Президентҳои Ӯзбекистон ва Италия нақшаҳои минбаъдаи густариши муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ карданд

  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Италия нақшаҳои минбаъдаи густариши муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ карданд
  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Италия нақшаҳои минбаъдаи густариши муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ карданд
  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Италия нақшаҳои минбаъдаи густариши муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ карданд
  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Италия нақшаҳои минбаъдаи густариши муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ карданд
  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Италия нақшаҳои минбаъдаи густариши муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ карданд
  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Италия нақшаҳои минбаъдаи густариши муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ карданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла дар қароргоҳи «Кӯксарой» музокироти дуҷониба анҷом доданд.

Дар оғози мулоқот сарвари давлатамон меҳмони олиқадрро самимона хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки сафари кунунии Президенти Италия дар рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Италия рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад.

Серҷо Маттарелла ба роҳбари Ӯзбекистон барои даъват ва меҳмоннавозии самимӣ ба ҳайати Италия изҳори миннатдории самимӣ кард.

Президенти Италия ҷонибдории қатъии ислоҳоти бебозгашт дар Ӯзбекистони Навро алоҳида қайд намуда, ба саъю кӯшиши кишвари мо оид ба таъмини субот ва амиқсозии ҳамгароӣ дар Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи шарикии дуҷонибаи стратегӣ ва муносибатҳои гуногунҷанба дар самтҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба татбиқи амалии созишномаҳо, ки дар рафти сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Италия моҳи июни соли ҷорӣ ба даст омаданд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Сарони давлатҳо аҳамияти идома додани робитаҳои фаъоли парлумонҳо ва идораҳои сиёсати хориҷиро таъкид карданд.

Дар бораи соли оянда баргузор намудани ҷамъомади якуми Муколамаи стратегӣ дар сатҳи сарони идораҳои сиёсати хориҷӣ тавофуқ ҳосил шуд.

Равобити фаъол дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ – Италия» идома хоҳад ёфт.

Дар соҳаи ҳамкории иқтисодӣ аз аввали соли ҷорӣ гардиши молии мутақобила 30 фоиз афзуд. Портфели лоиҳаҳои муштарак 9 миллиард евроро ташкил дод.

Ба мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ пешниҳод карда шуд, ки Барномаи маҷмӯгии мусоидат ба савдо таҳия карда шавад.

Кооператсияи бомуваффақият бо ширкатҳои пешқадами Италия дар соҳаҳои металлургия, энергетика, электротехника, кишоварзӣ ва дигар таъкид гардиданд.

Ба ҷалби ширкатҳои пешқадами итолиёвии баландтехнологӣ барои иштирок дар лоиҳаҳои навсозии иқтисодиёти миллӣ манфиатдорӣ изҳор карда шуд.

Ҷонибҳо аз ифтитоҳи Ассотсиатсияи саноати «Конфиндустрия Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд, ки ба амиқсозии кооператсияи саноатӣ мусоидат мекунад, истиқбол намуданд.

Дар бораи омода намудани пешниҳодҳо оид ба самтҳои нав ва лоиҳаҳои маҳаллисозӣ дар доираи Гурӯҳи байниҳукуматӣ мувофиқа ҳосил шуд.

Омодагии Италия ба дастгирии ҳарчи зудтар дохил шудани Ӯзбекистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва қабули Созишнома дар бораи шарикии васеъ бо Иттиҳоди Аврупо изҳор гардид.

Аҳамияти ҳавасмандгардонии робитаҳои мустақим байни минтақаҳои ду кишвар қайд гардид. Ба ин муносибат пешниҳод шуд, ки Форуми минтақаҳои Ӯзбекистон ва Италия таъсис дода, нахустин мулоқоти он дар Самарқанд соли оянда баргузор шавад.

Илова бар ин, дурнамои рушди ҳамкориҳои фарҳангию башардӯстӣ муфассал баррасӣ шуд.

Мисоли ҳамкории бомуваффақият фаъолияти филиали Донишгоҳи политехникии Турин дар Тошканд мебошад.

Дар пойгоҳи ин донишгоҳи бонуфуз соли оянда Маркази интиқоли технологияҳои пешрафтаи итолиёвӣ ба фаъолият оғоз мекунад.

Афзудани шавқу рағбат ба омӯзиши забони итолиёвӣ дар Ӯзбекистон бо қаноатмандӣ қайд гардид. Дар бораи аҳамияти тайёр кардани омӯзгорон ва дар мактабҳои мо тадриҷан ҷорӣ намудани таълими забони итолиёвӣ якдилӣ ҳосил гардид.

Ғайр аз ин, нақшаҳои баргузор намудани намоишгоҳҳои муштараки санъати тасвирӣ дар Италия баррасӣ шуданд.

Ба мақсади шиносоӣ бо мероси ғанӣ, нодири фарҳангиву таърихӣ соли оянда дар кишварҳои мо Рӯзҳои фарҳанг, кино ва сайёҳии Ӯзбекистон ва Италия баргузор мешаванд.

Ба тадқиқотҳои археологӣ, ки бо дастаи муштараки Донишкадаи археологии Самарқанд, донишгоҳҳои Болоня ва Неапол баргузор намудаанд, баҳои баланд дода шуд.

Сарони давлатҳо зарурати густариши табодули академӣ ва баргузории форуми муштараки таълимро алоҳида қайд карданд.

Ҳамчунин доир ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, идомаи ҳамкорӣ оид ба мубориза бо чолишҳои умумӣ ва таҳдидҳои амниятӣ табодули афкор сурат гирифт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: