МАКТАБИ САБЗ АНДАР САБЗ

  • МАКТАБИ САБЗ АНДАР САБЗ
  • МАКТАБИ САБЗ АНДАР САБЗ

Ривояте ҳаст, ки пири хирадманде ба ниҳолшинонӣ машғул буд.

Фарзандаш аз падар мепурсад, ки: « – Эй падари бузургвор! Синни шумо ба ҷое рафтааст. Ниҳолро барои кӣ мешинонед? То ин ниҳолак дарахт мешавад, солҳои зиёде лозим аст». Пири хирадманд як табассуме ба сӯи фарзанд карду лаб кушод: « – Эй писари азизам, нури чашмам. Дар гузашта падару бобоёни мо ниҳол коштанд, мо самараи онро дидему чашидем. Имрӯз ман қарзи дар назди хеш доштаро иҷро карда истодаам. Ман ниҳол мекорам самараи онро наберагони ман мечашанд, фаҳмидӣ писарам, нури чашмам». 
Вақте ки ин суханони хирадмандонаи падарро писар шунид, беихтиёр шарм карда, ба ниҳолшинонии падар ёрӣ расонид. 
Ҳадаф аз ин ривоят он буд, ки имрӯзҳо дар тамоми минтақаҳои кишвари маҳбубамон маъракаи ниҳолшинонӣ дар авҷ. Ин иқдоми неки Президенти кишварамон хеле хирадмандона. Дар тӯли ин се сол назди боғчаҳое, ки бо ҳамроҳии омӯзгорони мактаби рақами 82-юми ноҳияи Сариосиё ба сомон расонидем, ба мева бастан оғоз кард. Вақте ки аз меваҳои шафтолуи боғи мактаб чашидем, сарфаҳм рафтем, ки сарвари мо аз хиради инсонӣ ва роҳи кордониашон ин фармоишро баровардаанд. Ҳар сол аз якуми ноябр ин маъракаи бошукӯҳ ба вуқӯъ мепайвандад. Бо маслиҳати мудири муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, шахси ҳалиму доно ва кордон Тоҷиддин Ӯзбеков мо – омӯзгорон тасмим гирифтем, ки ҳар чӣ зудтар аз пушти кор шуда, дар ин маъракаи умумикишвар саҳми худро гузорем ва мактабро ба боғи биҳишт табдил диҳем. Ҳамаи омӯзгорон бо як рӯҳияи идона ба кор шурӯъ карданд. Имрӯзҳо дар давраи таътили тирамоҳӣ омӯзгорони мактаби мо тамоми роҳравҳоро ба гулгашт табдил доданд. Дар ин кор саҳми ҳокими ноҳия Абдуқодир Донаев, ҷонишини хоҷагии қишлоқи ноҳия  Нурмаҳмад Каримов ва ҷонишини хоҷагии ҷангали ноҳия Исомиддин Ғоибов басо калон аст. Бо сардории  Абдуқодир Донаев як боғчаи замонавӣ ташкил карданд, ки дар он 150 бех  навъи пайвандии себи  сермаҳсули «фуҷӣ», 80 бех арчаи ороишии «маживелник» ва 80 бех  гули зебою ороишии «лаванда» бо ёрии ходимони мактаб ва  кормандони хоҷагии ҷангали ноҳия шинонаданд. Мо кормандони мактаби мазкур ин иқдоми хирадмандонаи Президенти кишварро дастгирӣ ва идома дода, ягон ваҷаб замини дар ихтиёри мактаб бударо бесамар намегузорем, мегӯянд кормандони муассиса. 

Саодат САНГИНОВА, директори мактаби рақами 82-юми ноҳияи Сариосиёи
вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: