МАСЪАЛАҲОИ ҚАБУЛИ ЧОРАБИНИҲОИ ИЛОВАГӢ ДОИР БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ НАТИҶАБАХШИИ БАРНОМАИ ИСЛОҲОТ ДАР ӮЗБЕКИСТОН МУҲОКИМА ГАРДИД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 декабр бо мушовир оид ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ, идораи босамар ва ҳамкории байналхалқӣ Сума Чакрабартӣ мулоқот баргузор намуд.

Ҷараёни чорабиниҳо ва нақшаҳои оянда оид ба баланд бардоштани натиҷабахшии барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии ислоҳот дар мамлакатамон баррасӣ гардид.
Ба баланд бардоштани самараи корҳои ҷорӣ оид ба такомули муҳити сармоягузорӣ ва фазои корӣ, пеш бурдани лоиҳаҳои калон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт бо ҷалб намудани ширкат ва институтҳои молиявии маъруфи хориҷӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Масъалаҳое, ки бо ҷараёни дохил гардидани Ӯзбекистон ба Ташкилоти ҷаҳонии савдо ва баланд бардоштани мавқеи давлатамон дар рейтингҳои байналхалқӣ алоқа доранд, муҳокима гардиданд.
ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: