ПАҲЛАВОНОН ДАР ХЕВА ҚУВВА ОЗМУДАНД

Дар шаҳри Хева, яке аз қадимтарин шаҳрҳои Ӯзбекистон, мусобиқаи II байналмилалии “Паҳлавон Маҳмуд – бозии баҳодурон” ба анҷом расид.

Чорабинӣ, ки ду рӯз давом кард, дар ҳамкорӣ бо Вазорати сайёҳӣ ва мероси мадании Ӯзбекистон, Федератсияи умумиҷаҳонии зӯртаринҳо, инчунин ҳокимияти вилояти Хоразм ташкил карда шуд. 
Бесабаб нест, ки Хеваро макони гузарондани чунин мусобиқа интихоб кардаанд. Ин шаҳри бостонӣ зодгоҳи Паҳлавон Маҳмуд, ки дар асри XIII дар Хоразм ба дунё омада, ҳамчун файласуф, шоир ва паҳлавон шуҳрат пайдо кардааст, мебошад. Дар ривоят омадааст, ки Паҳлавон Маҳмуд дар тӯли умри худ танҳо дар як ҷанг шикаст хӯрдааст.
– Имрӯз дар Хоразми куҳан ва ҳамешаҷавон қаҳрамонони тамоми ҷаҳон ҷамъ омаданд, – гуфт ҳокими шаҳри Хева Тимур Давлетов. – Нахустин “Бозиҳои қаҳрамонон”, ки соли 2019 дар Ичанқалъаи Хева баргузор шуд, ба рушди робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи туризми варзишӣ, тарғиби иқтидори сайёҳӣ хидмат кард.
Дар чорабинӣ варзишгарони пурқувват аз 14 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.
Аз худи шартҳои аввалини мусобиқа душвории он ҳис карда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳамаи паҳлавонони диловар ба ӯҳдаи вазифаи душвор ба ҷидду ҷаҳд саъй намуданд.
Ризо Ғейтасӣ, варзишгари эронӣ гуфт: — Ман Паҳлавон Маҳмудро устоди худ мешиносам. Тамоми ҷаҳон ӯро ҳамчун қаҳрамоне медонад, ки ҳеҷ гоҳ тахтапушташ ба замин нарасидааст. Ман дар мусобиқаи қаблӣ низ ширкат карда, ҷойи дуюмро гирифтам. Ин дафъа ман бешубҳа омодаам, ки ғолиби мутлақ шавам.
— Ин сафари дуюми ман ба Ӯзбекистон аст, — гуфт варзишгари Полша Рафал Кобиларз. — Дар анҷумани варзишии Тошканд иштирок доштам. Аммо ман ба Хева наомада будам. Шаҳри кӯҳна аҷиб аст. Дар ин ҷо қаҳрамонони беҳамтои ҷаҳон ҷамъ омаданд. Ман ҳам шодам, ки бо онҳо ҳастам.
Паҳлавонон шартҳои душворро иҷро карданд. «Кашидани лангари Мӯйноқ ба масофаи муайян» низ яке аз шартҳои мусобиқа буд. Лангар, ки аз Мӯйноқ оварда шудааст, қариб як тонна вазн дошт. Ҳамон гуна ки ҳеҷ кишвару миллат мушкили баҳри Аралро ҳал карда наметавонад, ҳеҷ варзишгар лангарро ҷунбонда натавонист. Вале паҳлавонони ҷаҳон ба шиори «Қувва дар ваҳдат»  амал карда, лангарро бардошта, масофаро дар ҳамҷиҳатӣ тай карданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон эълон карда шуданд. Аз рӯйи натиҷаҳо варзишгари Федератсияи ҷаҳонии зӯртаринҳо Пётр Мартиненко ҷойи сеюм ва Ронго Кин аз Зеландияи Нав ҷойи дуюмро гирифтанд. Ба ҷойи аввал ба паҳлавони эронӣ Ризо Ғайтасӣ мушарраф гардид.
Ғолибон бо мукофотҳои пулӣ, медал ва ҳайкалча сарфароз гардонида шуданд. Оҳангу сурудҳо иҷро карда шуданд.
Дар чорабинӣ вазири сайёҳӣ ва мероси мадании  Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов, Президенти Федератсияи умумиҷаҳонии стронгменҳо Равшанхон Ҷӯраев иштирок карданд.  

Аҳмадҷон ШОКИРОВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: