УСТОДИ БЕҲТАРИНИ Ӯ КИТОБҲОЯНД

Бо вуҷуди он ки Маҳбуба Турсунова нависандаи шинохтаву номӣ аст, китобро устоди беҳтарини худ медонад.

Дар эҷоди ҳар як асар масъулият ҳис мекунад ва ба таҳриру сайқалёбии ҳикояҳояш заҳмати зиёде мекашад.  Ӯ ҳаёташро бе эҷод тасаввур карда наметавонад. Нақлаш шавқовару забони асарҳояш рангин аст. Аз фонди луғавии забон заргарона истифода мебарад.
Китоби аввалинаш «Савдои мушкил», ки бо маслиҳат ва дастгирии Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев соли 1987 дар нашриёти «Адиб»-и Душанбе чоп шуд, ӯро ҳамчун нависандаи хушсалиқаи ҳаҷвнигор ба хонандагон шиносонд.
Китоби дувуми ӯ бо номи «Аҷаб мардумоне» соли 2002 дар нашриёти «Зарафшон»-и Самарқанд чоп шуд ва мавқеи ӯро ҳамчун эҷодкори рангинхаёл мустаҳкам гардонд. Ӯ бо ин китоби худ дар эҷоди асарҳои саҳнавӣ ҳам маҳорат доштани худро нишон дод.
Маҳбуба Турсунова мушоҳидакор аст. Ӯ ба такмили асарҳояш мекӯшад. Сол аз сол, ки ба комёбиҳои эҷодӣ ноил магардид, соли 2014 ӯро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфтанд, – мегӯяд ҳамсабақи ӯ Парда Тӯра Ҳамдамӣ.
Ҳамсабақи дигараш Масъуда Муродова бо доштани чунин дугона мефахрад:
– Дар овони донишҷӯйӣ Маҳбуба духтараки хеле доною меҳнатӣ буд. Пахтаро аз ҳама бисёр мечид. Ҳамеша сазовори туҳфаҳову раҳматномаҳо мегашт. Бо дониш, гуфтору кирдори хубаш дар байни ҳамкурсҳо, инчунин, факултету донишгоҳ эҳтироми баланде дошт. Омӯзгорон ва устодон ҳам ӯро эҳтиром мекарданд. Мо ҳамаамон фахр мекунем, ки чунин ҳамсабақ дорем.
Соли 2019 китоби наваш «Он касе дурбин бувад» дастраси хонандагон гардид. Ин китоб аз қиссаҳои «Дили Хайрӣ» ва «Сурати устод» иборат буда, инчунин, якчанд ҳикоётро аз мушоҳидаҳои ӯ дар бар мегирад. Ҳикоя, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, «Нешхандҳо» ва «Нуктаҳо» ҳуснбахши охири китоб шуданд. Ӯ аз ин муваффақиятҳо қонеъ нашуда, доимо дар ҷустуҷӯ аст. 
«Агар эҷодкор аз худ қаноатманд гардад, ҳатман нобуд мешавад, – мегӯяд худи Маҳбуба Турсунова. – Бинобар ин, дар эҷоди ҳар як асар масъулиятро ҳис карда, қалам ба даст мегирам». 
Китоби «Офтобаки ман» аз шеърҳои  бачагона ва чистонҳо иборат мебошад. Шеърҳои «Ту кай калон мешавӣ?», «Нағз нахонӣ, панҷ канӣ?», «Хона пури нон шавад», «Ҳурмати нонро бидон» ва ғайра сазовори таҳсинанд. Онҳоро бачаҳо бо шавқ хонда, зуд аз ёд мекунанд.
– Нависандаи бузург Фазлиддин Муҳаммадиев ёрию меҳрубониашро аз шогирдони навқаламаш дареғ намедошт. Аз лутфи нависандаи машҳур Маҳбубаи мо низ баҳра бардоштааст, – солҳои ҳаштодуми асри гузаштаро ба хотир оварда мегӯяд устоди фанҳои педагогика Замира Ҳоҷиматова. – Ман  он солҳо аспиранти кафедраи забони Институти педагогии Тоҷикистон будам. Дугонаи ҳамсабақам Маҳбуба ба Душанбе омаданд. Мақсад вохӯрӣ бо нависандаи арҷманд буд. Мо ҳар ду ба сӯйи хонаи он кас равон шудем. Хонаашонро ёфтем. Аммо устодро наёфтем. Рӯзи дигар Маҳбуба бо Фазлиддин Муҳаммадиев вохӯрданд ва аз маслиҳатҳои гаронбаҳои он кас бебаҳра намонданд. 
– Чаро айнан жанри ҳаҷвро интихоб кардед? – даҳ сол қабл ҳангоми омода кардани мусоҳиба барои рӯзномаи «Овози Самарқанд» аз ӯ пурсида буд Маликаи Бахтиёр. 
Ҷавоби маҳбуби дилҳо ин буд:
– Сабабҳояш бисёранд. Аввал ин, ки миёни одамони шӯхтабиат ба воя расидаам. Дигар ин, ки бо тақозои вақту замон бо воқеаю ҳодисаҳои ношояму таҳқиркунанда бисёр дучор шудаам. Ба бартараф намудани камбудиҳо вақте қувваи ҷисмонии шахс камӣ мекунад, аз қалам мадад ҷӯяд...
– Вақте ки мо дар донишгоҳ таълим мегирифтем, – мегӯяд ҳамсабақи Маҳбуба –Матлуба Хушвақтова, – фикру хаёламон ба дарс банд буд. Аз шеъру достонҳои шоирон намунаҳо аз ёд мекардем ва дар вақтҳои холӣ аз дарс, дар танаффусҳо, дар мавсими пахтачинӣ, шабнишиниҳо байтбаракбозӣ мекардем.
Рӯзе, вақти бозгашт аз майдони пахтазор байтбаракбозӣ сар шуд.
Қазоқ Шоев бо овози баланд ба байтбаракбозӣ ҳусни оғоз бахшид:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.  
Маҳбуба ҷавоб дод:
Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад. 
Ба байтбаракбозӣ дигар ҳамсабақон  низ ҳамроҳ шуданд. Ҳамин тавр, то ба хобгоҳ омаданамонро нафаҳмида мондем. 
Дугонаи мо Маҳбуба Турсунова солҳо боз бо ҳаҷвнигори шинохта Бахтиёри Ҷумъа ҳамкорӣ мекунад. Онҳо аввал ҳикояҳои ҳаҷвии худро бо номи «Хазинаи ханда» дар зери як муқова ба хонандагон ҳавола карданд. Баъд «Мошкичирӣ» (Б.Ҷумъа) ва «Моиндар» (М.Турсунова) дар шакли як китоб аз чоп баромад. Диданд, ки барои хонандагони мактабҳо интермедия ва асарҳои саҳнавӣ хеле каманд, соли 2023 асарҳои эҷодкардаи худро боз дар зери як муқова бо унвонҳои «Шодикафак» ва «Доллар ёбед, намешуд?» таҳия карданд. Ин китоби онҳо аз интермедия, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва диологу монологҳо иборат мебошад. 
Асарҳои нонавиштаи Маҳбуба Турсунова ҳанӯз бисёранд. Мавзӯъҳои ҷолиб барои ба рӯйи коғаз омадан навбат мепоянд. Агар онҳоро дастраси хонандагони сершумораш гардонад, нур болои нур мешуд. 
– Солҳои донишҷӯйӣ Маҳбуба духтараки бамулоҳиза буд, ҳазор бор фикр карда, як бор ҷавоб медод, – мегӯяд Шодмоной Дониёрова. – Рӯзе модари Маҳбуба – зани камтарину дарёдил ба хобгоҳ омаданд. Бо мо шинос шуданд. Аз Фарғона будани маро фаҳмида, рӯзҳои дамгирӣ ба хонаашон таклиф карданд. Ҳатто таъкид карданд, ки ман интизори шумоён мешавам. Ҳамин хел 4 соли расо бо дугонаҳо ба Миронқул мерафтем. Зиёфати модар ва тағояшонро бо ҳам медидем. Солҳои донишҷӯйӣ ҳамин хел бо шавқу завқ гузашт.
Ҳоло Маҳбуба Турсунова на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар Тоҷикистон ҳам мухлисони зиёд дорад. Муштариён ӯро ҳамчун нависанда, шоира ва тарҷумони пурмаҳорат мешиносанд. 
Маҳбуба Турсуноваро бо 75-солагии зодрӯзаш табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, хотирҷамъӣ ва авҷу барори эҷодӣ таманно менамоем. 

Нарзипӯлод САИДОВА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: