ТАВАҶҶӮҲ АФЗУД, АММО...

Солҳои Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи мардум ба омӯзиши таърих ва таърихнигорӣ ба вижа афзуд.

Солҳои Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи мардум ба омӯзиши таърих ва таърихнигорӣ ба вижа афзуд. Ин ҳодисаи хурсандиовар аст. Омӯзиши таърих маънавият ва маърифати шахсро ташаккул дода, эҳсосоти ватандӯстӣ, ҳисси хештаншиносию худогоҳиро меафзояд, ба ташаббускорию бунёдкорӣ водор менамояд, хотираи таърихиро мустаҳкам мекунад. 
Алҳол аз омӯзгори оддӣ то докторони илм, соҳибкору сиёсатмадор ба навиштану интишори мақолаву рисолаҳои таърихӣ шуғл меварзанд. Ҳарчанд баъзеи онҳо моҳият, сабабҳои рух додан ва ё рукуди воқеаҳои таърихиро хуб дарк намекунанд, аз манобеи хаттии таърихӣ самаранок истифода бурдаву сарчашмаҳои таърихиро дуруст хонда наметавонанд. 
Чанде пеш “Чаман ичинда бир гул.  Фориш тумани тарихи ва бугунги ҳаётидан лавҳалар” (“Гуле дар гулзор.  Таърихи ноҳияи Фориш ва лавҳаҳо аз ҳаёти имрӯзаи он”, Тошканд, нашриёти “Шарқ”, 2020) ном китоби калонҳаҷми Эркин Қазоқов ва Турсунбой Худойбердиев ба дастам расид. Бо шавқ хондам, зеро замоне ҳудуди деҳоти Эҷ, ки банда зиндагӣ мекунам, низ шомил ба ноҳияи Фориш буд. Муаллифони китоб ношинос буданд. Аз мақолаи “Биринчи ҳоким” (“Нахустин ҳоким”), ки ба қалами Турсунбой Худойбердиев нисбат дошта, дар рӯзномаи ноҳиявии “Фориш тонги” рӯйи чоп омадааст, бо ҳаёт ва фаъолияти Эркин Қазоқов ошно гардидам. Ӯ дар мансабҳои гуногуни сиёсӣ – кумитаи комсомол, ҷонишини раиси кумитаи иҷроия, котиби дуюми ҳизби коммунистӣ, раиси кумитаи иҷроия ва аз соли 1992 дар вазифаи ҳокими ноҳияи Фориш кор кардааст. 
Дар китоб доир ба ҳаёт ва фаъолияти Турсунбой Эгамбердиев маълумоте дучор накардам. Пурсон шудам. Гуфтанд, ки Т. Худойбердиев рӯзноманигор аст. Чандин сол муҳаррири “Фориш тонги” буд. 
Китоб аз муқаддима ва се боб иборат буда, дар муқаддима сарсухани муаллифон ва гузоришоти ҳокими ноҳияи Фориш Абдивалӣ Мустанов ҷой дода шудаанд. Дар боби аввали китоб бинобар таърихи Фориш ва форишиён аз замонҳои қадим то соли 1916 маълумот дода шудааст. Ҳамчунин доир ба қабристонҳо, зиёратгоҳҳо ва арчаи воқеъ дар деҳаи Моҷарм сухан рафтааст. 
Боби дуюм бардошту натиҷагирӣ аз шӯриши соли 1916 то истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон аст.  Боби сеюм бошад, дар бораи пешрафт ва комёбиҳои замони истиқлолият баҳс мекунад. 
Ҳадафи камина аз иншои ин сатрҳо баррасӣ ва таҳлили маводи китоб нест. Тасмим гирифтам доир ба баъзе истилоҳоти таърихӣ-ҷуғрофӣ, ки муаллифон аз дидгоҳи худ шарҳу эзоҳ додаанд, ибрози андеша намоям. Инак, ба шарҳ ва тавзеҳи истилоҳи «Дизак» эътибор фармоед: “Жиззах” атамаси Оқ  хунлар (Эфталитлар) билан чатишган Суғутларнинг “Қӯрғонча” сӯзидан эмас, жиз – зах бирикмасидан ҳосил бӯлган. Жиз – иссиқ, зах – нам маъносини билдиради. Жиззах табиати ҳам шуни тақозо этади. 
Қондошимиз – Туркия турклари иссиқни “Сижак” дейдилар. Бу – Жиззах, Дизак, Жизах атамаларига “қондош”. Сиж – иссиқ, ак – зак (зах) жонли тилда (Ӯғиз лаҳжасида ҳам) “з” ҳарфи тушурилиб, “ак” тарзда талаффуз этилияпти” (саҳ. 28). 
Дар ин муҳокимаронию натиҷагирӣ духӯрагӣ ба назар мерасад.  Дар ягон забон ба “д ” табдилёбии ҳарфи “с” мушоҳида нашудааст. Ин ҷо “ак” пасванд аст ва бо калимаҳои “зак - зах” ягон робитаи маъноӣ надорад. Пасванди “ак” ба калима тобиши маъногӣ медиҳад, ки хурд будан, навозишро ифода мекунад. Калимаи “ диж-диз” калимаи суғдӣ буда, дар адабиёти мумтоз фаровон мавриди истеъмол буд. Дар ФЗТ, китоби якум, калимаи диж (диз) ба маънои қалъа, ҳисор, қӯрғон омадааст. 
Бад-ин ҷо диже ҳаст бар раҳгузар,
Зи рифъат ба кайвон бароварда сар. 
(ХОҶУ).  
“Бобурнома” муҳимтарин сарчашмаи таърихӣ мебошад. Муаллифон менависанд, ки “...Заҳириддин Муҳаммад Бобур ба Жиззах меояд ва дар ин кент муддате ором мегирад ” ва иқтибос овардаанд “Халилиядан Дизакка келинди. У фурсатда Дизакда Ҳофиз Муҳаммадбек дӯлдойнинг ӯғли Тоҳир дӯлдой қӯрғонбеги эди (”Чаман ичинда бир гул”, саҳ. 26). Таърихнависон дониставу надониста ҳақиқати таърихиро эътироф доштаанд, яъне Дизакро “кент” номидаанд. Бобур низ Дизакро чун «қӯрғон» пазируфтааст. Бешубҳа, истилоҳоти “кент”, ”қӯрғон”, ”кат”, «канд” бо калимаи диж (диз) “ҳамхунанд”, яъне муродиф мебошанд.  Диж (диз), ки пасванди ак-ро гирифтааст,  пас калъа, кент, қӯрғонест хурдтар. Дар саҳифаи 28-уми китоби онҳо фикри худ, Бобур ва ҷамъи сарчашмаҳои хаттии таърихиро инкор кардаанд, ки ҳеҷ гоҳ шоистаи қабул нест. Зеро он таҳрифи сарчашмаҳо мебошаду бас. 
Муаллифон пайдоиши номҳои ҷуғрофӣ-таърихии Боғдон, Фориш, Порашт ва Эски Форишро ба шаҳрҳои Бағдод ва Париж алоқаманд пиндоштаанд. Гӯё ин андеша аз ҷониби соҳибқирон Амир Темур сар зада бошад. (Ниг. саҳ. 80-81). Ин тезис ба шарҳу тавзеҳ эҳтиёҷ надорад. Эски Фориш номи нави (байни бародарҳои туркзабон) Порашти қадима аст.  Дар муқобили Эски Фориш Фориши имрӯза рӯйи кор омада. Боғдон низ ба Бағдоди Ироқ иртиботе надорад.  
Аз Айдаркӯлро Қизил ё Ҳайдаркӯл номидан мурод чист? Дар ягон китоб ва ё харита ба мафҳуми Ҳайдаркӯл дучор наомадаем. Назди Девони Вазирон кумитаи махсуси номгузорӣ амал мекунад. Ба тағйир додани номҳои ҷуғрофӣ-таърихӣ танҳо Олий Маҷлис ваколат дорад. 
“Дар байни асирон, – овардаанд дар саҳифаи 62-юми китоб, – писари Тамирида Спаргапиз низ буд”. Суол бармеояд, кистанд ин ду шахси таърихӣ? Тааҷҷуб накунед, мутаваҷҷеҳ бошед, инҳо ҳамон Тӯмарис ва писари ӯ Спаганис мебошанд, ки муқобили шоҳи форсҳо Куруш (Кир) ҷангидаанд. Муаллифон дар китоб аз  асарҳои Миркарим Осим “Тӯмарис” ва  “Тӯмарис.  Массагетлар қиссаси”-и Иброҳим Юсупов ёдовар шудаанд. Шояд китоби таълимии “Ҳикояҳо аз таърих”-ро хондаанд. Пас аз тағйири номи шахсиятҳои таърихӣ мақсад чист?! Оё хонандаро ба иштибоҳ андохтан шарт аст?!
Э.Қазоқов ва Т.Худойбердиев даъво доранд, ки номи кӯҳпояи Нурато ҳам ба оҳаксанг марбут аст. (Ниг. саҳ. 197.) Онҳо шояд фаромӯш кардаанд, ки дар вилояти Навоӣ куҳаншаҳри ҳамеша ҷавон  бо номи Нурато вуҷуд дорад. Кӯҳпояи Нурато маҳз аз номи ин куҳаншаҳр пайдо шудааст. 
Эътирозҳо зиёданд ба муаллифони ин китоби калонҳаҷм, ки аз 181 саҳифа иборат аст. Аммо таърихнигорӣ кори саҳл нест. Аз сарчашмаҳо бояд пурсамар истифода бурд ва ба таҳрифи манбаъҳои таърихӣ набояд роҳ дод. 

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
омӯзгори мактаби рақами 30-юми 
ноҳияи Нурато. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: