ПРЕСС-ТУР БА КОРХОНАИ НАВ

Имрӯз ба фаъолияти корӣ шурӯъ намудани ҳар як корхонаи давлатӣ, ғайридавлатӣ ва ё хусусӣ дар баробари бо ҷойи кор банд намудани шаҳрвандон, ҳамчунин дар баланд бардоштани бозори рақобат, рушди содиротии ҳудуд нақши муҳим мегузорад.

Имрӯз ба фаъолияти корӣ шурӯъ намудани ҳар як корхонаи давлатӣ, ғайридавлатӣ ва ё хусусӣ дар баробари бо ҷойи кор банд намудани шаҳрвандон, ҳамчунин дар баланд бардоштани бозори рақобат, рушди содиротии ҳудуд нақши муҳим мегузорад. 
Ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаи хориҷии “Buka richland international”, ки ба азнавкоркарди маҳсулоти лубиёӣ ихтисосонида шудааст, ду моҳ мешавад. Корхона, ки ба сифати ҷамъияти масъулияташ маҳдуд ба рӯйхат гирифта шудааст, аз ҳисоби сармоядорони чинӣ сохта шуда, дар маҳаллаи Ҷағалбайлии ноҳияи Бӯка фаъолият мебарад. Корхонаи мазкур дар як шабонарӯз дорои қувваи саракунӣ ва қадоқ кардани 100-150 тонна маҳсулотро дорад. Лоиҳаи мазкур, ки қиматаш 1 миллион доллар мебошад, дар он наздик ба 100 нафар коргар фаъолият мебаранд. Қисми асосии маҳсулоте, ки корхона азнавкоркард менамояд, содир мегардад. Ин дар баланд бардоштани салоҳияти содирот, таъмини рақобатбардории маҳсулоти кишоварзони ноҳия дар бозори ҷаҳонӣ саҳифаи нав мекушояд. 
Ба наздикӣ бо ташаббуси Шӯрои ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон пресс-тур роҳандозӣ шуд. Дар ҷараёни он бо фаъолияти кории корхона шинос намуда, ба саволҳо оиди рафти кори корхона ҷавоб доданд. 
Тавре ки маълум гардид, корхонаи мазкур асосан маҳсулоти мошро аз нав кор карда ба Чин содир менамояд. Ҳангоми боздиди хонандагон-журналистони оянда аз корхона чанги дохили он, ки аз маҳсулот бармеояд, диққати ҳамаро ҷалб намуд. Роҳбари корхона ба он ҷавобан гуфт: медонед, ки хок, чанге, ки аз хок бармеояд ва деҳқон дар зери таъсири он то пухта расидани маҳсулот мемонад. Аз ин рӯ, чангро аз деҳқон ҷудо кардан мушкил. Мо ният дорем ба корхона технологияҳои рафъкунандаи чангу ғуборро насб намоем ва кормандони корхона бемалол фаъолияти худро пеш баранд. 
Бинобар гуфти сармоядори чинӣ Ли Донг алҳол корхона фақат мошро танҳо ба   Чин содир менамояд. Ва дар оянда корхона ният дорад, мош ва маҳсулоти дигари лӯбиёиро ба Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Покистон, Ҷопон, Куриё, Эрон ва кишварҳои дигар содир намояд. 

М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори ҷамоатии 
«Овози тоҷик».

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: