ДАР БОРАИ ЧОРАБИНИҲО ОИДИ МУСТАҲКАМ КАРДАНИ НИЗОМИ МИНБАЪДАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИЕ, КИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСНУИЯТИ ИНСОНРО БА ВУҶУД МЕОРАД

Бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳои дар доираи мулоқоти кушоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо намояндагони соҳаи тандурустӣ муайяншуда, ки дар мавзӯи «Ислоҳот дар соҳаи тиб – ба хотири шаъну шарафи инсон» баргузор гардид, инчунин минбаъд баланд бардоштани сифати пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти вируси норасоии маснуияти одам, васеъ намудани фарогирии аҳолӣ бо муоинаи сирояти вируси норасоии маснуияти одам, расонидани кумаки баланди тиббию равонӣ ва иҷтимоӣ ба беморон, пурра бо дорувории зар

1. Барномаи тадбирҳои комплексӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии мубориза алайҳи паҳншавии сирояти вируси норасоии маснуияти одам дар байни аҳолӣ барои солҳои 2023-2027 (минбаъд – Барнома) мутобиқи замима тасдиқ карда шавад. 
Ба эътибор гирифта шавад, ки Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид стратегияи “95-95-95”-ро барои хотима додан ба эпидемияи сирояти вируси норасоии маснуияти одам то соли 2030 пешниҳод кардааст, ки дар чаҳорчӯби он 95 дарсади шахсони мубталои вируси норасоии маснуияти одам бояд аз вазъи худ огоҳ бошанд ва таҳти муолиҷаи махсус фаро гирифта шаванд, дар хуни 95 фоизи беморон сатҳи сарбории вирусӣ бояд то ба таври номуайян кам карда шавад.
Барои амалӣ намудани тадбирҳо тибқи стратегияи мазкур Вазорати тандурустӣ якҷоя бо Вазорати иқтисод ва молия ҷудо намудани маблағро дар ҳаҷми 120 миллиард сӯм ва 54 миллион доллари ИМА дар солҳои 2023-2027 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, Фонди глобалии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа, маблағҳои қарзии Бонки осиёии рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ ҷиҳати хариди системаҳои тестӣ ва доруҳои зиддиретровирусӣ, рушди заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани донишу малакаи мутахассисони марказҳои мубориза бо СПИД ва лабораторияҳои ташхисии байниноҳиявии онҳо, гузаронидани корҳои густурдаи тарғиботӣ ва дигар чорабиниҳои ташкилӣ бо мақсади барвақт ошкор намудан, ташхис гузоштан ва баланд бардоштани сифати табобати ВНМО дар байни аҳолӣ таъмин намоянд.
2. Ба Вазорати тандурустӣ (Иноятов А.) супурда шавад, ки: 
а) дар соли 2027 инҳоро таъмин намояд: 
ба 95 фоиз расондани нишондиҳандаи шахсони гирифтори ВНМО, ки аз ҳолати худ бохабаранд ва бо курсҳои махсуси табобат фаро гирифта шудаанд, дараҷаи сарбории вирусии хуни онҳо то ба таври ошкорнашаванда паст шудааст; 
рафъи интиқоли ВНМО аз модар ба кӯдак;
б) якҷоя бо Вазорати адлия ҳамкории электронии мақомоти ҚАҲШ ва муассисаҳои дахлдори тиббиро ба воситаи платформаи байниидоравии ҳамгароии низоми “Ҳукумати электронӣ” дар шаҳри Тошканд ва вилояти Сирдарё – ба муҳлати то 1 июни соли 2023, дар минтақаҳои дигар – ба муҳлати то охири соли 2023 ба мақсади роҳандозии амалӣ намудани раванди гузарондани муоинаи ҳатмии тиббӣ ба сирояти вируси норасоии маснуияти одам шахсоне, ки тавассути низоми электронӣ ақди никоҳ мекунанд, ташкил кунад;
в) то охири соли 2023 системаи электронии иттилоотиро таъсис диҳад, ки имкони таъмини мониторинги ҳолатҳои ошкоршудаи сирояти вируси норасоии маснуияти одам, назорати ҳаракати доруворӣ ва ташхисро дар вақти воқеӣ,  инчунин ҷорӣ кардани  мубодилаи мутақобилаи маълумот бо Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия ва Бунёди нафақаи назди Вазорати иқтисодиёт ва молия бо роҳи ҳамгароӣ ба ин низом бо пойгоҳи электронии онҳо фароҳам орад.
г) дар муҳлати ду моҳ якҷоя бо Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати шуғл ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, Вазорати сиёсати ҷавонон ва варзиш, Кумитаи оид ба корҳои дин, вазорату идораҳои манфиатдор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ Барномаи чорабиниҳои байниидоравӣ оид ба дастгирии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, маънавӣ, тиббию равонии шахсони гирифтори ВНМО, махсусан дар байни ҷавонон, гузаронидани корҳои густурдаи фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ оид ба паҳншавии сирояти ВНМО, таҳкими арзишҳои оилавӣ ва маънавию ахлоқӣ дар ҷомеа тасдиқ намояд.
3. Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Вазорати тандурустӣ татбиқи «харитаҳои роҳ» оид ба пурзӯр гардондани низоми мубориза бо ВНМО  дар соли 2023, дар солҳои 2024-2026 таҳия намудани «харитаҳои роҳ» дар давраи дахлдор дар қисмати минтақаҳо таъмин намоянд. 
4. Девони Вазирон дар ҳар шаш моҳ вазъияти иҷрои тадбирҳои дар Барнома муайяншударо аз нуқтаи назари танқидӣ муҳокима намояд, нисбат ба роҳбарони вазорату идораҳои масъул барои чорабиниҳое, ки дар муҳлати муқарраршуда ва пурра ба ҷо оварда нашудаанд, чораҳои дахлдор бинад.
5. Вазорати иқтисод ва молия ҳамасола ҳангоми ташаккули параметрҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маблағҳои заруриро барои татбиқи Барнома пешбинӣ намояд. 
6. Вазорати тандурустӣ якҷоя бо Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ, Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон инъикоси мунтазам ва васеъро дар байни аҳолӣ оид ба аҳамияти мубориза бо сирояти ВНМО ба воситаи  мақолаҳо, барномаҳои телевизионӣ ва радиошунавонӣ оид ба масъалаҳои муҳими сирояти ВНМО, ки дар Барнома муайян шудааст, таъмин намояд.
7. Вазорати нигаҳдории тандурустӣ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйироту иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклифҳо пешниҳод намояд.
8. Масъулияти шахсӣ барои ташкили самарабахши иҷрои қарори мазкур ба зиммаи вазири тандурустӣ А.Ш.Иноятов, Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд гузошта шавад.  
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Л. Н. Тӯйчиев гузошта шавад. 
 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон   Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
20 январи соли 2023.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: