НОМИ НЕКАШ ДАР ДИЛУ ДАР ЗАБОНҲО

Имрӯз субҳи содиқ вақти бомдод хобе дидам, ки бобоям бо қатъият мегуфт: «Рав хонаи тағоят! Бобои Иззатуллоята гуфта биё!» Ман як ларзида аз хоб бедор шудам.

Ба худ: «Худоё, ҳар ду бобоям фавтидаанду боз киро хабар кунам» гӯён, тарафи ҳаммом рафтам. Дар сарам сад фикру хаёл буд, ки ҷавоби комилро надоштанд.  
Солҳои охир бо кору хондан ҳеч вақт намеёфтам, ки раваму момои пиронсоламро хабар гирам. Худам аслан зодаи деҳаи хушманзараи Дарбанди ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ҳастам. 
Дар ин деҳаи зебоманзар ба воя расидам ва тарбияи ду боборо гирифта, аз кӯдакӣ ба хондани адабиёти бадеӣ иштиёқи калон доштам. Барои чӣ ду бобоям гуфтам? Ман бародари момоямро, ки калонсол буд, аз тағо гуфтан шарм медоштам. Бобое, ки манро ба тарбияаш гирифтааст, омӯзгори тоифаи олӣ ва соҳиби якчанд ҳунар буд. Ягон шабе набуд, ки бобоям ба ман афсона нақл накунад. Вақте хонаи бобои дигарам мерафтам, бо ҳамроҳии писари тағоям ӯро саволборон мекардем. Ӯ, ки шоири шинохта буд, ба бисёр саволҳоямон дурудароз ҷавоб мегуфт, аз ҳама муҳимтараш, ӯ ҳар рӯз бо ягон шогирдаш нишаста шеъру асарҳоро таҳрир мекард. Аз ҳар канор одамони калоншавандаву маърифатпарвар меҳмонаш мешуданд. Шабҳо байтхонӣ ташкил мекарданд. Бо орзуву ҳаваси кӯдакона дар паси дару тиреза рафти байтхониро гӯш мекардам ва хеле хушам меомад.
Иззатулоҳи Кенҷа шоири шинохтаи зуллисонайни Сурхондарё буда, бо ду забон: тоҷикиву ӯзбекӣ шеърҳо менавишт. Шеърҳои пурмазмуни шоирро аҳли деҳа мехонданду баҳра мегирифтанд. Ҳатто шеъри машҳуртарини «Ифтихор»-ро ҳофиз Хайруллоҳи Насриддини сурхонӣ сароида, унвони Тоҷикистонро гирифтааст. То ҳол дар радиёву телевизионҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон он садо медиҳад. Айни замон шеърҳои ӯзбекии «Сурхондарё ӯтмиши», «Эй телба дунё», «Дарбанд», «Наво»-ро ҳофизони шинохта месароянд. Соли 2002 шоир аввалин китоби худро бо номи «Садои кӯҳ» дар шаҳри Душанбе чоп намуд. 
Шоир ва омӯзгор фаъолияти худро солҳо дар мактабҳои ноҳия ва баъд аз он чун котиби шӯрои деҳаи ноҳияи Бойсун пеш бурдааст. Солҳои охири умраш ӯ роҳбари истироҳатгоҳи бачагонаи «Чорбоғ» буд. 26 июни соли 2009 дунёи ҳастиро тарк намуд.
Он рӯз бароям яке аз рӯзҳои сахттарини зиндагӣ буд. Ман, ки духтари наврас будаму акнун дар ҷодаи эҷод қадамҳои аввалини худро мемондам, бе устод мондам. Дар асл, ман дар пайравии бобоям Иззатуллоҳи Кенҷа хома ба даст гирифтаам. Ҳанӯз панду насиҳатҳояш дар паси гӯшам садо медиҳанд. Ҳар боре, ки ӯ бо хари сафеду саги сиёҳ роҳи «Чорбоғ»-ро пеш мегирифт, ҳатман ба дунболи  ӯ мерафтам. Ӯ ҳамеша сурудеро замзамакунон чашм аз кӯҳҳои баланди Дарбанд намеканд. Манзараҳои нотакрори деҳро дӯст медошт. Вақте илҳоми шеърнависиаш меомад, мегуфт: «Дафтару қалами маро биёр!» ва ман бо як ҷаҳон ҳаяҷон медавидам ба сӯйи хона, ки дафтари бобоямро пайдо кунам. Бобоям чанд шеърашро дар ҳузури ман навиштааст. Иззатуллоҳи Кенҷа нафақат шоир, балки сухандони комил, санъаткор ва гӯяндаи халқ буд. Ӯ дар дили мардум ва мо – набераҳояш ба таври ҳамешагӣ мемонад. Китоби шеърҳои ӯ ҳамсафари доимии мананд. 
... Ман қаҳваи саҳарии худро дам кардам ва китоби бобоямро кушодам. Чашмам ба ин сатрҳо афтод:
Эй нишони ҷовидон аз Оли Сомон тоҷикам,
Зодаи Машриқзамин аз хоки Хатлон 
тоҷикам.
Оташи толеи манро Суғд афрӯхт аз азал, 
Зулмати дунёи дунро шамъи тобон тоҷикам.
Баъд аз хондани  чанд шеъраш, худро дошта натавонистам. Чашмонам пури ашк шуданд. Он лаҳзаҳои умри ман, ки бо бобоям гузаштаанд, фаромӯшнопазиранд. 

Парвина РӮЗИМАҲМАДОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: