МАНУ АБРИ ГУЗАР БО ДИДАИ ТАР

Муҳаммад ШОДӢ

Зи нав айёми Наврӯз аст меҳмон,
Дилорою Дилафрӯз аст меҳмон.
Базӯр ояд, зи роҳи дур ояд,
Вале танҳо ду-се рӯз аст меҳмон.
***
Баҳорон аст, дилҳо волаи дашт,
Назарҳо мерабояд лолаи дашт.
Канӣ, эй дӯст, ногаҳ лолаеро,
Намояд ҷони ман ҳис нолаи дашт.
***
Хаёлат лолаи хушсӯз, эй гул,
Шаби дил бо хаёлат рӯз, эй гул.
Чу Наврӯз аст инъоми табиат,
Ту моро туҳфаи Наврӯз, эй гул.
***
Баҳор ояд, баҳорон боз ояд,
Ҷаҳоноро, ҷаҳонпардоз ояд.
Барои чашм – фасли дилбари сол,
Барои дил баҳори ноз ояд.
***
Ману ин шеъри борон, ёри дерин,
Туву шеъри чу бороншеър ширин.
Ману абри гузар бо дидаи тар,
Туву рангинкамону шеъри рангин.
***
Ҳаво сард аст, дар дил сӯз моем,
Ду дида бар раҳи Наврӯз моем.
Чу «берӯз»-ем, надҳад рӯз сармо,
Баҳорон чун расад, беҳрӯз моем.
***
Саҳардил бош ту ҳам дар дами субҳ,
Тамошо соз рӯйи хуррами субҳ.
Гули ман, дар сафи ин тозагулҳо,
Гули рӯро бишӯ бо шабнами субҳ.
***
Баҳорон мешавӣ хушрӯйтар боз,
Ту хушбӯву шавӣ хушбӯйтар боз.
Саҳаргоҳон ба шабнамхӯрда гул рӯ,
Бимолӣ, мешавӣ дилҷӯйтар боз.
***
Шакарханд аст пайғоми саҳаргоҳ,
Хушоянд аст инъоми саҳаргоҳ.
Намояд бод бо як рӯзи тоза,
Муборакбод аз номи саҳаргоҳ.
***
Туиву дил диёри орзуҳо,
Ту гӯё шаҳсувори орзуҳо.
Туиву чор фасли сол хуррам,
Ба мисли навбаҳори орзуҳо.
***
Ту танҳо, эй гули ман, чанд гулҳо,
Ту хандӣ, гарми хандоханд гулҳо.
Бале, ханданд, хандӣ. Чун нахандӣ
Табассуме нишон надҳанд гулҳо.
***
Баҳорон, эй баҳорон, эй баҳорон,
Ту мисли тозакори тозакорон.
Туӣ чун резаборон тозаву тар,
Ки резад, тоза рӯйи рӯзгорон. 
***
Ту сарсабзу ғизолонанд хуштабъ,
Гияҳҳо накҳат афшонанд. Хуш табъ.
Саҳарҳо, кӯҳсори деҳаи ман,
Дарикабкони ту хонанд. Хуш табъ!
***
Баҳороғӯш мо, гар сабз моем,
Бари себаргаҳо «барсабз» моем.
Баҳорон дар канори боғзорон,
Ниҳол астем агар, сарсабз моем.
***
Баҳори ту баҳори нозҳо нест?
Табиат пири оҳангсозҳо нест?
Нагӯяд шеър, вақте шеър – ҳар гул,
Вуболи ин суханпардозҳо нест?
***
Насоз, эй бод, пазмон ғунчаи дил,
Хуш о, бинмой хандон ғунчаи дил.
Баҳорон бишкуфад то пеши чашмам,
Ваз, эй боду шукуфон ғунчаи дил.
***
Диле ҳамчун гули хуршед хандад,
Чу рӯйи субҳи рӯзи ид хандад?
Куҷо чашме, ки дар дунёи армон,
Чу хандад, чун гули уммед хандад?
***
Деҳ ово чун суруди тозаи дил,
Физо бар завқи беандозаи дил.
Баҳори тоза то ворид гардад,
Кушо, эй шеъри нав, дарвозаи дил. 
***
Баҳори сабзу тар кӯтоҳдавр аст,
Бигӯ, эй дил, ду ё се моҳ давр аст?
Гуворо умр шояд дар ҳама давр,
Вале даври ҷавонӣ шоҳдавр аст.
***
Таҷаллӣ ҳусни ту дар лавҳи зебо –
Намоӣ ҷилва дар ҳар лавҳи зебо.
Ҷавоншеър аст гар фасли гулафшон,
Ба он шеър исми ту сарлавҳи зебо.
***
Ту шоир ё ки хушманзар табиат?
Ту шоирзода ё модар-табиат?
Зи садҳо ҳамчу мо худхонда шоир,
Ҳазорон бор шоиртар табиат!
***
Баҳор асту шакаргуфтор булбул,
Шакаргуфтор дар гулзор булбул.
Ба гӯши тозагулҳои саҳархез
Гуворо дил кунад изҳор булбул.
***
Ҳамеронанд гулҳо даври шоҳӣ,
Кулоҳи сабз – зеби ҳар гиёҳе.
Ҳама дилдода, ҳар сӯ ёр – бо ёр,
Ба ҳар сӯ гӯшае – изҳоргоҳе. 
***
Баҳори ҷонфазо дар дашту ёла,
Вале хонаст тӯфон, барф, жола.
Гияҳшодӣ агар рӯйиду пажмурд,
Дарахтандӯҳи мо – бисёрсола.
***
Баҳорон асту корад шеър саҳро,
Барои ту нигорад шеър саҳро.
Миёни ин ҳама бишкуфтарӯҳо,
Туро, эй гул, шуморад шеър саҳро. 
***
Дил аз ту, абр, шеъри пургуҳар ҷуст,
Дил аз ту, резаборон, шеъри тар ҷуст.
Дили дар тобу таб, эй навбаҳорон,
Зи раъду барқ шеъри пуршарар ҷуст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: