БА АНДОЗАИ 6 МИЛЛИОН ДОЛЛАР МАҲСУЛОТ СОДИР МЕШАВАД

  • БА АНДОЗАИ 6 МИЛЛИОН ДОЛЛАР МАҲСУЛОТ СОДИР МЕШАВАД
  • БА АНДОЗАИ 6 МИЛЛИОН ДОЛЛАР МАҲСУЛОТ СОДИР МЕШАВАД
  • БА АНДОЗАИ 6 МИЛЛИОН ДОЛЛАР МАҲСУЛОТ СОДИР МЕШАВАД

Ҳар як гӯшаву канори мамлакати мо торафт беҳтар мегардад.

Хонаҳои нави истиқоматӣ, кӯдакистонҳо, мактабҳо, стадионҳо, иншооти тиҷоративу хидматрасонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд меёбанд, ки ҳусни шаҳру деҳоти моро зеботар мекунанд.

 

Ин, бешубҳа, натиҷаи ислоҳотест, ки дар кишвар бобати мустаҳкам кардани  сулҳу осоиш, рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани некуҳолии халқи мо татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ҷалолқудуқ солҳои охир бинобар сохтмон, баланд бардоштани некуҳолии аҳолӣ, бо шуғл таъмин кардани вай корҳои васеъмиқёс амалӣ шуданд. 
– Дар ноҳияи мо дар доираи Барномаи пешниҳоднамудаи Президент, ки ба пешбурди саноат, таъмин сохтани аҳолӣ бо шуғл, беҳтар намудани шароити ҳаёт дар ноҳияҳои дурдаст нигаронида шудаанд, корҳои назаррас татбиқ мегарданд, – мегӯяд ҳокими ноҳияи Ҷалолқудуқ Ҳикматулло Латипов. – Дар ноҳияамон саноати сабук зуд ривоҷ меёбад, дар ин самт иҷрои лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ ба роҳ монда мешаванд.
Ба қарибӣ дар маҳаллаи Туялас корхонае, ки ба истеҳсоли маснуоти дӯзандагӣ тахассус дод, ба кор шурӯъ кард. Маснуоти корхона, ки таҳти тамғаи «Само» истеҳсол мешаванд, нафақат дар бозорҳои дохилӣ, балки дар бисёр бозори кишварҳои хориҷӣ низ харидоргиранд. 
Дар корхонае, ки аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ҷалолқудуқ кластер агросервис» созмон дода шуд, дар доираи лоиҳаи арзишаш 8,7 миллион доллари ИМА 3,5 миллион адад маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ истеҳсол карда мешавад. Алҳол истеҳсоли беш аз 30 намуди маҳсулот барои кӯдакон, занон ва мардон ба роҳ монда шудааст. Пешбинӣ мегардад, ки корхона маҳсулоти худро соле дар ҳаҷми 6 миллион доллар ба содирот бароварад. 
– Корхонаи мо фаъолияти худро дар чоряки 2-юми соли гузашта оғоз карда буд, – мегӯяд роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ҷалолқудуқ кластер сервис» Акромҷон Ғаниев. – Дастгоҳ ва таҷҳизотро асосан аз Италия, Ҷопон ва Туркия овардем, ҷараёни истеҳсолот пурра автоматиконида шудааст. 
Истифодаи барномаи зеҳнии иттилоотӣ имкон медиҳад сифат ва миқдори маҳсулот, ки дар ҳар кадом хат истеҳсол мешаванд, аз тариқи онлайн назорат карда шавад. Аз ҳама муҳимаш маҳсулнокӣ чандин карат афзуд. 
Алҳол маҳсулоти ширкат ба кишварҳои ИДМ содир карда мешаванд. Ҳоли ҳозир роҳбарияти корхона бобати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо як қатор кишварҳои Аврупо баҳри вусъат додани содирот гуфтушунид мебарад. 
Дар ин корхонаи замонавӣ айни ҳол 800 нафар кор мекунанд. Аксарияти онҳо бонувон мебошанд. Барои фаъолияти самарабахши коргарон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, хӯроки нисфирӯзӣ бепул буда, барои кормандон хонаҳои истироҳатӣ хидмат мекунанд, онҳоро нақлиёт ба коргоҳ меоварад.

Фахриддин УБАЙДУЛЛОЕВ, 
хабарнигори ӮзА.
Суратгир: З. УМУРЗОҚОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: