Дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ тартиби нав ҷорӣ мешавад

  • Дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ тартиби нав ҷорӣ мешавад
  • Дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ тартиби нав ҷорӣ мешавад
  • Дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ тартиби нав ҷорӣ мешавад
  • Дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ тартиби нав ҷорӣ мешавад

Президент Шавкат Мирзиёев 31 январ оид ба масъалаҳои ҷорӣ намудани низоми нави нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои Тошканд, Нуқус ва марказҳои вилоятҳо ҷамъомад баргузор намуд.

Нақлиёти ҷамъиятӣ ин хидмати муҳими иҷтимоӣ мебошад, ки роҳро кӯтоҳ, пул ва вақти аҳолиро сарфа, сифати ҳаётро баланд мегардонад. Ҳар рӯз аз хидмати нақлиёти ҷамъиятӣ дар мамлакатамон беш аз 10 миллион нафар истифода менамоянд.

Дар Муроҷиатномаи роҳбари давлат муайян карда шуда буд, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати мусофиркашонӣ дар соли 2023 2 ҳазор автобус харид карда мешавад. Аммо, таъкид кард Президент дар ҷамъомад, бидуни тағйир додани системаи ҷории кор дар идораҳои нақлиёт ва паркҳои автобус дар маҳалҳо хидматрасониро ба мардум бинобар дархости онҳо чи қадаре ки автобуси зиёд харид нагардад, таъмин намудан номумкин мегардад.

Дар тамоми минтақаҳо бино, мактаб, кӯдакистон, бемористонҳои нав ва дигар муассисаҳо сохта мешаванд. Аммо соҳаи нақлиёт ин суръати тағйиротро дарёфт карда наметавонад ва ба талаботи рушди имрӯза ҷавобгӯ нест.

Аз он ҷумла, дар баъзе марказҳои вилоятҳо нақшаи рушди нақлиёти ҷамъиятӣ таҳия нагаштааст. Автобусҳо одат кардаанд, ки дар вақтҳои серодамӣ равуо кунанд, зеро ширкатҳои нақлиётӣ ба нақшаи рӯзона даромадашонро вобаста кардаанд. Вақтҳои дигар мусофирон дурудароз автобусро интизор мегарданд ё аз хидмати таксӣ истифода мекунанд.

Бинобар ин дар ҷамъомад пешниҳодот дар бобати беҳсозии сифати хидматрасонӣ аз ҳисоби тағйир додани тартиби кор дар маҳалҳо муҳокима гардиданд.

Ҳамин тариқ, таҷрибаи таъин намудани нақшаи даромади рӯзона бекор карда мешавад. Маблағ барои мусофиркашҳо вобаста ба фосилае, ки автобус тай менамояд, аз қаноатмандии мусофирон аз сифати хидматрасонӣ ҷудо карда мешавад. Сифати хидматрасонӣ аз рӯи маҳакҳои мусоидӣ ва ҳолати санитарии автобусҳо, ба истгоҳ сари вақт расидани онҳо баҳо дода мешавад.

Соли ҷорӣ ин тартиб дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Андиҷон ва Урганҷ, аз соли оянда бошад дар дигар марказҳои вилоятҳо ва шаҳри Нуқус ҷорӣ карда мешавад.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки нақлиёти ҷамъиятӣ барои аҳолӣ мусоид ва барои соҳибкорон ҷолиб бояд бошад.

Хатсайрҳои мавҷудаи автобусҳоро бо назардошти талаботи аҳолӣ таҷдиди назар бояд кард. Президент таъкид намуд, ки дар байни аҳолии маҳаллӣ пурсиш баргузор намуда, хоҳиш ва талаби аҳолиро бояд омӯхт.

Бонизом нав кардани паркҳои нақлиёт низ нақши муҳим дорад. Дар ҷамъомад пешниҳодот оид ба рағбатноксозии ин ҷараён ба миён гузошта шуд.

Аз он ҷумла, нав будани автобусҳо ба сифати маҳаки асосӣ дар тендерҳои кушод оид ба хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ муайян карда мешавад. Ҳар сол ҳангоми тартиб додани маблағе, ки ба мусофиркашҳо пардохта мешавад, дар он навсозии бист фоизи парки автобусҳо пешбинӣ мегардад. Ғайр аз ин ба соҳибкорон пардохти андоз барои арзиши изофа бинобар хариди автобусҳои нав ба муддати тӯлонӣ иҷозат дода мешавад. Барои хариди автобусҳо кредити имтиёзнок ба муддати то 10 сол пешниҳод мегардад. Таъмин намудани ҳаракати бемамониати нақлиёти ҷамъиятӣ дар роҳҳо масъалаи муҳим ба шумор меравад.

Дар шаҳри Тошканд барномаи афзудани иқтидори убури чорроҳаҳо аз ҳисоби ба вуҷуд овардани хати алоҳида барои автобусҳо дар 73 кӯчаи марказӣ таҳия хоҳад гардид. Ин суръати миёнаи ҳаракати автобусро ба 1,5 маротиба баланд намуда, дер монданро бартараф месозад.

Ба ҳокимони вилоятҳо супурда шуд, ки татбиқи барномаи манзилноки ҳаммонанди пойтахтро барои беҳсозии инфрасохтори нақлиёт тасдиқ намоянд ва ба он шурӯъ кунанд. Ба ногузирии пешбинӣ намудани таъмини бартаринокии нақлиёти ҷамъиятӣ дар роҳҳо ва чорроҳаҳо, ба вуҷуд овардани шароит барои мусофирон ва соҳибкорон дар истгоҳҳо ишора гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: