ШЕФТАИ САВТУ СУРУДҲОИ МАРДУМИИ БУХОРО

Хушбахтона, ҳоло дар Бухоро оилаҳое кам нестанд, ки дар онҳо ҳунарҳои зебо, савту суруд, оҳангҳои пурҷозибаи мардумӣ, шеъру мухаммасхониҳо бо мурури замон аз авлод ба авлод гузашта, зиндагии худро идома мебахшанд.

Аҳли оилаи Муҳаммадҷон Қодиров, ки дар гузари «Эшони пир»-и шаҳри Бухоро умр ба сар мебарад, аз чунин оилаҳост. Ҳарчанд касби М.Қодиров шифокорӣ буд, вай гоҳ бо доира, гоҳе бо дутор суруд мехонд. Овози форам дошт. Ҳамсари ӯ Матлабхола бошад, бобати шеъру мухаммасхонӣ ва гуфтани нақлу ривоятҳо дар гирду атроф  назир надошт. Беҳуда нест, ки вай ҳамчун санъаткор, устоди сухани дастаҳои фолклорӣ-этнографии «Нозанин», «Моҳу Ситора» ва чун ровии филм-консерти «Афсонаҳои Бухоро» шуҳрат пайдо кардааст. Ин фазилатҳо ба панҷ фарзанди хонадон, аз ҷумла, Машраб Қодиров бештар «сироят» кардааст. Муҳити санъатдӯсти оила ӯро водор намуд, ки баробари таҳсил дар мактаби миёна, ба таълимгоҳи мусиқии бачагонаи ба номи Домуллоҳалим Ибодов рафта, навохтани рубоби қашқариро омӯзад ва дертар сабақомӯзиро дар омӯзишгоҳи мусиқӣ идома диҳад. Аз дарсҳои устоди «Шашмақом»  Арӣ Бобохонов хеле баҳра бардошт. Солҳои 1969-1974 ҳангоми таҳсил дар Консерваторияи давлатии Тошканд, шиносоӣ ва шогирдӣ бо ду арбоби бузурги санъат – Мухтор Ашрафӣ ва Мутаваккил Бурҳонов барои Машраб Қодиров нақши фаромӯшнашаванда гузошт. 
Ба дирижёри асбобҳои созӣ ва оркестри халқӣ Машрабака лозим омад, ки дар мактаби мусиқӣ ва санъати рақами 5-уми шаҳр чун омӯзгор фаъолияти корӣ оғоз намуда, пас аз 33 сол сарварии ин даргоҳи ҳунарро ба зимма гирад. Баҳри тайёр намудани кадрҳои болаёқати соҳаи мусиқӣ ва санъати вилояту ҷумҳурӣ аз қабили Толиб Икромов, Ҷамол Ҷумъаев, Ҳайдар Холов, Мурод Юсуфов, Дилмурод Ҳамроев, Алишер Азимов саҳм гузорад, дар озмуну намоишҳои иқтидори шогирдон байни 306 мактаби санъату мусиқии ҷумҳурӣ пайваста болодастӣ кунад. 
Вай ба туфайли меҳнати пурсамару содиқона сазовори нишонҳои сарисинагии Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, «Фидокори санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон», «Собиқадори меҳнат», «30-солагии истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва ифтихорномаҳои бешумор гардидааст. Узви Иттиҳоди композиторон ва оҳангсозони ҷумҳурӣ Машраб Муҳаммадҷонович солҳои зиёд раиси шуъбаи вилоятии ин иттиҳод, сардирижёри Театри драмаи мусиқӣ ва мазҳакаи вилояти Бухоро ба номи С.Айнӣ буд. 
Ӯ муаллифи бисёр оҳангу сурудҳо барои бачагону наврасон мебошад.
Машрабака бешубҳа, инсони фидоӣ, дилбохтаи забони модарӣ яке аз тарғибкунандагони санъати ноб – дурдонаҳои нотакрори фолклори Бухорост. Вай хуб медонад, ки имрӯз дар мамлакати мо  баҳри эҳё ва пойдории мероси маънавии мардум, аз ҷумла «Шашмақоми Бухоро», корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Фаъолияти Маркази мақом, дастаҳои ҳунарии «Шашмақом», «Бухорча», «Мавригӣ», аз ҷумла, дар Бухоро созмон ёфтани мактаб-интернати ихтисосонидашудаи мақом, дубора ба кор шурӯъ намудани филармония аз ғамхориҳои давлат дар ин бора гувоҳӣ медиҳанд.
Машрабака моҳи июни соли 2018 ба кори хайр даст зада, дар назди шуъбаи вилоятии Бунёди «Нуронӣ» ба дастаи ҳунарӣ-этнографии «Ширу шакар» асос гузошт. Инак, қариб шаш сол аст, ки ин даста дар чорабиниҳои гуногуни хурду калони вилоят, иду тантанаҳои шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, мухлисони савту сурудро бо дурдонаҳои эҷодиёти даҳонии мардуми шарифи Бухоро хушнуд мегардонад, ҷавононро аз санъати воло ва асили ниёгон огоҳ месозад. 
Медонистам, ки Машрабака ҳафтае ду-се бор бо аъзои дастаи «Ширу шакар» машғулот мегузаронад. Ба умеди мулоқот роҳи манзили ӯро пеш гирифтам. Вай дар ҳузури ҷамоа дар бораи иқтидор ва сеҳри оҳанг бо далелҳои раднопазир ҳарф мезад. Яке пиёлаи рӯйи мизро ба даст гирифту ангушт ба он зад, садо чандон форам набаромад. Машрабака пиёларо ба ҷойи худ гузошту изҳор дошт.
– Ин пиёла садо надорад, зеро чинии асил нест. Агар чинӣ чун пиёлаю косаҳои замони амирӣ софу асил мебуд, чун камертон форам садо медод. Дурдонаҳои санъати волои мардуми Бухоро: «Бухорча» ва «Мавригӣ» низ мисли чинии олист. Ҳар яки мо бояд инро хуб донем. Ҳол он ки баъзе санъаткорон сурудҳои мардумии моро, ки ба забони форсии тоҷикӣ офарида шудаанд, бо тарҷума аз асли худ дур карданиянд. Суруд бояд оригинал бошад. Ҳунари зебо, нафис, санъати асил, суруди дилкаш, бидуни тарҷума, ба дилҳо роҳ меёбад. Оши софӣ, ки хоси Бухорост, кӣ кафолат медиҳад, ки онро дар дигар ҳудуд чун бухороиён бекаму кост пухта метавонанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Гунҷишкро кӣ кушад – қассоб кушад». 
Машрабака як лаҳза нафас рост карда, нақли худро идома дод: табибони асрҳои миёна бо доира одами мурдаистодаро аз нав зинда кардаанд, бо най ғазабро паст намуда, ба асабҳо ором бахшидаанд, онҳое, ки ба аспи ҷаҳл савор шуда, бо нияти бад корд ба даст гирифтаанд, бо афсуни оҳанг аз раъяшон гаштаанд. Дарҳақиқат, оҳанги дилкашу зебо нафақат қалбу рӯҳро навозиш мекунад, балки маризию беморӣ ва эҳсосоти бадро аз вуҷуди инсон берун карда, ба вай ғизои маънавӣ ва илҳому иқтидор мебахшад. 
Чанд сол муқаддам дастаи «Шашмақом»-и Бухороро ба Ҳулланд даъват карданд. Толорҳои он ҷо чандон калон не, 100-150 нафарро ғунҷонда метавонанд. Вақте мақомсароён он ҷо мераванд, дар толор байни тамошобинон беморони бо аробача ва занбал овардашударо дида ҳайрон мешаванд. Дар ҷараёни консерт онҳо аз ҷой хеста роҳ гаштаанд. Баъд маълум шудааст, ки мутахассисони ин ҷо аз сарчашмаҳои тиббӣ шифобахш будани оҳангҳои «Шашмақом»-ро пайдо карда, дар амал санҷида будаанд. 
–Дар бораи дастаи этнографӣ-фолклории «Ширу шакар» чанд сухан мегуфтед... 
– Тавре ки гуфтем, аъзои даста (12 нафар) санъаткорони касбӣ нестанд, онҳо ҳаваскорони худфаъоли нафақагир мебошанд. Мо назди худ мақсад гузоштем, ки бо усули қайроқу занг анъанаи санъати мардумӣ – роҳи Туҳфахон Пинхосова, Олияхон Ҳасанова ва Маҳдиака Ибодовро давом диҳем. Ҳоло Манзура Кенҷаева, Машҳура Қодирова (хоҳари Машрабака), Мунаввара Абдуллоева, Сафия Муҳаммадқулова барин устодони савту сурудҳои мардумии моро дар вилоят хуб мешиносанд.
– Рафиқи мо Ҳайдар Ҳамидов низ то охири умр узви ҳамин ҷамоа буд.
– Бале, вай бо шеъру мухаммасхониҳо мақоми ҷудогона дошт. Ҳоло ҷойи вай холист.
– Шумо, ки пайрав ва шогирди ду санъаткори бузурги бухороӣ – Мухтор Ашрафӣ ва Мутаваккил Бурҳонов ҳастед, дар бораи онҳо чӣ гуфта метавонед?
– Мухтор Ашрафӣ (Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ) ва Мутаваккил Бурҳонов (Артисти халқии Ӯзбекистон) ҳарду дар шаҳри Бухоро дар мадрасаи Раҳмонқул, ки он солҳо вазифаи мактаби мусиқиро иҷро мекард, дар як синф таҳсил карда, баъд ба пойтахти ҳамонвақтаи Ӯзбекистон – шаҳри Самарқанд рафтаанд... М. Ашрафӣ, ки ректори Консерваторияи давлатии Тошканд ва сардирижёри Театри опера ва балети ба номи А.Навоӣ буд, ҳангоми таҳсил дар курси чоруми консерватория маро ба театри ба номи А. Навоӣ чун дирижёр ба кор гирифт ва ба банда лозим омад, ки таҳти роҳбарии вай ба операи «Евгений Онегин»-и Чайковский дирижёрӣ намоям. 
Ин бароям чун мактаби ҳаёт аҳамият дошт ва боиси сардирижёрии ман дар давоми панҷ сол дар Театри драмаи мусиқӣ ва мазҳакаи вилояти Бухоро ба номи С.Айнӣ гардид. Шояд медонед, духтари М. Ашрафӣ Муқаддима Ашрафӣ – доктори илмҳои санъатшиносӣ, ҳамсари писари устод С.Айнӣ – Камол Айнӣ мебошад. Мухтор Ашрафӣ духтари арбоби намоёни давлатӣ Сарвар Азимовро келин кардааст. Ду набераи М. Ашрафӣ – Азиз Ашрафии тошкандӣ ва Эраҷ Айнии душанбегиро хуб медонам.
М.Бурҳонов инсони заҳматкаш ва шикастанафс буд. Агар дар Бухоро ба хонаи вай равам, ӯ тӯрхалтаи дастамро дида рӯ турш мекарду онро намегирифт ва илова менамуд: «Инро назди оилаат бар, нафақаи калон бароям мерасад». Боре дар арафаи Наврӯз бо чанд санбӯсаи алафин наздаш рафтам. Дид, ки тӯрхалта надорам, қабул кард. Санбӯсаро аз дастам гирифта газид ва ҳамон лаҳза дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. «Чӣ шуд?» пурсидам аз вай. Ӯ каме хомӯш монд ва гуфт: «Замони бачагӣ аз алафҳои рӯйи ҳавлӣ санбӯсапазиҳои модарам ба ёдам расид». 
М. Бурҳонов модарашро хеле дӯст медошт ва сӯзании аз вай меросмондаро чун гавҳараки чашм ҳифз мекард. Соли 1997 буд. Вақте ки хонаи М.Бурҳоновро дар Бухоро меҷиҳозониданд, масъалаи ба даруни хона даровардани рояли устод мутасаддиёни корро ба ташвиш оварда буд. Гап дар сари он, ки дари хона хурд буду асбоби мусиқӣ бузург. Кор ба ҷое расид, ки ҳатто барои вориди хона кардани роял хостанд дару деворро вайрон кунанд. Он ҷо расидам ва бо роҳи кушода гирифтани пойҳои роял мушкилоти пешомадаро осон кардам.
***
Он рӯзҳо Машрабака бо аҳли ҷамоа ба озмун-азназаргузаронии дастаҳои худфаъоли фолклорӣ-этнографии шаҳру ноҳияҳои вилоят тайёрӣ медид. Чанде пеш ин чорабинӣ дар толори калони Хонаи маданияти ноҳияи Вобканд баргузор гардид. Бино ба хоҳиши Машрабака дар чорабинӣ иштирок кардам. Озмунро ҷамоаи мизбонон ҳусни оғоз бахшид. Ноҳияҳои дигар низ бо барномаи дилкаш ҳунарнамоӣ карданд. Аён буд, ки ҳар як ҷамоа бо тайёрии пухта омадааст. Ниҳоят навбат ба дастаи фолклорӣ-этнографии шаҳри Бухоро расид. Ҳунармандони варзида таҳти роҳбарии устодашон М. Қодиров бо либосҳои анъанавӣ зери садои доира бо нидои дилкаши қайроқу занг ба саҳна баромаданд. Баъди мадҳи Бухоро, навбат ба намоиши маросими анъанавии бухороиён – «Гаҳворабандон» омад. Рақсу сурудҳои ширу шакар, хушгӯйиҳо, қироати шеър, иҷрои сурудҳои пурҷозибаю рӯҳнавози «Биё, эй дилбари ҷон, аз сарат гардам», «Девона кардӣ», «Эй бехабарон», «Эй хонум», «Зангиё, зангӣ», «Ялло-ялло», «Ин ҳама ширинлабон...» аз силсилаи «Бухороча»-ю «Мавригӣ» аҳли толорро ба худ мафтун сохт. Кафкӯбиҳои бардавом ин гуфтаро собит мекард. Мо аҳли ҷамоа ва устоди онҳоро бо комёбии навбатиашон муборакбод намудем.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: