Бистарикунии оммавӣ дар Ҷопон аз БАД-ҳо: ду нафар фавтиданд, 106 нафар дар беморхонаҳо

Дар Ҷопон ду нафар фавтиданд ва 106 нафар пас аз истеъмоли иловаҳои фаъоли биологӣ, ки дар таркибаш биринҷ бо хамиртуруши сурх фермент шудаанд, ба беморхона фиристода шуданд, хабар медиҳад "РБК".

Ба гуфтаи ширкати истеҳсолкунанда, Kobayashi Pharmaceutical, ҳадафи БАД-ҳо, ки Beni-Koji  ном дорад, паст кардани сатҳи холестирин буд. Тавре зикр гардид, яке аз фавтидаҳо дар тӯли се сол иловаи ғизоӣ истеъмол карда, аз бемории гурда фавтидааст. Дар бораи марги дувум маълумоте дастрас нест.

Дар ҳоли ҳозир мақомот ин навъи иловаи ғизоиро, ки ҳудуди 6 ҳазор навъи маҳсулотро дар бар мегирад, тафтиш мекунанд. Истеҳсолкунанда аллакай 5 намуди иловаҳоӣ, аз ҷумла тақрибан 300 ҳазор бастаи иловаҳои парҳезӣ бо биринҷи ферментшударо бозхонд кардааст, хабар медиҳад Kyodo.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: