СИТОИШИ ХИРАД ВА ХИРАДГУСТАРӢ ДАР «ШОҲНОМА»-И ҲАКИМ ФИРДАВСӢ

Донишу хирад мояи худшиносии аҳли башар аст.

Кулли осори гузаштагони моро шурӯъ аз яштҳои «Авесто», то ашъори мондагори Рӯдакию Фирдавсӣ, Мавлавию Хайём, Носири Хусраву Хоҷа Камол, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Сино... маҷмӯаи одобу ахлоқ номидан мумкин аст. Ниёкони мо аз даврони қадим ба таълиму тарбия ҳусни иродат ва муҳаббат зоҳир кардаанд. Агар ба таърихи адабиёти пурғановати халқи форс-тоҷик рӯ оварда шавад, ба таҳқиқ шоиреро наметавон дарёфт, ки дар васфи дониш напардохта бошад. Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ аз чеҳраҳои мунири осмони илму адаби ҳазорсолаи тоҷику форс буда, бо шоҳасари безаволаш – «Шоҳнома» шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. 
Фирдавсӣ дар бахши оғози достони Комуси Кашонӣ аз Рустам ёд мекунад ва дониши ӯро мавриди тавсиф қарор медиҳад:
Шигифтӣ ба гетӣ зи Рустам басест,
К-аз ӯ достон дар дили ҳар касест.
Ба хушкӣ чу Нилу ба дарё наҳанг,
Хирадманду бедордилу 
марди ҷанг.
Сари мояи мардиву ҷанг аз ӯст,
Хирадмандиву донишу санг 
аз ӯст...
Зарурати донишу хирадро шоир барои ҳама муҳим арзёбӣ мекунад. Махсусан, барои подшоҳон муҳимтар медонад, зеро мулк аз рӯйи дониш идора карда мешавад, на симу зари фаровон:
Касе, к-ӯ ҷаҳонро бувад хостор,
Варо дониш ояд, на гавҳар ба кор.
Шоир аз гузаштагони худ бо ифтихор сухан карда, тоҷдориву салтанати эшонро таъкид мекунад ва бо зевари дониш мусаллаҳ буданашонро ёд мекунад:
Ниёкони мо номдорон буданд,
Ба даҳр-андарун тоҷдорон буданд.
Набардоштанд аз касе саркашӣ,
Ба тезию тундию бедонишӣ.
Инсони донишманд дар гуфтору рафтор низ намуна аст. Ба ин маънӣ Фирдавсии Тӯсӣ фармуда:
Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар
 бувад,
Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.
Хирадманди ҳақиқӣ он аст, ки тақводору парҳезгор бошад. Танҳо хирадмандони муъмин аз китоб ва Расули Худо истиқбол карда, аз зикр ва ёдовариву панди ӯ баҳраманд мешаванд: 
Чунин гуфт пайғамбари ростгӯй,
Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй.
Ёхуд:
Зи дониш чу ҷони туро моя нест,
Беҳ аз хомушӣ ҳеч пероя нест.
Дар «Шоҳнома» хирад, ки мояи азалӣ ва худодод аст, бетағйир намемонад ва дар натиҷаи омӯзишу парвариш рушду камол меёбад, яъне он ниёз ба омӯзгору парастор дорад.
Фирдавсӣ дар ташаккули инсон ва рушду тавсеаи хиради он нақши тарбияву ҳикматро хеле бузург медонад. Ҳикмати амалӣ, ки дар асоси донишу хирад ва таҷрибаи рӯзгори инсон дар тӯли асрҳо ҳосил мегардад, бо мурури замон сайқал дида, ба як василаи муҳими тарбиявӣ табдил меёбад.
Дар «Шоҳнома» аз ин васила дар мавридҳои мухталиф хеле моҳирона корбаст шудааст. Чунон ки аз мисолҳои зикршуда ҳам пайдост, аксари пандҳои ҳакимонаи Фирдавсӣ аз ситоиши хираду омӯзиши дониш ва мисли инҳо иборатанд, ки ба ифодаи худи шоир «панди хирад» мебошад ва рӯй тофтану ба кор нагирифтани он инсонро ба ранҷу азобҳо ва пушаймонӣ гирифтор хоҳад кард:
Зи панди хирад гар бигардад 
сараш,
Пушаймонӣ ояд зи гетӣ бараш.
Ҳамчунин дар асари безаволи Фирдавсӣ як қатор симоҳои хирадманд офарида шудаанд, ки бо андешаву рафтори неки худ намунаи ибрат ва шоистаи пайравии дигаронанд.
Фирдавсӣ хирадмандиро бо накукорӣ тавъам медонад, зеро ӯ бовар дорад, ки шахси бохирад ҳамеша аз рӯйи ақл амал хоҳад кард. Шахси оқил огоҳ аст, ки сазовори аъмоли худ мукофоти амал хоҳад дид:
Ту чандон, ки бошӣ, сухангуй бош, 
Хирадманд бошу накухӯй бош.... 
Нигар, то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ, 
Сухан ҳар чӣ гӯӣ, ҳамон бишнавӣ.
Ҳамаи қаҳрамонони мусбати «Шоҳнома» пеш аз ҳама бо хирадмандии худ мумтозанд. Аз ҷумла, чаҳор фарзанди Кайқубод ҳама монанди падар соҳиби донишу хирад будаанд:
Писар буд мар ӯро хирадманд чор.
Ки буданд аз ӯ дар ҷаҳон ёдгор. 
Хулоса, Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ хирад ва маърифату огоҳиро маҳаки асосии инсон будан медонад. Дар «Шоҳнома» хирад дар муқобили ҷанг гузошта шудааст. Шахси хирадманд ҳамеша на ба ҷангу хунрезӣ, балки ба сулҳу накукорӣ майл мекунад. Пешрафти тамоми ҷабҳаҳои рӯзгор ба илму хирад вобаста аст. Ақли инсонӣ пайваста бозёфтҳои навро рӯйи кор оварда, заҳмати мардумро ба маротиб осон мекунад. 
Ҷавонони мо бояд ҳамеша илм омӯзанд ва онро дар амал татбиқ намоянд. Хирад ва хирадгароиро дастури ҳаёти худ қарор диҳем. Қудрату тавоноӣ, сарфарозиву воломақомии инсон танҳо бо хиради фитрӣ муяссар намегардад. Инсон бояд дар зиндагӣ хиради азалии худро бо омӯзиши доимияш такмил диҳад, ки ин ба осонӣ даст намедиҳад ва ранҷу машаққатҳои зиёдеро тақозо дорад. Ҳамин тавр, Фирдавсӣ нишон дода тавонистааст, ки хирад чароғи рӯзгори мардумон дар тамоми даврон хоҳад буд ва инсонҳои хирадпеша дар тамоми даврони ҳастии миллати хеш ному кору пайкорашон ҷовидона мемонад.
Бале, донишу хирад чароғи ақл аст, ки дидагон аз он равшаниву нур ва дилҳо хушиву сурур мегиранд. 
Зи дониш зинда монӣ ҷовидонӣ, 
Зи нодонӣ наёбӣ зиндагонӣ.

Замира АҲМАДҶОНОВА, 
Ширинмоҳ АҲРОРОВА, 
донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: