Табиат мекунад моро табобат

Барои пешгирии пиршавии бармаҳал

Барои пешгирии пиршавии бармаҳали бадан воситаи бо қаламфури сурх омодашуда кумак мерасонад. Барои ин 1 қошуқча қаламфури сурхи майдашударо бо 500 грамм равғани растанӣ ва 200 грамм асал омехта намоед. То ба охир расидани он, дар як рӯз 4-5 маротиба 1 қошуқ истеъмол кунед. Муолиҷаро бо танаффуси на камтар аз се моҳ такрор кардан мумкин аст.
 
Барои бардамӣ

Дар табобат мурчи дароз (филфили дароз) низ истифода мешавад. Он нисбат ба дигар навъҳои мурч қавитар ва хуштаъм буда, тезии он форам, хусусияти рондан, тоза кардани рӯдаҳоро дорад. Ба таркиби доруҳои қувватбахши мардонагӣ дохил мешавад. Истеъмол намудани мурчи дароз бо мавизи бедон ва асал, аз бисёр бемориҳо пешгирӣ карда, инсонро ҳамеша пурқувват нигоҳ медорад.
Барои ин 1 кг асал ва мавизи зарди бедон ба миқдори баробар ҳамроҳ карда, 100 грамм мурчи дароз (вай ба гули бед монанд буда, монанди доначаҳои баргизӯф зич ҷойгир шудааст, дарозияш 2–3 см) кӯфта, омехта мешавад. Саҳарӣ ва бегоҳ 1 қошуқӣ (қошуқи чой) мемаканд.
 
Ҳангоми поён фаромадани бачадон
 
Барги тару тозаи газна (чаёнӯт)-ро гузошта мебанданд, бачадони поёнфаромадаро ба ҷояш бармегардонад).
 
Ҳангоми сардии бачадон
 
Агар равғани ҳазориспанд ҳуқна карда шавад, барои дарди миён, дарди паҳлу, инчунин сардии гурда ва бачадон фоида дорад. (Барои шахсони гарммизоҷ ҳазориспанд тавсия дода намешавад).
 
Ҳангоми захмҳои бачадон
 
Барои фоида расонидан ба захмҳои бачадон, ба ҷӯшобаи бӯйимодарон нишастан лозим аст.
 
Ҳангоми хунравии варамҳои бачадон
 
Ҳангоми хунравии варамҳои бачадон, 60,0 грамм явшонро ба ангишт табдил дода майда кӯфта, аз он дар як рӯз 3 маротиба ба миқдори 0,2 бо оби биринҷи бе намак ҷӯшонида менӯшанд.
 
Барои мулоим кардани даҳонаи бачадон
 
Равғани гармкардашудаи бӯйимодарон барои нарм кардани даҳонаи бачадон кор мекунад.
 
Ҳангоми сахтшавии бачадон
 
Дар ҳолати сахтшавии бачадон ва дардҳое, ки аз сардӣ ба вуҷуд меоянд, ба ҷӯшобаи гулсафсар менишинанд.
 
Ҳангоми хориши бачадон
 
Кокӯтӣ (кийикӯт)-и саҳроиро дар об ҷӯшонида, ба зери шикам, яъне гирди ноф, кам-кам ва пайваста чаконда шавад, барои хориши бачадон, бӯйи бачадон ва сахтшавии он – дар ҳама ҳолатҳо муфид аст.

(Давом дорад).
Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,
             А. РӮЗИМАТОВ

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: