Сарвари давлатамон бо рафти сохтмони маркази сайёҳии "Silk road Samarkand" шинос шуд.
Қад-қади канали заврақронии ноҳияи Самарканд маҷмааи азим сохта мешавад. Арзиши лоиҳа 381 миллион долларро ташкил медиҳад. Сохтмони 8 меҳмонхона, маркази конгресс ва корвонсаройи «Шаҳри абадӣ» идома дорад. Ду меҳмонхонаи дорои 22 ошёна панҷситорадор, боқимонда чорситорадор хоҳанд буд.
Зимни шиносоӣ бо иншоотҳо оид ба роҳандозии доираи васеи хидматрасониҳои муосир дастуру супоришҳо дода шуданд.
– Мо ёдгорихои меъмории зиёд дорем, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ мекашанд. Аммо доираи хидматрасонӣ кам, сифат паст аст. Дар ин марказ бояд хидмати бисёрфунксионалиро ба роҳ монд. Ба ин ҷо бояд донишҷӯёне, ки дар соҳаи сайёҳӣ таҳсил мегиранд, омада, таҷриба омӯзанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент инчунин аз корвонсаройи «Шаҳри абадӣ» дидан кард. Дар ин ҷо симои шаҳрҳои бостонии кишварамон, анъанаҳои меъморӣ, санъати амалӣ, таомҳои миллии халқи мо, фазои бозори бостонии шарқ аз нав ба вуҷуд оварда хоҳанд шуд.
– Ин ҷо таҷассуми таъриху фарҳанги мо мегардад, одамон бо оилаи худ меоянд. Аз ин рӯ, нақшу нигор ва ранги бино бояд ба анъанаҳои миллӣ мувофиқат кунад. Дар саҳни корвонсарой пештахтаҳо барои устоёни ҳунарманд ташкил кардан мумкин аст, – гуфт Президент.