Ўзбекистон ва АМА ният доранд дар соҳаи илмиву маърифатӣ ҳамкорӣ кунанд

Ба Ӯзбекистон ҳайати донишгоҳи ба номи Муҳаммад бин Зоиди АМА ташриф оварданд.

Намояндагони Донишгоҳи Аморати Муттаҳидаи Араб, мушовири ректор Карим Ол Мазруӣ, сардори департаменти бақайдгирӣ Халифа Ҷума Ол Мерезӣ ва роҳбари хадамоти протокол Рашид Ол Менҳали бо роҳбарияти Маркази тамаддуни исломӣ гуфтушунид карданд, хабар медиҳад АИ "Дунё".

Дар рафти вохӯрӣ иштирокдорон  бо ислоҳоте, ки дар соҳаи диниву таълмии кишварамон,  аз ҷумла, барқарорсозии мероси исломӣ, таблиғи густурдаи ғояи исломи маърифатӣ дар сатҳи байналмилалӣ, мубориза бар зидди ҷаҳолат бо маърифат татбиқ мегарданд,  шинос шуданд.  Дар поёни мулоқот миёни ҷонибҳо ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар ҷараёни сафар бо раҳбарияти Академияи байналмилалии исломӣ низ гуфтушунид сурат гирифт.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар солҳои охир дар тамоми соҳаҳо ривоҷ ёфта истодаанд. Меҳмонон ба ислоҳоте, ки  таҳти роҳбарии Президенти Ӯзбекистон дар соҳаҳои дину маориф амалӣ мегардад, баҳои баланд доданд. Дар поёни мулоқот миёни ҷонибҳо ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид.

Тибқи санадҳои имзошуда ҷонибҳо дар табодули дастнависҳо ва китобҳои электронӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва ташкили дарсҳои маҳорат, табодули мақолаҳои илмӣ ва ҳуҷҷатҳои илмӣ, навиштани рисолаҳо таҳти роҳбарии муштарак, омода намудани докторантҳо ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: