УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ СТРАТЕГӢ МУҲОКИМА ГАРДИДАНД

Дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон 12 апрели соли 2024 конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонӣ” баргузор гардид, ки дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон хабар додааст.

Дар конфронс роҳбарият ва коршиносони пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз Академияи миллии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва аз ҷониби Ӯзбекистон намояндагон аз Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ӯзбекистон ва ғайра ширкат варзиданд. 
Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ҳамоиши мазкур идомаи мантиқии талошҳои муштараки роҳбарони ҳар ду кишвар ба шумор рафта, муносибати дӯстонаю хайрхоҳонаи мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистонро доир ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди муштарак инъикос менамояд. 
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ зимни суханронии худ доир ба вазъи муосири муколамаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои стратегии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамкориҳои ҳар ду давлатро дар ин самт мусбат арзёбӣ намуд.
Директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Ҷавлон Ваҳҳобов аз пазироии самимии роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон изҳори сипос намуда қайд кард, ки муносибатҳои сиёсиву дипломатӣ, иқтисодию фарҳангии байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон солҳои охир беш аз пеш густурда ва мустаҳкам мегарданд. Ҳамкориҳои воқеии ҳар ду давлат дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, маориф энергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзию дигар самтҳои афзалиятнок ба роҳ монда шудаанд, ки минбаъд низ таҳким хоҳад ёфт.
Дар рафти суханронӣ маърузачиён ба масъалаҳои густариши дипломатияи халқӣ, рушди робитаҳои байниминтақавӣ, таҳкими ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ  таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Бо тасдиқи эҳтироми тарафайн, ҳамсоягии нек ва заминаи устувори дӯстии байни кишварҳо, иштирокчиён инчунин мавҷудияти иқтидори назарраси истифоданашударо дар самтҳои гуногуни соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ қайд карданд. Дар бахше аз соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, сарони ду кишвар дар музокироти қаблӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳаҷми муомилоти тиҷоратии дуҷониба тавассути густариши ҳамкорӣ дар тарҳҳое, ки ҷанбаи мусбат ба Осиёи Марказӣ доранд (нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика, истифодаи об ва ғайра) афзоиш диҳанд.
Дар интиҳои ҳамоиш ҷонибҳо равобити Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар ҳама самтҳо бомуваффақият арзёбӣ намуда, таҳкими минбаъдаи муносибатҳои иттифоқӣ талошҳои муштараки ҳукумат, доираҳои соҳибкорӣ ва коршиносони ду кишвар дар ҳоли тақвият натиҷагирӣ намуданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш як қатор пешниҳодҳои мушаххас ва амалиро оид ба таҳкими робитаҳои байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баён намуда, равишҳои нави ғайристандартӣ барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро зарур ва муҳим қайд намуданд.
Дар интиҳои ҳамоиш Хайриддин Усмонзода ва Ҷавлон Ваҳҳобов истифодаи самараноки иқтидори ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва пайгирии амалии иҷрои шартномаҳоеро, ки дар рафти гуфтушунидҳо ва муколамаи созанда байни роҳбарони ҳар ду кишвар ба даст оварда шудаанд, зарур донистанд.

(Мухбири худамон).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: