Сатҳи таваллуд дар Кореяи Ҷанубӣ ба ҳадди рекордӣ коҳиш ёфт

Дар Кореяи Ҷанубӣ, ки дар ҷаҳон мизони таваллуд яке аз пасттарин мебошад, дар соли 2023 рекорди нав гузошта шуд.

Чунон ки газетаи «Тhe Guardian» хабар медиҳад, аҳолии мамлакат сол аз сол паи ҳам кам мешавад.

 Мувофиқи маълумоти Бюрои омори Кореяи Ҷанубӣ, сатҳи умумии таваллуд - шумораи миёнаи кӯдаконе, ки як зан дар тӯли умри худ таваллуд мекунад _ дар соли 2023 0,72 -таро ташкил додааст.  Барои муқоиса ин коэффитсиент дар соли 2022 - 0,78, соли 2021 - 0,81 ва дар соли 2020 - 0,84 буд.

 Тибқи ҳисобҳои коршиносон, агар ин мизони пасти таваллуд идома кунад, то соли 2100 ҷамъияти Кореяи Ҷанубӣ, ки панҷумин иқтисоди бузурги Осиё маҳсуб мешавад, тақрибан ним баробар коҳиш ёфта, ба 26,8 миллион нафар мерасад.

 Аз соли 2006 ин  ҷониб ҳукумати кишвар барои ҳалли мушкили мизони пасти таваллуд беш аз 270 миллиард доллар ихтисос додааст, аммо ин тадбирҳо натиҷае надоданд.  Дар байни ҳавасмандкуниҳо субсидияҳои молиявӣ барои ҷуфтҳо, хидматрасонии нигоҳубини кӯдак ва дастгирии табобати безурётӣ ҷой доранд.

 Ба навиштаи The Guardian, оилаҳо афзоиши хароҷот барои парвариши кӯдак ва қиматии амвол, набуди ҷойҳои кории сердаромад ва рақобат дар низоми маорифро монеаҳое барои бунёди оилаи серфарзанд сабаб кардаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: