ҶАШНВОРАИ «МАРҲАБО, БА ВАРДОНЗЕ!»

Тавре ки маълум аст, 27 сентябр Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ буд. 26 сентябр бошад, ба ташкилёбии ноҳияи Шофиркон 97 сол пур шуд.

Ба ин муносибат 28 сентябри соли равон дар сарзамини бостонӣ – ёдгории таърихии Вардонзе таҳти унвони «Марҳабо, ба Вардонзе!» ҷашнвора баргузор гардид. 
Шаҳраки қадимии Вардонзе дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номҳои «Вардона», «Вардана», «Варданзе», «Варзанзе» машҳур аст. Олимони асри Х Абӯрайҳон Берунӣ ва Муҳаммад Наршахӣ дар асарҳои худ «Осор-ул-боқия» ва «Таърихи Бухоро» аз Бухоро куҳантару қадимитар будани Вардонзеро таъкид кардаанд. Агар Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» қалъаи Вардонзеро намояндаи сулолаи Сосониён, шаҳзодаи эронӣ Шоҳпурмалик бунёд кардааст гӯяд, Абӯрайҳон Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» дар дохили қалъаи Вардонзе хешу табори Шоҳпурмалик истиқомат мекарданд, гуфтааст. Шоҳпурмалик  рӯду ҷӯйҳои зиёд канда, мавзеъро обод мекунад. Тадриҷан аҳолӣ зиёд шуда, мардум ба гирду атроф мекӯчанд ва аз ин ҳисоб пасу пеш деҳаҳо арзи вуҷуд кардаанд. 
Номи имрӯзаи ноҳияи Шофиркон дар манбаъҳои таърихӣ дар шаклҳои «Шоҳпурком» (ҷое, ки писари шоҳ комёб гаштааст) ва «Шоҳпурканд» (рӯде, ки писари шоҳ кандааст) ифода ёфта, бевосита бо Шоҳпурмалик алоқамандӣ дорад.
Бояд гуфт, ки солҳои охир ёдгории таърихии Вардонзе бо ташаббуси сарвари давлат дар қатори дигар иншооти таърихии вилоят шомили Рӯйхати мероси мадании умумиҷаҳонии ЮНЕСКО гардид. Бо ташаббуси ҳокими ноҳия Алишер Файзуллоев дар ҷашнворае, ки дар харобаҳои таърихии Вардонзе бори аввал баргузор шуд, аз гӯшаву канори ноҳия ва вилоят мардуми зиёд ҷамъ омаданд. Дар ин ҷо намоиши либосҳои  миллӣ, маҳсули дастони ҳунармандони гулдаст, озмуни пухтани оши палав ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, бозиҳои миллӣ, ҳунарнамоии дорбоз, морбозу сангбардорон, мусаввирон, баромадҳои дастаҳои фолклорӣ, санъаткорони шуъбаи маданияти ноҳия ва ғайра ташкил шуданд. 
Иштироккунандагон болои тал баромада бо кофтуковҳои ҳафриётии бостоншиносон, манзараҳои дилкаши гирду атроф шинос гардиданд, аз ҳусни табиати зебо баҳра бардоштанд. Дар охир озмуни ош ҷамъбаст шуд ва ғолибон бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гаштанд. Ҷашнвора бобати шиносоӣ бо харобаҳои ёдгории таърихии сарзамини Вардонхудотҳо –  пойтахти қадимии шофиркониён Вардонзе ва истироҳати табъи дил ба ҳама писанд омад. 
– Азбаски дар ин мавзеи муборак тадбири нахустин хеле пурҷозиба ва хотирмон гузашт, минбаъд дар ин ҷо гузаронидани чунин чорабиниҳо мувофиқи мақсад аст, зеро амиқ омӯхтани таърихи кишвар, ҷасорати аҷдодони сарбаланд ба муқобили истилогарон, хусусан ҷавонон зарур аст, – гуфт ҳокими ноҳия Алишер Файзуллоев дар поёни ҷашнвора.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: