Мактаби бокси Баҳодур Ҷалолов кушода шуд

Президент Шавкат Мирзиёев 5 март аз мактаби маҳорати варзишии оид ба бокси Баҳодур Ҷалолов, ки дар шаҳри Тошканд бунёд гардидааст, боздид ба амал овард.

Чемпиони Бозиҳои Олимпӣ ва осиёӣ, чемпиони дукаратаи ҷаҳон ва секаратаи Осиё Баҳодур Ҷалоловро метавон бидуни муболиға варзишгари пурзӯртарини Ӯзбекистон номид. Солҳои охир вай дар бокси касбӣ низ бомуваффақият иштирок менамояд.

Дар мамлакати мо ба пешбурди фаъолияти чунин чемпионҳо, истифода бурдани таҷрибаи онҳо дар кори тарбияи варзишгарони наврас эътибори махсус дода мешавад. Мувофиқи қарори роҳбари давлат аз 14 марти соли 2022 барои ин боз як пойгоҳ – мактаби маҳорати варзишӣ оид ба бокси Баҳодур Ҷалолов бунёд гардид.

Дар ин ҷо муштзанони дараҷаи байналхалқӣ бо ҷалби мураббиёну мутахассисони  баландихтисос тайёр карда мешаванд. Машғулоти таълимиву тамринӣ дар мактаб мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ бурда шуда, дар пояи таҷрибаи пешқадам мунтазам такмил дода хоҳанд шуд.

Дар бинои чаҳорошёнаи замонавӣ тамоми шароит барои машқу тамрин мавҷуданд. Дар ошёнаи якум толори асосии варзишӣ, ҳавз, хонаи тиббӣ ва ошхона ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаи дувум синфхонаҳои психологӣ, забонҳои хориҷӣ, машғулиятҳои назарӣ, информатика ва хонаҳои муаллимон, ҳамчунин меҳмонхонаи дорои 45 кат мавҷуданд. Дар ошёнаҳои сеюму чаҳорум хобгоҳ барои 235 нафар ва хонаи маънавият ҷой доранд. Ҳамчунин қароргоҳи зеризаминии автомобилҳо мавҷуд аст.

Мактаби бокс барои 175 ҷой пешбинӣ шудааст, ба синфҳои 5-11 ҳар сол 25 нафарӣ хонандагон интихоб карда мешаванд. Интихоби нахустин соли 2022-юм баргузор шуд ва инак дар ин ҷо 50 нафар шогирдони соҳибистеъдод машғуланд. Онҳо аз тамоми гӯшаҳои мамлакат интихоб карда шудаанд.

Мактаб дар шафати таълимгоҳи миёнаи рақами 259-уми ноҳияи Юнусобод ҷойгир мебошад, муштзанони наврас дар он ҷо фанҳои таълими умумиро меомӯзанд.

Хонандагони мактаби Баҳодур Ҷалолов соли 2023-юм дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби 26 медали тиллоӣ, 18 нуқра ва 15 медали биринҷӣ гардиданд. Соли равон низ иштирок кардан дар як қатор мусобиқаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Мактаб барои муштзанҳои навраси тамоми мамлакат ба сифати пойгоҳи таълимиву тамринӣ хидмат мекунад. Вай бо дигар мактаб ва марказҳои варзишӣ бобати интихоб карда гирифтан ва тарбия намудани муштзанҳои ҷавони  пешомаднок ҳамкорӣ мекунад.

Роҳбари давлат дар инҷо бо варзишгарони ҷавон ва роҳбарони соҳа мулоқот кард. Ба вохурӣ минтақаҳо аз тариқи алоқаи видеоӣ ҳамроҳ шуданд.

– Мо соли равонро Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат эълон кардем. Ба масъалаи мазкур мунтазам эътибори махсус медиҳем, барои ҷавонон тамоми шароитҳои заруриро фароҳам меоварем, онҳо иқтидор ва саъю кӯшиши зиёд доранд. Бесабаб нест, ки оид ба бокс мо аз ҷумлаи пешоҳангони ҷаҳонӣ маҳсуб меёбем. Рушди минбаъдаи ин иқтидор, ҷавонони соҳибистеъдоди мо мақсади асосии ташкил намудани мактаби мазкур мебошад. Минбаъд мактаби Баҳодур Ҷалолов ҳамчун мактабҳои Президентӣ дар самти худ намунавӣ мегардад. Услубу усул, тиб, психологияи бокс дар мактабҳои варзишии минтақаҳо низ инкишоф хоҳад ёфт, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба роҳбарони минтақаҳо бобати мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо федератсияҳои варзишӣ, дар маҳалҳо ба кори онҳо кӯмак расондан супоришҳо дода шуданд. Зарурияти минбаъд оммавӣ кардани варзиш дар байни ҷавонон, аз ҷумла ба бокс ҷалб намудани онҳо, вусъат додани шароит дар мактабҳо ва бахшҳои онҳо таъкид гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: