Дар минтақаи хурди саноатии «Кушон» боз як корхонаи нави истеҳсолии саноатӣ – Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «AZIAN METAL» ба фаъолият шурӯъ кард.
Дар кушодашавии корхонаи нав таҳти роҳбарии ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов, роҳбарони секторҳо, вакилони ташкилот ва корхонаҳо, собиқадорони меҳнат ва ҷавонон иштирок намуданд.
Барои корҳои бунёдкорӣ ва таҷҳизоти технологӣ беш аз 1,5 миллион доллар маблағ сарф шуда, 30 нафар эҳтиёҷманд бо шуғл таъмин гардид. Корхона ба истеҳсоли маҳсулоти симтӯрҳои гуногунандоза ихтисосонида шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона соле беш аз 500 тонна симтӯрҳои гуногунандоза мебошад, ки барои пешрафти кори соҳибкорону фермерон аҳамияти калон дорад.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.