ЗАНҶИРҲОИ ҶАҲОНИИ ЛОГИСТИКӢ ВА ГУЗАРГОҲҲОИ НАҚЛИЁТӢ ИНКИШОФ МЕЁБАНД

Маълум аст, ки бо кишварҳои ҳамкор ва дар доираи созмонҳои байналхалқӣ бинобар масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бобати ба роҳ мондани мулоқоти доимӣ, бо онҳо баргузор кардани вохӯриҳои ду ва бисёрҷанба, ба роҳ мондани машваратҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ аз ҷумлаи самтҳои устувори сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ба шумор мераванд.

Аз ҷумла дар доираи Созмони давлатҳои туркӣ, ки алҳол дар низоми идораҳои байналхалқӣ соҳиби мақоми муҳим мегардад, Ӯзбекистон бисёр ташаббусҳоро пеш мегузорад. 
Дар ҷамъомади навбатии сарони Созмони давлатҳои туркӣ, ки 3 ноябри соли равон дар шаҳри Остона баргузор шуд, аз ҷониби Президенти  мо боз як қатор пешниҳодҳое, ки ба манфиати беш аз 160 миллион аҳолии кишварҳои аъзои ин созмон нигаронида шудаанд, пеш гузошта шуданд. 
Бахусус бо мақсади, беш аз пеш васеъ намудани робитаҳои бисёрҷанба ва дарозмуҳлати байни давлатҳои аъзои созмон коркарди Хартияи олами турк, ки ягонагӣ, гузаштаи бузург ва тамаддуни ғанӣ, ҳуввиятҳои азалиро ифода карда метавонад, пешниҳод карда шуд. 
Ҳамчунин бо мақсади пурзӯр намудани кооператсияи саноатӣ ва татбиқ сохтани лоиҳаҳои бузурги муштараки сармоявӣ фаъолтар кардани кори таъсис додани Бонки рушди туркӣ қайд карда шуд, пешниҳод гардид, ки ин муассисаи молиявӣ дар Тошканд ҷойгузин карда шавад. 
Пешниҳоди дар шаҳри Тошканд ҷойгузин намудани чунин муассисаи молиявӣ беҳуда нест. Зеро алҳол дар кишвари мо ба сабаби фароҳам омадани муҳити мусоиди соҳибкорӣ, нафақат дар шаҳри Тошканд, балки дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолияти марказҳои тиҷоратии ҷавобгӯйи талаботи замон ба роҳ монда шудаанд. 
Баробари ин шаҳри Тошканд ҳам барои аъзои Созмон – Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва ҳам барои давлатҳои мушоҳид Венгрия ва Туркманистон яқинан ҷойи мувофиқ аст. Зеро ҳоли ҳозир дар кишвари мо дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешқадами тамоми давлатҳои узви созмон бисёр лоиҳаҳои истиқболнок амалӣ мегарданд. 
Дар ин маврид аз ҷониби роҳбари давлати мо барои ба зинаи нав бардоштани ин дигаргуниҳои оғозёфта, инкишоф додани занҷирҳои ҷаҳонии логистикӣ ва гузаргоҳҳои нақлиётӣ, диверсификатсиякунонӣ, ташаккул додани соҳаи ягонаи транзитӣ ҳамчун масъалаҳои рӯзмарра таъкид карда шуданд. Ба ин маънӣ роҳбари давлати мо васеъ намудани салоҳияти гузаргоҳҳо, боз кардани самтҳои иловагӣ, аз ҷумла инкишоф додани гузаргоҳҳое, ки аз тариқи мамлакатҳоямон ба бозорҳои Чин, Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо мебароянд, ҳамчунин рақамикунонии хадматҳои нақлиётиро дастгирӣ кард. Барои ин таъсис додани Идораи роҳҳои оҳани Созмон ва дар Ӯзбекистон ҷойгир кардани қароргоҳи ин сохтор таклиф карда шуд. 
Ҳамчунин роҳбари давлати мо таклифро бинобар таъмин сохтани истиқрори экологӣ, ки ҳоли ҳозир аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи тамоми кишварҳои дунё маҳсуб меёбад, пеш гузошт. Аз ҷумла ба мақсади таҳким додани ҳамкории соҳаи экологӣ ба роҳ мондани фаъолияти доимии Анҷумани экологии туркӣ дар сатҳи вазирон пешниҳод гардид. 
Он чиз боиси эътибор мебошад, ки Президенти мамлакат муҳимияти амиқ омӯхтани мероси илмиву эҷодии ниёгони ҷадиди моро қайд намуда, аз вакилони кишварҳои Созмони давлатҳои туркӣ даъват ба амал овард, ки дар анҷумани байналхалқии «Ҷадидҳо: худшиносии миллӣ, ғояҳои истиқлол ва давлатдорӣ», ки моҳи декабри соли равон дар кишвари мо баргузор мегардад, фаъолона ширкат кунанд. 
Роҳбари давлатмон дар суханронии хеш ба масъалаҳои сулҳу салоҳи давлатҳои минтақа ва барқарории онҳо низ таваққуф намуд. Ба хусус, эътибори иштирокдорон ба мушкилоти халқи ҷафокаши сермиллати Афғонистон, ки тӯли ҳазорсолаҳо бо таърих ва тақдираш ба мардумони турк вобастагии қарин дорад, ҷалб карда шуд. 
Сарвари мамлакат даъват намуд, ки суръату сифати кумакҳои инсонпарварона ба мардуми афғон кам нагардад, механизмҳои дақиқе коркард шаванд, ки ба ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоии ин кишвар мусоидат мекунанд. 
Хулоса, фикру ақида ва пешниҳодҳое, ки дар ҳамоиши навбатии роҳбарони кишварҳои Созмони давлатҳои туркӣ дар Остона иброз гардиданд, барои боз намудани самтҳо ва механизмҳои нави ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаҳои маданиву инсонпарварии мамлактҳои аъзои созмон хидмат мекунанд. 

Музаффара АБДИЕВА, депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.            

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: