ИСТЕҲСОЛИ МОТОТСИКЛҲОИ СЕЧАРХАИ БОРКАШОН БА РОҲ МОНДА ШУД

Мувофиқи қарори махсуси Президенти мамлакат дар ноҳияи Олоти вилояти Бухоро низ «Минтақаи саноат ва соҳибкории ҷавонон» созмон ёфт.

Бо ин мақсад дуним сол муқаддам аз ҳудуди маҳаллаи «Халифа» 2 гектар майдон ҷудо гардида, барои сохтмони шабакаи электр 300 миллион сӯм, барои барпо кардани шабакаҳои гази табиӣ 350 миллион сӯм маблағ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ҳавола шуда буд. Дар натиҷа мувофиқи лоиҳа аксарияти корҳои бинокорию монтаж амалӣ гардид.
Аввалин лоиҳае, ки ин ҷо омодаи фаъолият гаштааст, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Buxoro Gold Star Moto» (роҳбараш соҳибкори ҷавон Фарҳод Тӯрамуродов) мебошад. Ин ҷо истеҳсоли мототсиклҳои сечархаи боркашон (қимати умумиаш 15 миллиард сӯм) ба роҳ монда мешавад. Дар марҳилаи аввал дар корхона 50 нафар бо кор таъмин шуда, соле истеҳсол намудани 3 ҳазор дона сечархаи боркашон ба нақша гирифта шудааст. 
Ба ин муносибат маросими тантанавии кушодашавии «Минтақаи саноат ва соҳибкории ҷавонон»-и ноҳия ба амал омад. Дар он ҷонишини ҳокими вилоят – сардори садорати сармоя ва савдои берунӣ Ризо Асадов, ҷонишини ҳокими вилоят оид ба корҳои сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва маънавияту маърифат Миралӣ Ҳамроев, ҳокими ноҳия Наргиза Неъматова, сардори садорати вилоятии Агентии кор бо ҷавонон Шавкат Раҳмонов ба сухан баромада дар бораи имкониятҳои барои ҷавонон фароҳам овардашуда ва аҳамияти ин корхона таваққуф карданд. 

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: