СОҲИБКОРИ ЗАМБУРӮҒПАРВАР

Дар ноҳияи Косони вилояти Қашқадарё парвариши замбурӯғҳои қобили истеъмол ба роҳ монда шуданд, ки талаботи бозорҳои дохилии ҷумҳуриро таъмин месозанд.

Ин коргоҳ аз ҷониби Ширкати саҳҳомии масъулияташ маҳдуди «Олтин агро ҳосил маҳсулотлари»  ташкил шуда, дар ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Ҳамкорлик»-и ноҳия ҷой гирифтааст. 
Раиси маҳаллаи мазкур Саидмурод Холмуродов гуфт, ки аҳли маҳалла чун аз нияти соҳибкор огоҳ гаштанд, зуд барояш шароит муҳайё сохтанд ва таҳхонаи як бинои солҳо бекорхобидаро ҷудо карда, дар ихтиёраш гузоштанд. Бо шарофати ин соҳибкор ҳам коргоҳи нав бунёд ёфт, ҳам як ҷойи нообод дубора таъмир ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба гуфтаи С. Холмуродов, бо азми чунин соҳибкорон бозорҳои дохилии кишвар аз маҳсулоти зарурӣ пур мегарданд ва ин ба некӯаҳволии мардум мусоидат хоҳад намуд.
Айни ҳол дар коргоҳи замбурӯғпарварии «Ҳамкорлик» чор тан аз мардуми маҳаллӣ бо шуғли доимӣ таъмин шуда, роҳбарияти он ният доранд, ки бо афзудани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда шумори ҷой-ҳои кориро низ зиёд кунанд. 
Ҳоло як килограмм замбурӯғҳои истеҳсолкардаи коргоҳ дар бозорҳо ҳудуди 25-30 ҳазор сӯм ба фурӯш мераванд. 
Яке аз коргарони ин коргоҳи навташкил  изҳор дошт, ки навъи «Вешенко»-и замбурӯғро бештар мепарваранд. Азбаски навъи мазкур фоидабахш аст, дар байни аҳолӣ талабгоронаш низ зиёдтар ҳастанд. 
Раиси маҳаллаи «Ҳамкорлик»-и ноҳияи Косон Саидмурод Холмуродов гуфт:
– Ин нахустин коргоҳ дар ҳудуди маҳалла ба шумор меравад. Аз ин баъд чораҳои муассири рушди соҳибкориро дар ин гӯшаи дурдаст хоҳанд ҷуст. Ба таъкиди ӯ, қарору фармонҳои роҳбари давлат дар бораи ривоҷ додани соҳибкорӣ дар деҳоти дурдаст ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарони маҳаллӣ буда, аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳанд шуд.

Шариф ХАЛИЛ, хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: