Аз он воқеа беш аз дувоздаҳ сол гузашт.
Маҷлиси ходимони шуъбаи таълими халқи ноҳияи Нурато хотима ёфта буд, услубшиноси шуъба Икром Ҷӯраев ба забони тоҷикӣ бо садои баланд гуфт: ба ҳокимият равед. Кори бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд...
Он ҷо се нафар намояндагони мактабҳои таълимаш ба забони тоҷикӣ – камина, ҷонишини директори мактаби рақами 43 оиди корҳои таълим Тӯйбой Тӯев ва ҷонишини директори мактаби рақами 21 Мавҷуда Йӯлдошева ҳозир будем. Майда-майда борон меборид. Роҳ то бинои ҳокимият наздик буд. Дар даромадгоҳ мудири ШТХ ноҳия Алишер Шокиров пешвоз гирифт. Дар даст варақе дошт. Он қарори ҳокими вилоят дар бораи зина ба зина ба забони давлатӣ гузаронидани мактабҳои тоҷикии ноҳия буд. Барои тадбиқи ин қарор розигии падару модарон ва хонандагон зарур буд. Ба Алишер, ки тоҷикзабон буду солҳои зиёд шинос будем, рӯзи дигар расонидани қарорҳои маҷлиси падару модаронро ваъда додем. Ва ҳамон рӯз қарорҳои маҷлиси панҷ мактаби тоҷикӣ ва рӯйихати донишҷӯёне, ки аз ин мактабҳо дар донишгоҳҳои кишвар таҳсил доштанд, пешниҳод намудем.
Дар амалисозии ин муаммо саҳми Тӯйбой Тӯев назаррас аст. Хушбахтона, имрӯз дар ин мактабҳо таълим ба забони тоҷикӣ пеш бурда шуда, беҳтарин мактабҳои ноҳия мебошанд.
Тӯйбой Тӯев соли 1963 аз оилаи устои сохтмон Пардабой Тӯев дар деҳаи Эҷ ба дунё омадааст. Овони кӯдакиву наврасиаш чун ҳама кӯдакони деҳоти кӯҳистон бо бозиву алафдаравию ҳезумчинӣ гузаштааст. Аз ҳавои тозаву оби софу зулоли чашмаҳои Гулибоғу Мурғобак баҳра бардоштааст. Падараш, ки марди накӯному накукор, хоксору росткор ва соҳибэҳтиром буд, ба тарбияи фарзандон эътибори бештар дод. Зиндагии ибратбахш доштанд. Тавонистаанд ин хусусиятҳоро дар фарзандон таҷассум созанд.
Тӯйбой Тӯев мактаби миёнаи рақами 43-юми ноҳияи Нураторо хатм намудааст. Аз ҷавонӣ дар қалби ӯ меҳри боғдориву зироаткорӣ мавқеъ пайдо карда буд. Мегӯянд, ҳамсоя зи ҳамсоя гирад панд, ангур зи ангур гирад ранг. Ҳамсояҳояш Раҷаб Алимов, Ҳаким Давронов деҳқонони номдори кӯҳпоя буданд.
Тӯйбой мехост омӯзгор шавад, омӯзгори фанни биология, ҳам боғдорӣ кунад. Чун номаи камол гирифт, ба шаҳри Душанбе раҳсипор гардид. Ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супорид. Ба номи пуршарафи донишҷӯ ноил гардид. Донишгоҳро дар соли 1988 бо муваффақият хатм намуда, ба зодгоҳ баргашт. Фаъолияти омӯзгориро дар мактаби зодгоҳ оғоз намуд. Зиёд буданд омӯзгорони ботаҷрибаву соҳибилм. Он солҳо мактаби рақами 43 натанҳо дар Ӯзбекистон, балки шогирдонаш дар Тоҷикистон низ шуҳрат доштанд. Ин ҷо Тӯйбойро низ мактаби такомулу ташаккули маҳорат буд.
Ин ҳама ӯро кор дод. Зуд байни устодону ҳамкорон ва аҳли деҳа обрӯву эътибор пайдо кард. Тӯйбойро дар соли 2000-ум ҷонишини директор оиди корҳои таълим таъин карданд. Дар ҳамин вазифаи пурмасъулият то ба имрӯз сарбаланд кор мекунад. Роҳбари серталабу пухтакор аст Тӯйбой. Дар ин солҳо чор нафар хонандаи мактаб дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷои имтиёзнокро гирифтаанд: Зоҳид Қӯрғонов, Дилноза Раҳматова, Фаридуни Фарҳодзод ва Хосият Рӯзиева.
Соли равон низ чор нафар хонандагони мактаб – Ганҷина Ҷумъаева, Сабрина Ҳусинова, Тӯҳфанисо Ҳасанова, Гулбону Қӯрғонова ба зинаи вилоятии озмуни фаннӣ роҳхат гирифтаанд.
Алъон даҳҳо нафар хатмкардагони мактаб дар донишгоҳҳои кишвар ва хориҷ аз он таҳсил доранд. Соли равон шаш нафар хатмкардагони мактаб ба донишгоҳҳо дохил шудаанд.
Қаҳрамони мо бо омӯзгорон Аброр Боймуродов, Элмурод Рӯзиев, Абдураҳмон Ғаффоров, Бобур Отабоев, Маъмур Ҳусинов, Шакар Сайфуллоев, Холбика Нурназарова, Завқибой Ғаффоров ва дигарон ифтихор дорад. Ифтихор дорад, ки дар кишвар обрӯ ва нуфузи омӯзгор меафзояд. Тӯйбой рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро пеш оварда, аз муборакбодии Президент Шавкат Мирзиёев бо Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён порчаи зерро хонд: «Соли равон дар Сарқонуни навшудаи мамлакат бори аввал мақоми омӯзгор сабт ёфт, рушди низоми таълим аз ҷумлаи вазифаҳои асосии давлат дониста шуд.
Баробари баланд шудани мақом ва обрӯи омӯзгор дар ҳаёти ҷомеа, табиист, ки аҳамияти таълиму тарбия, илму фарҳанг низ меафзояд. Зеро нуфузи омӯзгор ин нуфузи миллат, тамоми халқ аст».
Воқеан ҳавлии пур аз дарахту деҳқонии хуб дорад. Тӯйбой соли равон шастсола шуд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.