар идома ҷаласаи пленарӣ дар мавзӯи «Туризми бидуни сарҳад дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ» ва вохӯриҳои B2B ташкил карда шуданд. 
Чорабиниҳо бахшида ба муносибати ба Шаҳрисабз додани мақоми «Пойтахти сайёҳии СҲИ» идома доранд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
Шариф ХАЛИЛ,
 мухбирони «Овози тоҷик».

Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: