ЗАМОН ТАҚОЗО ДОРАД, КИ МО ТАШАББУСКОР БОШЕМ

Дар шафати майдони Рӯдакӣ бинои хушсохти мудаввари қадима ба чашм мерасад.

Дар он шуъбаи вилояти самарқандии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ҷойгир шудааст. Суханварони Самарқанд, қабл аз ба бино ворид шудан, бо эҳтироми хоса назди ҳайкали Одамушшуаро – Рӯдакии самарқандӣ таваққуф намуда, сипас роҳашонро идома медиҳанд.
Чандест, ки шоири хушбаёну рангинхаёл Тошпӯлод Тугалов, ки бо тахаллуси «Урхун» эҷод менамояд, сарвари адибони Самарқанд мебошад.
Тошпӯлод бо эҷодиёти на танҳо эҷодкорони ӯзбекзабон, балки соҳибқаламони тоҷикзабони вилоят низ шинос буда, бо онон мефахрад. 
– Таърихи ба олами адабиёт ворид шуданам аҷиб аст, – аз мақсади омаданам огоҳӣ ёфта, лаб ба сухан кушод мусоҳибам. – Солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 37-уми зодгоҳам – деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Ургут бисёр китоб мехондам, ки талқингари ин кор модари меҳрубонам Қиматой Сатторова буданд. Зеро дар ҳафтсолагӣ падари бузургворам нобаҳангом чашм аз олами ҳастӣ пӯшида буд. Бо таълиму тарбияи ду нафари мо модари муштипарам машғул гашт.
Дар мактаб ба назари эътибори муаллимони фанни забон ва адабиёт Тӯлқин Саидов, Зокир Соҳибназаров ва дигарон афтодам. Бо тавсияи онҳо узви маҳфили адабии «Чашмалар»-и назди идораи рӯзномаи собиқ «Октябрь алангаси» (ҳоло «Ургут садоси») шудам. Роҳбари маҳфил – Нарзулло Файзиев ба ҳар як аъзои маҳфил аҳамият медод. Аввалин шеърам бо номи «Туйғу» (“Эҳсос”) доир ба табиат бо таҳрири ӯ рӯйи чопро дид. Рӯзи дигари ин воқеа директори мактаб дар ҷамъомади навбатии хонандагон аз ин навид ҳозиронро хабардор сохт. Аммо дертар фаҳмидам, ки бо як барги сабз баҳор намешавад. Ин буд, ки ҷустуҷӯйи эҷодӣ, хаёлпардозиҳои латифу зебо, лаззати ҳар як ҳарфу овозро ҳис намудан, аз қудрати лафзи ӯзбекӣ огоҳӣ ёфтан, хуллас, болои китоб шабзиндадории ман оғоз ёфт. Муҳаббат ба адабиёт ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд овард. Аммо соли нахуст чанд хол нарасид ва фаъолияти меҳнатиро дар идораи рӯзномаи «Октябр алангаси» ба сифати ҳуруфчин оғоз намудам.
Ба идораи рӯзнома адибу шоирони номдори Ургут меомаданд. Аз суҳбати эшон баҳра бурдан худ як бахти бузург буд.    
Соли 1972 донишҷӯйи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардидам. Маҳфили адабии «Шарора» ба маҳорати эҷодиям афзуд. Баъди соҳиби диплом шудан дар матбуоти чопӣ, Идораи симо ва садои вилояти Самарқанд дар вазифаҳои гуногун меҳнат кардам. Ҳоло сарвари эҷодкорони вилоят мебошам. Шаш дафтари шеъриам рӯйи чопро дидаанд.
– Тошпӯлод Йӯлдошевич, сухане чанд дар бораи фаъолияти шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон мегуфтед?
– Самарқанд аз азал маркази тамаддун, макони эҷодкорон буд ва хоҳад монд. Ҳоло дар вилоят бист нафар узви иттифоқ буда, дар пеш рафтани адабиёти кишвар саҳм мегузоранд.
– Муҳити адабии эҷодкорони тоҷик чӣ хел аст?
– Ба маълумоти шумо расонданӣ ҳастам, ки миллати Нусрат Раҳмат, Ҳамида Каримова, Хуршед Нуруллоев ва дигарон тоҷик буда, бо забони ӯзбекӣ эҷод мекунанд.
– Замоне дар назди шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон шуъбаи тоҷикӣ фаъолият дошт...
– Ба шумо як ҳақиқати зиндагиро гӯям. То тифл нагиряд, очааш шир намедиҳад. Пас, эҷодкорони тоҷик худ бояд ташаббускор бошанд. 
– Солҳои охир чанд нафар эҷодкори тоҷики вилоят ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шуданд?
– Шоир Асадулло Шукурзода. Ин бесабаб нест, албатта. Вай ба ҷуз эҷод бо корҳои ҷамоатӣ низ машғул мебошад. Чанде пеш Асадулло ҳуҷҷатҳояшро таҳия намуд ва бо тавсияи мо ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон қабул гардид. Боиси хурсандист, ки риштаҳои дӯстии мо бо Тоҷикистон низ мустаҳкам гардида, робитаҳои адабӣ густариш меёбанд. Чанде пеш як гурӯҳ адибони Тоҷикистон бо сарварии раиси Иттифоқи нависандагони ин кишвар Низом Қосим ба Самарқанд ташриф оварда, меҳмони аҳли қалами Самарқанд гардиданд. Дар навбати худ суханварони самарқандӣ низ ба шаҳри Душанбе сафар карданд. 
Ман аз эҷодиёти шоирон Нормурод Каримзода, Парисо, Дилшода, Баҳодури Раҳмон, ҳикоянависон Тошқул Азимзода, Солеҳи Саидмурод, Фаридуни Фарҳодзод ва дигарон хабардорам. Дар Самарқанд эҷодкорони русзабон низ умр ба сар мебаранд. Ба фикрам, онҳоро низ ба узвият пазируфтан лозим.
Бо ташаббус ва ғамхории Президент ба табъу нашр ва паҳн гардидани китоб аҳамияти калон дода мешавад. Дар Самарқанд маҷмӯи «Олами китоб» таъсис ёфт, ки аз ин манзил кас метавонад асарҳои дӯстдоштаи худро дастрас намояд. Дар мағоза шуъбаи китобҳои тоҷикӣ низ вуҷуд дорад, ки аксарияти муаллифонашон самарқандӣ мебошанд.
Ман фикр мекунам, ки дар ҷодаи эҷод адибони тоҷики вилоят низ комёб мегарданд.

Мусоҳиб 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: