Ҳусейн Ал-Мусаллам ба омодагиҳо ба Бозиҳои осиёии наврасони Тошканд-2025 баҳои баланд дод

Директори генералии Шӯрои олимпии Осиё (ШОО), президенти Федератсияи ҷаҳонии варзиши обӣ (World Waters) Ҳусейн Ал-Мусаллам ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Усома Ал-Шафар ба Тошканд омаданд.

Бо меҳмонони фахрӣ омодагӣ ба Бозиҳои осиёии наврасони Тошканд-2025 баррасӣ шуд.

Меҳмонони расмиро вазири варзиш Адҳам Икромов пешвоз гирифт. Дар ҷаласа, ки дар вазорат баргузор шуд, инчунин Котиби генералии КМО Ойбек Қосимов ва муовини раиси кумита Азизҷон Комилов ширкат доштанд.

Дар оғози сӯҳбат Адҳам Илҳомович аз таваҷҷуҳи дар сатҳи давлатӣ ба омодагӣ ба Бозиҳои дарпешистода, дар бораи бунёди деҳаи олимпӣ, ки таҳти назорати шахсии Сарвари давлат қарор дорад, сухан гуфт. Сипас санаҳои пешбинишудаи стартҳо ва варзишҳое, ки ба барномаи «Тошканд-2025» дохил мешаванд, баррасӣ шуданд. Дар рафти сухбат Ойбек Омилович ҳозиронро бо намудҳои спорт ва объектхо шинос намуда, ҳар як фан алоҳида таҳлил карда шуд.

Бояд гуфт, ки Ҳусейн Ал-Мусаллам ба рафти тайёрӣ баҳои баланд дод. Ӯ изҳори итминон кард, ки аренаҳои наве, ки сохта мешаванд, ситораҳои ҷавони қитъаи Осиёро ошкор хоҳанд кард. Инчунин, директори генералии ШОО оид ба масъалаҳои мубориза бо допинг ва муҷаҳҳаз намудани иншоот бо технологияи муосир тавсияҳои худро дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти КМО, тибқи нақша имрӯз мутахассисони хориҷӣ ба деҳаи олимпӣ рафта, бевосита бо рафти сохтмон ошно мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: