Аз дафтари назм

Нормурод КАРИМЗОДА

БАРФИ АВВАЛ

Барфи аввал муждаи хурсандиҳост,
Зевари ҳусни нурафшони Ватан!
Дурри ғалтон ё худ эҳсони Худост,
Мояи сарсабзии боғу чаман.

Барфи аввал ҷомаи поки замин,
Реза-реза борад аз сақфи фалак.
Дашту саҳро ин қадар ҳам нозанин,
Аз фурӯғаш шодмон моҳу малак.

Барфи аввал мезанад табли нишот,
Дар ҳавои базмҳои дилнишин.
Дил ба ҷӯш ояд зи гулбонги ҳаёт,
Рӯҳу тан хушҳол аз барфи замин.

«Реза-реза барф меборад сафед»,
Аз шумо уммедворам як дуо.
Баҳраҳо аз рӯзгори нав баред,
Аз саховат, лутфу эҳсони Худо.

 

СОЛИ МУШ

«Соли муш» хирман пури гандум шавад,
Зиндагии хуш бари мардум шавад.

«Соли муш» гумкардаҳо пайдо шавад,
Шодию тӯю тамошоҳо шавад.

«Соли муш» чун хонаи муш доимо
Хонатон пур бошад аз дону ғизо.

«Соли муш» соли пур аз файзу барор,
Соли ҳосил бошаду ҳам кишту кор.

«Соли муш» соли парирӯён бувад,
Соли меҳру ваҳдату паймон бувад.

Ҳар кӣ шуд тавлид андар «Соли муш»,
Бо фаросат ояду бо ақлу ҳуш.

Духтар андар «Соли муш» зебо шавад,
Мақбул андар дидаву дилҳо шавад.

«Соли муш» гардад таваллуд гар писар,
Ҳофизи Қуръон шавад, ҳам пурҳунар.

Хоҳам андар «Соли муш», эй дӯстон.
Ӯзбекистонам шавад чун бӯстон.

Абдураҳмон СУЛАЙМОНӢ,
ноҳияи Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: