Шавкат Умурзоқов ба вазифаи ҳокими шаҳри Тошканд тасдиқ гардид

Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Тошканд дар иҷлосияи ғайринавбатии 3 апрели соли равон Шавкат Умурзоқовро ҳокими шаҳри Тошканд тасдиқ кард.

Дар ин бора хидмати матбуоти ҳокимияти пойтахт хабар медиҳад.  

«Ш.Умурзоқов дар давраи гузашта  худро ҳамчун пешвои сахтгир ва одилона нишон дод, ки ба сӯи мақсадҳое, ки дар Стратегияи рушди Ӯзбекистон -2030 ифода ёфтааст ва барои бароҳатӣ ва бехатарии сокинону меҳмонони Тошканд, беҳдошти муҳити тиҷоратии сармоягузории он, ноил гардидан ба устувории экологӣ нигаронда шудааст,  устуворона пеш меравад.

Ёдовар мешавем, ки Президент Шавкат Мирзиёев 24 марти соли 2023 Шавкат Умурзоқовро иҷрокунандаи вазифаи ҳокими шаҳри Тошканд таъин кард.

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: