ҚУДРАТИ МО – ДАР ЯГОНАГИИ АРТИШ ВА ХАЛҚ

Дар вилояти Сурхондарё дар доираи Ҳафтаи ватандӯстӣ, ки ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Нируҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан баргузор мегардад, чорабиниҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва маънавиву маърифатӣ ташкил карда мешаванд.

Яке аз чунин чорабиниҳо дар маҳаллаи «Намуна»-и ноҳияи Ҷарқӯрғон бо иштироки хидматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбии горнизонҳои Тирмиз ва Какайдин, ки дар ихтиёри Округи махсуси ҳарбии Ҷанубу Ғарб қарор доранд, баргузор шуд. Шиори он «Артиши Ӯзбекистони Нав – рамзи иқтидори мамлакат, ғурури олӣ ва садоқат» буд.
Чорабиние, ки дар он ҷавонон ва сокинон ширкат ҷустанд, бо қадамзании идонаи ҳарбиён дар кӯчаи марказии маҳалла оғоз ёфт. Дар мулоқоте, ки дар мактаби рақами 21-ум доир гардид, аз хусуси дигаргунӣ ва тағйиротҳое, ки дар низоми мудофиаи кишвари мо ба вуқӯъ меоянд, сухан рафт. Қайд шуд, ки дар замони ноороми кунунӣ артиши Ӯзбекистони Нав тимсоли иқтидори мамлакати мо, шаҳодати садоқат ба Ватан мегардад.
– Чорабиниҳои мазкур, ки дар маҳаллаҳо созмон дода мешаванд, ягонагии халқ ва артишро равшан намоиш медиҳанд, – гуфт раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Намуна» Шералӣ Иброҳимов. – Дар партави воқеаҳое, ки дар гӯшаву канори мухталифи ҷаҳон ба амал меоянд, чунин ҳамдиливу ягонагӣ ҳаёти орому осудаи моро таъмин хоҳад кард. Чорабинии мазкур низ маҳз ба ин мақсади нек хидмат мекунад. Ба ноҳияҳои дурдаст сафар кардани хидматчиёни ҳарбӣ дар шуури аҳолӣ, бахусус ҷавонон, эҳсоси муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтиром ба суннатҳои умумиинсонӣ, ифтихорро аз он, ки мо дар мамлакати орому шукуфон зисту зиндагӣ дорем, мустаҳкам менамояд.
Дар доираи тадбир, ки ҷасорат, садоқат ба Ватан, меҳру мурувват, ягонагӣ ва ҳамҷиҳатии халқ васф шуданд, ҷанговарон ба аёдати собиқадорон ва меҳнаткашони ақибгоҳ, пирон ва ногироён рафта, бо онҳо суҳбатҳои самимӣ баргузор карданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин баромади намоишии аскарон пешниҳод гардид. Дар иҷрои оркестри ҳарбӣ сурудҳо дар бораи Ватан, ягонагӣ ва ҳамҷиҳатии халқ садо доданд. Ҳамчунин барномаи консертӣ, ки аз ҷониби ҷавонони соҳибистеъдоди маҳаллаҳо тайёр карда шуданд, ба вуқӯъ пайваст.
Чорабиниҳои ҳарбиву ватандӯстӣ ва маънавиву маърифатӣ дар доираи Ҳафтаи ватандӯстӣ идома доранд.

Холмуъмин МАМАТРАЙИМОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: