Президент Ўзбекистон густариши ҳамкориро бо Аморати Муттаҳидаи Араб бо қаноатмандии махсус кайд кард

  • Президент Ўзбекистон густариши ҳамкориро бо Аморати Муттаҳидаи Араб бо қаноатмандии махсус кайд кард
  • Президент Ўзбекистон густариши ҳамкориро бо Аморати Муттаҳидаи Араб бо қаноатмандии махсус кайд кард
  • Президент Ўзбекистон густариши ҳамкориро бо Аморати Муттаҳидаи Араб бо қаноатмандии махсус кайд кард
  • Президент Ўзбекистон густариши ҳамкориро бо Аморати Муттаҳидаи Араб бо қаноатмандии махсус кайд кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 апрел ҳайати вакилони Аморати Муттаҳидаи Арабро бо сардории вазири энергетика ва инфрасохтор Суҳайл ал-Мазруӣ қабул кард.

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 апрел  ҳайати вакилони Аморати Муттаҳидаи Арабро бо сардории вазири энергетика ва инфрасохтор Суҳайл ал-Мазруӣ, ки дар доираи барномаи маҷлиси дуюми муколамаи вазирони «Осиёи Марказӣ — Шӯрои ҳамкории мамлакатҳои араби Халиҷи Форс» ба мамлакати мо омадааст, қабул кард.

Дар оғози мулоқот вазир Суҳайл ал-Мазруӣ ба сарвари давлатамон саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад Ол Наҳаён, ноиби Президент ва Сарвазири кишвар, Амири Дубай Шайх Муҳаммад Ол Мактум, ноиби Президент Шайх Мансур Ол Наҳаён ва Валиаҳди аморати Абу-Дабӣ Шайх Холид Ал Наҳаёнро расонд.

Масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сатҳи олии кунунии ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Аморот бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд. Ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ пай дар пай меафзояд. Дар Ӯзбекистон зиёда аз 300 корхона бо иштироки сармояи Аморот мавҷуд аст. Маҷмӯи лоиҳаҳои муштарак беш аз 4 миллиард долларро ташкил дод.

Муҳимияти таҳия ва пешбурди лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетикаи “сабз”, металлургия, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия таъкид гардид.

Ба омода намудани лоиҳаи техникӣ ва оғози сохтмони роҳи оҳани трансафғонӣ диққати махсус дода шуд.

Ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ низ баррасӣ шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: