ДАР ТОШКАНД ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА СҶО БАРГУЗОР МЕШАВАД

Солҳои охир дар кишвари мо намудҳои санъати ҷанги омехта дар байни ҷавонон беш аз пеш маъмул мегардад.

 Ассотсиатсияи санъати ҷанги омехтаи Ӯзбекистон ҷиҳати оммавӣ гардондани ин намуди варзиш дар байни аҳолӣ ва ташкили мусобиқаҳои бонуфуз як қатор корҳои пурсамар анҷом медиҳад. 
Аз ҷумла, ассотсиатсия дар минтақаҳои гуногуни кишварамон мусобиқаҳои зиёди маҳаллӣ ва байналлмилалӣ оид ба санъати ҷанги омехта ташкил намуд. Натиҷаи ҳамин аст, ки бисёр ҷавонони боистеъдод хоста гирифта, дар мусобиқаҳои ҷаҳон шарафи мамлакатамонро сазовор ҳимоя менамоянд. 
Тавре ки хабар доред, айни ҳол Федератсияи байналмилалии санъати ҷанги омехта ташкилоти идоракунии дунёи санъати ҷанги омехтаи ҳаваскор буда, 123 кишварро дар бар мегирад. Хурсандиовар аст, ки ассотсисатсияи санъати ҷанги омехтаи Ӯзбекистон дар сафи ин кишварҳо мебошад. Имрӯз ин ду созмони мазкур ҳамкории зич доранд. Дар натиҷаи ин соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон бори аввал баргузор намудани чемпионати ҷаҳон байни ҳаваскорони санъати ҷанги омехта ба нақша гирифта шудааст. 
Ба мақсади дар Тошканд ташкил намудани чемпионати ҷаҳон ва дар савияи баланд баргузор намудани он чанд рӯз қабл президенти Федератсияи байналмилалии санъати ҷанги омехта Керрит Барун, директори сариҷрочӣ Денсин Уайт ва директори қитъаи Осиёи созмон Виссам Аби Надер ба кишварамон ташриф оварданд.
Зимни сафар роҳбарияти созмони байналмилалӣ бо иншоот ва инфрасохтори  замонавии варзишии кишвари мо шинос шуда, инчунин оид ба масъалаҳои ташкилии чемпионати ҷаҳони ба нақша гирифташуда бо вазири варзиши Ӯзбекистон А. Икромов мулоқот анҷом дод. 
Дар доираи сафар ба кормандони ВАО нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд. 
Дар анҷуман муовини вазири варзиши Ӯзбекистон Шаҳрулло Маҳмудов, муовини якуми раиси ассотсиатсияи санъати ҷанги омехтаи Ӯзбекистон Шерзод Тошматов, инчунин меҳмонони олимартабаи дар боло зикршуда иштирок карданд. 
Бо назардошти он ки тамоми мусобиқаҳо дар кишвари мо дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, як қатор мусобиқаҳои баргузоршуда аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифта, барои варзишгарон дар рафти мусобиқа тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, роҳбарияти ассотсиатсияи санъати ҷанги омехта расман эълон кард, ки аввалин муҳорибаҳои санъати ҷанги омехта моҳи октябри соли равон дар Ӯзбекистон байни ҳаваскорони санъати ҷанги омехта баргузор мешавад. 
Дар нишасти матбуотӣ роҳбарони созмони байналмилалӣ ба суолҳои кормандони расонаҳо ва варзишгарон посухҳои дақиқу муфассал доданд. 
Барои маълумот: чемпионати ҷаҳон оид ба санъати ҷанги омехта дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бори аввал баргузор мегардад ва Ӯзбекистон дар ин бобат аввалин шуд. 

Ҷаҳонгир ТОШХӮҶАЕВ,
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: