ЛАБОРАТОРИЯИ НАВИ ОИД БА САНҶИШИ РАДАРҲО БА КОР САР КАРД

Дар Донишкадаи миллии метрологии Ӯзбекистон бо ҳамкории ширкати олмонии «Atlas International» дар ҷумҳурӣ ягона лабораторияи махсус оид ба ченаки техникӣ ва таҷҳизоти низоми суратгирии видеоӣ ташкил карда шуд.

Дар Донишкадаи миллии метрологии Ӯзбекистон бо ҳамкории ширкати олмонии «Atlas International» дар ҷумҳурӣ ягона лабораторияи махсус оид ба ченаки техникӣ ва таҷҳизоти низоми суратгирии видеоӣ ташкил карда шуд.
Ин лоиҳа мувофиқи қарори Президенти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои татбиқ намудани лоиҳаи сармоявӣ дар соҳаи таъмин кардани амнияти ҳаракати роҳ» аз 30 октябри соли 2018-ум амалӣ гардид. Дар лаборатория дурустӣ ва дақиқии кори радарҳо, ки суръати ҳаракатро муайян мекунанд, санҷида мешавад.
Маблағ дар ҳаҷми 1,4 миллион евро, ки ҳукумати Олмон ҷудо кардааст, барои таҳкими сифати инфрасохтори кишварҳои иштирокдори лоиҳа – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон равона карда мешавад.
Барои ташкил кардани лабораторияи ченаки техникӣ ва таҷҳизоти низоми суратбардории видеоӣ дар байни оҷонсии «Ӯзстандарт», Донишкадаи миллии метрологии Ӯзбекистон ва ширкати олмонии «Atlas International» муоҳида ба имзо расида буд. Дар асоси он солҳои 2018-2019 дар соҳаи таъмин сохтани амнияти роҳ ин лоиҳаи сармоявӣ татбиқ карда шуд.
– Мувофиқи моддаи 20-уми Қонун «Дар бораи метрология» воситаҳои ченак, ки бобати таъмин сохтани амнияти ҳаракати нақлиёт истифода мешаванд, ҳамчунин радарҳои суратбардор бояд давра ба давра аз санҷиши метрологӣ гузаранд, – мегӯяд роҳбари шуъбаи санҷиши бузургии геометрӣ ва магнитӣ Ойбек Халилов. – Лабораторияи нав бо воситаҳои намунавии ченкунӣ, ки ҳангоми санҷиши метрологии низоми суратбардории видеоии воситаҳои нақлиёт истифода мешаванд, таъмин карда шудааст. Дар ин ҷо моҳе 500 радар санҷида мешаванд.
Бартарии лабораторияи замонавии ченаки ҳаракати воситаҳои автонақлиётӣ ҳамин аст, ки он пурра дар режими онлайн, яъне бе иштироки инспектор кор мекунад. Ғайр аз ин лаборатория дар бораи қонунвайронкуниҳо бевосита ба пойгоҳи Раёсати амнияти ҳаракати роҳ маълумот мефиристад. Дар доираи лоиҳа шарикони олмонӣ бинобар радарҳои видеоиву суратбардорӣ тамоми ҷиҳатҳои хидматрасониро адо мекунанд.
Дар амал ҷорӣ намудани чунин воситаҳои замонавии ченкунии суръати ҳаракат имкон медиҳад назорат нисбати тамоми иштирокдорони ҳаракати роҳ таъмин карда шавад. Низоми мазкур аз нуқтаи назари амният хеле муҳим мебошад.

Саидмурод РАҲИМОВ,
хабарнигори ӮзА.
Суратгир: Т.Мамадаминов (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: