Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд, ки тартиби додани рухсатномаро барои убури транзити мошинҳои борбар бекор кунанд.
Ин тартиби убури сарҳадро соддатар мекунад ва вақти интиқоли борҳоро кам мекунад. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Тавре дар баёнияи ин идора гуфта мешавад, дар ҷараёни сафари Президени Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе 18-19 апрел тавофуқ ҳосил шуда, протоколи дахлдорро вазирони нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов ба имзо расониданд. Ҳуҷҷат баъди аз ҷониби ҳар ду давлат ратификатсия шудан эътибор пайдо мекунад.
Вазорати нақлиёт қайд кард, ки ҳамасола дар ду кишвар беш аз 1,2 ҳазор боркашонии транзитӣ анҷом дода мешавад ва соддагардонии тартиб вақти интиқолро коҳиш дода, бехатарии борҳоро беҳтар мекунад ва ин тадбир низ ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.
Дар ҳоли ҳозир барои ҳамлу нақли мунтазам ва номунтазами мусофирону борҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла транзит тавассути қаламравҳои онҳо, мавҷуд будани рухсатнома - ба истилоҳ иҷозаи даъватӣ тақозо мегардад.