Пешомадҳои ҳамкорӣ дар доираи Фонди байналхалқии наҷоти Арал мушаххас гардиданд

  • Пешомадҳои ҳамкорӣ дар доираи Фонди байналхалқии наҷоти Арал мушаххас гардиданд
  • Пешомадҳои ҳамкорӣ дар доираи Фонди байналхалқии наҷоти Арал мушаххас гардиданд
  • Пешомадҳои ҳамкорӣ дар доираи Фонди байналхалқии наҷоти Арал мушаххас гардиданд
  • Пешомадҳои ҳамкорӣ дар доираи Фонди байналхалқии наҷоти Арал мушаххас гардиданд
  • Пешомадҳои ҳамкорӣ дар доираи Фонди байналхалқии наҷоти Арал мушаххас гардиданд
  • Пешомадҳои ҳамкорӣ дар доираи Фонди байналхалқии наҷоти Арал мушаххас гардиданд
  • Пешомадҳои ҳамкорӣ дар доираи Фонди байналхалқии наҷоти Арал мушаххас гардиданд
  • Пешомадҳои ҳамкорӣ дар доираи Фонди байналхалқии наҷоти Арал мушаххас гардиданд
  • Пешомадҳои ҳамкорӣ дар доираи Фонди байналхалқии наҷоти Арал мушаххас гардиданд
  • Пешомадҳои ҳамкорӣ дар доираи Фонди байналхалқии наҷоти Арал мушаххас гардиданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 14-15 сентябр бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе рафт

Дар рӯзи аввали барномаи сафар дар Душанбе роҳбари давлати мо бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва дар чорабиниҳои Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд.

Президент Шавкат Мирзиёев 15 сентябр дар ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналхалқии наҷоти Арал  суханронӣ кард.

Дар кори ҷамъомад, ки таҳти сарварии ҷониби Тоҷикистон гузашт, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷӯмарт Тӯқаев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, ҳамчунин муовини аввали Раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Одилбек Қосималиев ва намояндаи махсуси Котиби генералии СММ – роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе ширкат ҷустанд.

Мувофиқи рӯзномаи маҷлис натиҷаи сарварии Тоҷикистон дар Бунёди байналхалқии наҷоти Арал тӯли солҳои 2020-2023 баррасӣ гардид, бинобар масъалаҳои рӯзмарраи беҳтар намудани вазъи экологӣ, хоҷагии об ва шароити иҷтимоиву иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал табодули афкор ба амал омад, ҳамчунин пешомади вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои тарафайн дар доираи Бунёд муҳокима гардиданд.

Президенти Ӯзбекистон дар баромади худ баргузории бомуваффақияти Конфронси байналхалқии об таҳти ҳамраисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ситодхонаи Созмони Милали Муттаҳидро махсус таъкид намуд. Бинобар натиҷаи ин чорабинии таърихӣ ҷалби эътибори тамоми ҷомеаи байналхалқӣ ба масъала ва мушкилоти ҳаётан муҳими соҳаи об имконпазир гардид.

Роҳбари давлати мо нақш ва аҳамияти ин сохторро тӯли 30 сол, аз замони бунёди он, дар ҳаллу фасли масъалаҳои аксуламал ба таҳдидҳои экологӣ, коркарди муносибатҳои ҳамҷиҳатона бобати татбиқ сохтани барнома ва лоиҳаҳои муштарак дар ҳавзаи баҳри Арал таҳлил кард.

– Бунёди байналхалқии наҷоти Арал ин, пеш аз ҳама, таҷрибаи нодири ҳамкории бисёрҷанбаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаллу фасли яке аз мушкилоти ҷиддитарини миқёси ҷаҳонӣ ба шумор меравад, – зикр кард роҳбари давлати мо.

Дар ҷараёни зуҳур ёфтани таҳдид ва хурӯҷҳои нав дар оқибати тағйироти ҷаҳонии иқлим таъкид гардид, ки зарурияти ин гуна ҳамкории минтақавӣ беш аз пеш меафзояд. Мушкилоти норасоии об дар Осиёи Марказӣ ҷиҳати мураккаб ва ҷиддӣ пайдо кардааст ва минбаъд мушкилтар мегардад.

Сарвари Ӯзбекистон муҳимияти вазифаҳои таъминоти ҳуқуқӣ ва самаранокии идоравии шарикии бисёрҷанбаро қайд намуда, як қатор таклифҳои амалиро бобати ҳамкории минбаъдаи тарафайн дар соҳаи обу экологӣ мушаххас кард.

Дар доираи кор беш аз пеш такмил додани асосҳои ҳуқуқӣ ва механизмҳои бозсозии идоравии Бунёд инвентаризатсиякунонӣ ва баррасии ҳуҷҷату муоҳидаҳои асосӣ пешниҳод гардид. Таклиф шуд, ки сохтори дарамал таҳлил ва бобати баланд бардоштани ҳамоҳангӣ дар натиҷабахшии кори созмонҳои Бунёд пешниҳод омода карда шавад, «Қоида ва тартибот», ки масъалаҳои ҳамкорӣ ва фаъолияти Бунёдро дақиқ муайян менамояд, коркард гардад.

– Муҳим аст, ки ҷараёни пешрафт ва ислоҳсозии Бунёд дар пояи раванди байнисекторӣ – муносибати маҷмӯии «об – энергетика – хӯрокворӣ», бо дарназардошти хурӯҷҳои замонавии экологӣ баргузор гардад, – таъкид сохт роҳбари давлати мо.

Президенти Ӯзбекистон аз ҷараёни иҷрои Барномаи чаҳоруми амалиёт бобати кумакрасонӣ ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал, ки асосан бинобар хатти нақшаҳои миллӣ татбиқ мешаванд, изҳори ташвиш намуда, таклиф кард, ки ба Раёсати Бунёд аз ҷиҳати танқидӣ таҷдиди назар кардани он супурда шавад ва «харитаи амалиёт»-и татбиқсозии ҳар кадом лоиҳаи минтақавӣ бо муайян кардани ҳаҷм ва манбаъҳои маблағгузорӣ, ҳамчунин мувофиқсозии ҷадвали иҷрои онҳо таҳия гардад.

Ҳамчунин зарурияти пур-зӯр кардани ҳамкории мунтазами тарафайн оид ба масъалаҳои ҷалби сармояҳо, технология ва ҳамкории техникӣ баҳри пешбурди лои-ҳаҳои бартариноки минтақавӣ қайд шуд.

Вобаста ба ин пешниҳод гардид, ки ҳар як мамлакат бобати ҷалби кумаки хориҷӣ дар лоиҳаҳои минтақавӣ ба зиммаи худ ӯҳдадорӣ гирад, нишондиҳандаҳои мушаххаси мақсаднокро муайян кунад ва ҳангоми ҳамоҳангсозӣ ҷонибҳои раисикунанда механизмҳои ҷалб ва тақсим кардани сармояҳову кумакҳои техникиро кор карда бароянд.

Ғайр аз ин таклиф шуд, ки ба мақсади тезондани татбиқсозии лоиҳаҳои муштарак бо ҷалби шарикони хориҷӣ, идораҳои пешқадами байналхалқӣ ва ташкилотҳои васоятгар конфронси махсуси минтақавӣ гузаронида шавад.

Роҳбари Ӯзбекистон таъкид сохт, ки ба мақсади кумакрасонӣ ба сиёсати ҳамоҳангсозӣ бинобар идораи якҷояи захираҳои обу энергетика дар минтақа бо иштироки мушовирони байналхалқӣ коркарди Дурнамои рушди ҳавзаҳои дарёҳои Ому ва Сир мувофиқи мақсад мебошад.

– Бояд дар сатҳи минтақавӣ барои ба роҳ мондани кор бо ҷавонон дар масъалаҳои ташаккул додани маданияти муносибати эҳтиёткорона ба об ва дигар захираҳои табиӣ, дастгирӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон ва стартапҳо аз тариқи қабул кардани барномаҳои махсус эътибори махсус дода шавад. Мо ба ҳамкории қарини Маркази минтақавӣ бинобар дипломатияи превентивӣ оид ба баррасии ин масъалаҳо умед мебандем, – қайд намуд роҳбари давлати мо.

Президенти кишвари мо ба масъалаҳои ҳамкорӣ бинобар пешгирии минбаъд муфлисшавии низоми экологӣ, пеш аз ҳама, дар минтақаи баҳри Арал таваққуф намуда, қайд кард, ки ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон барои беҳтар намудани вазъи экологӣ ва иҷтимоии Наздиарал корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.

– Тӯли чандин соли охир дар қаъри хушкшудаи баҳри  Арал дар майдони 1,7 миллион гектар ниҳолҳо нишонда шуданд. Дар ду соли наздиктарин созмон додани хатти сабзи ҳимоявии боз 400 ҳазор гектар пешбинӣ шудааст. Барои нармтар кардани оқибатҳои фоҷиаи Арал, ҳамчунин нигоҳ доштани гуногунрангии Наздиарал дар масоҳати зиёда аз 3,5 миллион гектар боғҳои табиӣ, мамнӯъгоҳҳо ва мавзеъҳои давлатӣ бунёд карда мешаванд, – иттилоъ дод Шавкат Мирзиёев.

Ғайр аз ин барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи об чораҳои васеъмиқёс пешниҳод гардиданд. Тӯли ҳафт соли охир дар майдони беш аз 1 миллион гектар технологияҳои сарфакунандаи об устувор карда шуданд, ки тақрибан чоряки тамоми заминҳои обёришавандаи мамлакатро ташкил медиҳад.

Ба шарикон пешниҳод гардид, ки ҳамкориро дар соҳаи сарфаи об пурзӯртар кунанд, онро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи фаъолияти Бунёд донанд. Ба мақсади дар маҷмӯъ муҳокима намудани тамоми ин масъалаҳо Идораи минтақавии мулоқоти мунтазами вазирони захираҳои об, энергетика, экология ва иқтисод таъсис дода шавад.

Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин фикру ақидаҳои худро вобаста ба сохтмони канали «Қӯштепа» иброз дошт. Қайд гардид, ки дар минтақа иштирокдори нави ҷараёни истифодаи об пайдо шуд, ба ин муносибат пешниҳод гардид, ки гурӯҳи муштараки корӣ бобати омӯхтани тамоми ҷиҳатҳои сохтмони канал ва таъсири он ба ҷадвали оби дарёи Омӯ бо ҷалби идораҳои тадқиқотии кишварҳои мо созмон дода шавад, ҳамчунин масъалаи ҷалби намояндагони Афғонистон ба мулоқоти минтақавӣ бобати истифодаи муштараки захираҳои об баррасӣ гардад.

Дар анҷоми суханронии худ роҳбари давлати мо изҳори бовар намуд, ки татбиқсозии ташаббусҳои пешгузошташуда ва ҳуҷҷатҳое, ки дар ҷамъомад қабул мешаванд, самаранокии ҳамкориҳои муфиди тарафайнро дар доираи Бунёд ба манфиати халқҳои мо ва шукуфоии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ баланд мебардорад ва вусъат медиҳад.

Дар ҷамъомад сарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва узви Ҳукумати Қирғизистон низ баромад карданд, номаи Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид хонда дода шуд.

Бинобар натиҷаи чорабинӣ сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналхалқии наҷоти Арал ба ҳуҷҷатҳои зерин имзо гузоштанд:

– Изҳороти душанбегии сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналхалқии наҷоти Арал;

– Қарори Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналхалқии наҷоти Арал дар бораи натиҷаҳои сарварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Бунёди байналхалқии наҷоти Арал;

– Қарори Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналхалқии наҷоти Арал дар бораи ба вазифаи Президенти Бунёди байналхалқии наҷоти Арал барои солҳои 2024-2026 интихоб кардани Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷӯмарт Тӯқаев;

– Қарори Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналхалқии наҷоти Арал дар бораи фаъолияти он бинобар такмил додани сохтори ташкилӣ ва пойгоҳи шартномавиву ҳуқуқии Бунёди байналхалқии наҷоти Арал.

Раисӣ дар Бунёди байналхалқии наҷоти Арал барои солҳои 2024-2026 ба зиммаи Ҷумҳурии Қазоқистон гузошта шуд.

Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: