Президентҳои Ўзбекистон ва Олмон намоишгоҳи нодири мероси маданию таърихии халки ӯзбекро кушоданд

  • Президентҳои Ўзбекистон ва Олмон намоишгоҳи нодири мероси маданию таърихии халки ӯзбекро кушоданд
  • Президентҳои Ўзбекистон ва Олмон намоишгоҳи нодири мероси маданию таърихии халки ӯзбекро кушоданд
  • Президентҳои Ўзбекистон ва Олмон намоишгоҳи нодири мероси маданию таърихии халки ӯзбекро кушоданд
  • Президентҳои Ўзбекистон ва Олмон намоишгоҳи нодири мероси маданию таърихии халки ӯзбекро кушоданд
  • Президентҳои Ўзбекистон ва Олмон намоишгоҳи нодири мероси маданию таърихии халки ӯзбекро кушоданд
  • Президентҳои Ўзбекистон ва Олмон намоишгоҳи нодири мероси маданию таърихии халки ӯзбекро кушоданд

Дар доираи сафар ба Олмон Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федералии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер намоишгоҳи бенезири "Дурдонаи археологии Ӯзбекистон. Аз Александри Македонӣ то империяи Кушониён"-ро дар галереяи ба ҷаҳон маъруфи Ҷеймс Симон дар шаҳри Берлин кушоданд.

Сарвари давлатамон чорабиниро ифтитоҳ намуда, афзудани таваҷҷуҳи мардуми ду кишварро ба мероси ғании фарҳангӣ ва дастовардҳои муосири ҳамдигар бо қаноатмандӣ қайд кард.

Дар Ӯзбекистон асарҳои абадзиндаи Гёте, Гейне, Шиллер, Томас Манн, Ремарк ва бисёр дигаронро нағз мешиносанд ва эҳтиром мекунанд, онҳо ба мусиқии бошукӯҳи Бах, Бетховен, Штраус, Вагнер шайдоянд.

Аҳли ҷамъияти немис аз таърихи Ӯзбекистон, ки аз ҳудуди он роҳҳои қадимии корвонҳо гузашта, ба Аврупо расида буданд, хуб шинос аст.

Роҳи бузурги абрешим дар тӯли садсолаҳо дар рушди тиҷорат, илм, фарҳанг ва санъат саҳми бузург гузошта, ба муколамаи байнифарҳангӣ, табодули арзишҳои маънавӣ, тавлиди ғояҳои пешрафта, ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ, сулҳу созандагӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамоҳангӣ мусоидат кардааст.

Шоири бузург Гёте дар маҷмӯаи ашъори худ «Девони Ғарбӣ-Шарқӣ» зебоии шаҳрҳои қадимаи Самарқанду Бухороро тараннум карда, бастакори барҷаста Гендел операи «Темур»-ро эҷод кардааст.

Ифтитоҳи намоишгоҳ дар таърихи мубодилаи фарҳангии Ӯзбекистон ва Олмон рӯйдоди муҳиме гардид. Созишнома дар бораи баргузории он дар ҷараёни сафари Президенти Федералии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ба Ӯзбекистон моҳи майи соли 2019 ба даст омада буд.

Қариб чор сол аст, ки бостоншиносон, муаррихону санъатшиносон ва кормандони осорхонаҳои ду кишвар дар ташкили он заҳмат кашидаанд. Бо иштироки мутахассисони олмонӣ ҳудуди 50 осори пурарзиш барқарор карда шуд.

Дар намоишгоҳ, ки то 14 январи соли 2024 идома хоҳад кард, 65 экспонат аз коллексияи осорхонаҳои давлатии Берлин ва 285 экспонат аз коллексияи осорхонаҳои Ӯзбекистон, ки аксари онҳо бори аввал дар хориҷ аз кишвар ба маърази тамошо гузошта мешаванд, ба намоиш гузошта мешаванд.

Экспозиция дар бораи маданияти қадима ва бойи мамлакати мо, таърихи давлатҳои ибтидоӣ дар ҳудуди Ӯзбекистони ҳозира ва Осиёи Миёна аз асри VI пеш аз милод то асри IV ин давра нақл мекунад.

Дар байни шоҳасарҳо муҷассамаҳои аристократҳо, ҷанговарон ва занони ашроф аз маҳалҳои аҳолинишини Далварзинтеппа ва Халчаёни ҳукмронии Кушониён ҳастанд.

Ин экспозитсияи беназир имкон медиҳад, ки тамошобинон ба таърихи Ӯзбекистон наздиктар шаванд, дар бораи мероси мардуми он тасаввуроти мукаммалтар пайдо кунанд.

Он ба боз ҳам бештар наздик шудан ва ба ҳамдигарфаҳмии халқҳои Ўзбекистон ва Олмон, инкишоф додани муколамаи васеъ ва ҳамкории бисёртарафаи байни мамлакатҳоямон хидмат мекунад.

Ба муносибати ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олмон бо иштироки ҳайати ду кишвар, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ зиёфат баргузор гардид.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: