«ТО ФАЗЛУ ҲУНАР ОИНАПАРДОЗ НАШУД...»

Боиси ифтихор аст, ки Самарқанди қандманд – гаҳвораи тамаддуни Шарқ бо фарзандони фарзонаи соҳибмаърифату донишманди худ дар ташаккулу рушди илму фарҳанг нақши боризе дорад.

Ва яке аз онҳо, ки чароғи донишро фурӯзон дошта буд, доктори фанҳои физика-математика, собиқ профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, муаллифи китобҳои дарсии мактабҳои олӣ, шодравон Маъруфҷон Исроилов мебошад, ки дар тарбияи насли наврас хидмати шоиста кардааст. 
Ҳамкасбу шогирдон 27-уми апрели соли равон ба муносибати 90-солагии ин марди шариф дар шаҳри Тошканд анҷумани байналхалқии илмӣ-амалӣ  ташкил хоҳанд кард.
То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд,
З-иқбол даре ба рӯйи кас боз нашуд.
(Абдулқодири БЕДИЛ).
Аввалҳои солҳои сиюми қарни гузашта буд. Маъруфҷони наврас пагоҳирӯзӣ аз овози нарми модар  ки ба ӯ нигоҳи пурмеҳр дошт чашм кушод.
– Ҷони оча, – гуфт ӯ, – ба мактабат дер шуд. Ман атола тайёр кардам. Ҳозир ба хонаи амакат рафта, нон пурс. Ана баъд омада хӯрокатро хӯру зуд ба дарс рав.
Рости гап, солҳои ҷанги хонумонсӯз зиндагии амакаш низ чандон хуб набуд. Ҳар ду оила кӯшиш мекарданд, ки ба якдигар мададгору қуввати дил бошанд. Ана барои ҳамин ба Маъруфҷон як дона нони бутуни зағора доданд. Вай шодикунон ба хона баргашт. Модараш нонро чор тақсим кард. Маъруфҷон ҳиссаи худро бо атола хӯрд. Сипас, аз кунҷи сандалӣ пойафзори дарбеҳу сӯрохдорашро гирифта пӯшид. Ӯро одате буд, ки ҳар бегоҳ калӯши кӯҳнаву фарсудаи обгузарашро шуста даруни сандалӣ мемонд. Пойафзор то пагоҳ хушк мешуд. Ана баъд ба пояш латта печонда, бо ресмон мебасту калӯшро пӯшида ба мактаб мерафт. Модараш бо оҳи дарднок ҳаракатҳои кенҷаписарашро назораткунон насиҳат мекард:
– Нағз хон, бачаҷон, ин рӯзҳо ҳам мегузаранд. Раҳматӣ падарат ҳамеша васият мекарданд, ки ман ба фарзандонам таълим диҳам. Дониш дар дил чароғу илм нурбахши ҳаёт аст. Ту фақат хонданат лозим.
Маъруфҷон тасдиқомез сар ҷунбонда, ҷузвдони латтагинро ба китф мегирифт ва сӯйи дабистон раҳсипор мешуд. Он солҳо мактабҳо низ ҳузнангез, хароб ва аҳволи ночор доштанд. Аксари муаллимҳо ба фронт рафта буданд. Дарсҳоро одамони маъюб, ноболиғон ва ё пиронсолон мегузаштанд. Бо вуҷуди душворӣ, писаракону духтаракон ба мактаб омада, бо як дилбастагӣ дарс мехонданд.
Маъруфҷон аз зумраи он толибилмоне буд, ки истеъдоди фавқулода ва ба дониш меҳри беандоза дошт. Омӯзгорон ӯро таърифу ситоиш намуда, ба дигарон намунаи ибрат нишон медоданд. Ин буд, ки ӯ аз синфи севум якбора ба синфи шашум гузашт. Вай бештар ба фанҳои дақиқ, алалхусус, риёзӣ рағбати зиёд дошт. Дар хона мустақил дарс тайёр мекарду бо саволҳои аҷибу ғайричашмдошташ омӯзгоронро ба ҳайрат мегузошт.
Як рӯз муаллимаш Эгам Таваккалов дар тахта навишту роҳи ҳалли онро бардурӯғ, бо мақсади муайян кардани дониши шогирдон хато нишон дод. Баъд ба бачаҳо фармуд, ки ба дафтар кӯчонанд. Сипас байни партаҳо гаштугузор карда иҷрои вазифаро назорат намуд. Маъруфҷон ба ҳамшафаташ пичиррос зад, ки омӯзгор масъаларо бо иштибоҳ ҳал кардааст. Таваккалов ба дафтари шогирдаш бо диққат нигоҳ карда, хурсанд шуд, ки шогирди донишваре дорад.
– Ҳама навишта шуд? – ногаҳон пурсид муаллим ва илова намуд: – Ман махсус ин масъаларо хато навиштам, аммо ғайр аз Маъруфҷон ягон кас иштибоҳро нафаҳмид.
Минбаъд муаллим ҳангоми ҳалли мисолу масъала суоломез сӯйи шогирди зиракаш менигарист, ки мазмунаш «оё хато накардаам»-ро дошт.
Он рӯзе, ки Маъруфҷон номаи камол гирифт, хурсандии модараш интиҳо надошт. Вай аттестатро ба чашм молида гуфт:
– Ақли ту, бачаҷон зӯр. Ман инро борҳо аз омӯзгоронат шунидам. Акнун таҳсилро давом доданат зарур. Ақл барои он дода шудааст, ки ба мақсад расӣ. Ана, агар ҳӯ он каландро кор нафармоӣ, занг мезанад, дониш ҳам ҳамин тавр, истифода накунӣ, хушк мешавад.
Маъруфҷон бо маслиҳати устодону дуои модар роҳи Донишгоҳи давлатии Самарқандро пеш гирифт. Ба факултаи физика-математика ҳуҷҷат супурд. Аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашта, сазовори гирифтани номи донишҷӯ шуд. Университет аз мактаби миёна хеле фарқ дошт. Аз ҳама муҳимаш, ба бештари фанҳои вобастаи риёзиёт донишмандони машҳур дарс мегуфтанд, ки солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Русия омада буданд. 
– Донишмандони Осиёи Миёна барои ривоҷу равнақи математика ҳиссаи муносиби худро гузоштаанд, – мегуфт устодаш, дотсент Муҳаммадҷон Собиров, – Абуабдулло Муҳаммад ибн Мусо Хоразмӣ, ки соли 780 дар Хива чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, аз бачагӣ ба ҳисобу китоб шавқи зиёде дошт. Меҳру муҳаббат ба фанҳои дақиқ ӯро ба маркази илмиву мадании он замон – аввалин академияи улуми Шарқ – «Байт-ул ҳикмат», ки дар Бағдод буд, овард. Дар ин ҷо бо роҳбарии вай арабҳо ва дигар халқҳои ҷаҳон бо олимони Осиёи Миёна Аҳмад Фарғонӣ, Аҳмад ибн Марвазӣ ва дигарон корҳои тадқиқотӣ бурдаанд. 
Ман боварии комил дорам, ки дар байни шумоён ворисони муносиби Қозизодаи Румию Мирзо Улуғбек, Алӣ Қушчию ал-Хоразмӣ ҳастанд. Бигузор, рӯҳи поки онҳо ҳамеша дастгирӣ кунаду комёб бошед. Аз кашфиёту асарҳои шумоён дигарон низ баҳраманд гарданд. Лекин набояд фаромӯш кард, ки «дониш хоҳӣ – пурсон бош». Имом Ғаззолиро пурсиданд: «Чӣ гуна расидӣ бад-ин мақом дар улум?». Гуфт: «Бад-он, ки ҳар чӣ надонистам, аз пурсидани он нанг надоштам».
Баъди ин суҳбат Маъруфҷон Исроилов рӯҳи тоза гирифт ва ба мақоли «дасти ману домани ту» амал карда, аз маслиҳатҳои устодон ҳамеша баҳраманд мегардид. 
Маъруфҷон баъди нимсолаи якум номи аълохонро гирифт, ки дар натиҷа имтиёзи аз дигар толибилмон бисту панҷ фоиз зиёд гирифтани идрорпулиро медод. Ин барои оилаи онҳо ёрии калони моддӣ ба ҳисоб мерафт.
Вай ҳар чӣ қадар ба қаъри уқёнуси риёзиёт ғӯта занад, ҳамон қадар ҳаловат мегирифт.
Маъруфҷон бо дуои модар рӯ ба Тошканд овард. Директори Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии математика академик Саъдӣ Сироҷиддинов ӯро хуш пазируфт. Зеро вай ҳамчун раиси комиссия дар имтиҳонҳои давлатии Донишгоҳи Самарқанд иштирок карда, аз ҷавобҳои хатмкунанда Маъруф Исроилов қаноатманд гардида буд.
– Ҷойи шумо дар марказ, – ӯро рӯҳбаланд карда буд олим, – биёед, мо кӯмак мекунем.
Ва ин самимият ба Исроилов қувват бахшиду азми сафар кард. Хушбахтона Сироҷиддинов одами рамузфаҳму дурандеш будааст. Вай барои ҷавони самарқандӣ роҳбари хуб ёфта дод. Доктори фанҳои физика-математика, профессор Николай Романов на танҳо олими зукко, инчунин забондону назмдӯст буд ва аз ашъори классикони форс-тоҷик садҳо байт азёд медонист. 
Маъруфҷон дар давоми се сол аз назарияи ададҳо рисолаи номзадиро навишт.
Николай Павлович рисоларо хонда, таҳлил кардан он сӯ истад, ҳатто ба дасташ нагирифт.
– Шумо шогирд, – сигор дуд карда маслиҳат дод Романов, – аз номи ман тавсифнома нависед. Ман ба шумо боварӣ дорам.
Олими самарқандӣ ҳайрон буд, ки чӣ гуна худашро таърифу ситоиш намояд. «Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд» гуфтаанд. Вай супориши роҳбари илмиро иҷро кард. 
Вай дар Тошканд ғарқи кори илмӣ буд, ки бародараш Раҳматҷон занг зад.
– Додарҷони азиз, – гуфт вай, – кай хонадор мешавӣ?
Аз ин пурсиши ногаҳонӣ Маъруфҷон андаке саросема шуд. Дар аввал чӣ ҷавоб доданро надонист. Зеро тамоман ба хондан дода шуда буд. Ниҳоят бародару додар ба он қарор омаданд, ки баъди ба Самарқанд омаданаш ин масъала ҳалли худро меёбад. Он рӯз, ки вай ба хона омад, хешу наздикон ӯро ба миёна гирифта, якбора ба мақсад гузаштанд.
– Ман ба ту духтари зӯр ёфтам, – гуфт модараш, – фақат розигии ту лозим.
– Ба шумо маъқул шуда бошад… – Маъруфҷон шармгинона лаб ба сухан кушод, – тӯйро сар кардан мумкин.
***
Доктори фанҳои физика-математика, профессор Маъруфҷон Исроилов қариб чил сол дар Тошканд ба корҳои илмию муаллимӣ машғул шуд. Беш аз дусад мақолаи илмӣ ва даҳҳо китоби дарсӣ навишт. Ба 12 нафар номзади фан ва ба 5 нафар доктори фан роҳбари илмӣ шуд.
– Ӯ дар Тоҷикистон низ эҳтироми баланд дорад, – гуфт доктори фанҳо аз Душанбешаҳр Муҳаббат Каримова, – асарҳои илмии устод ҳамеша боиси баҳсу мунозираи шавқангез аст.
Солҳои охир риёзидони забардаст, ки бо тахаллуси «падари математика» маълуму машҳур гардида буд, дар як гӯшаи таърихии Самарқанд, маҳаллаи Сафедӣ маскан гирифта, дар Донишгоҳи давлатии ба номи Шароф Рашидов ба шогирдон сабақ дод. Бо ҳамсари вафодораш Ёқут Раззоқова, фарзандонаш – Солеҳҷон, Фаррухҷон, гулдухтараш Дилфузаро ба замона хос таълиму тарбия додаанд, ки ҳоло онҳо дар соҳаҳои гуногун адои вазифа мекунанд. Қариб 20 нафар набераю абера ворисони муносиби Исроиловҳо ҳастанд.
Сад дареғ, ки ин марди накӯном дар арафаи 80-солагӣ ҷон ба ҷонофарин супурда, дар қабристони Хоҷа Аҳрори Валӣ хонаи охират гирифт. Аҳли оилааш болои марқади ӯ аз санг нусхаи китоби бозро гузоштаанд, ки дар он маънои «дониш дар кутуб, доност дар гӯр» маҳфуз аст. 
Устоди арҷманди мо аз оғози фаъолияти илмӣ то охири умр пайваста саъю талоши намудааст, ки мардум аз «калиди фанҳо» – математика ҳарчӣ бештар баҳраманд гарданд. Охир ягон соҳа нест, ки бо математика алоқадор набошад. Бинобар ҳамин, месазад, ки яке аз кӯчаҳои зодгоҳаш номи ӯро гирад. 

Аҳмадҷон СОЛЕЕВ, 
доктори фанҳои физика-математика, ноиб-ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: