Ҳар шаб, вақте торикӣ фаро мерасад, дар умқи 200 то 1000-метрии уқёнус рӯйдоди ҳайратангезе оғоз меёбад: триллионҳо мавҷудоти хурди баҳрӣ – аз зоопланктон то моҳиҳои майда ва калмарҳо – барои ҷустуҷӯи ғизо ба сатҳи об мебароянд.
Бо дамидани субҳ онҳо боз ба умқи торики уқёнус бармегарданд.
Олимон ин падидаро бузургтарин муҳоҷирати ҳаррӯзаи ҳайвонот дар рӯи Замин меноманд. Бори аввал дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон маҳз ҳамин ҳаракати азими мавҷудоти баҳрӣ дастгоҳҳои сонарро ба иштибоҳ андохта буд: онҳо гумон мекарданд, ки қаъри баҳр ҳаракат мекунад.
Ин муҳоҷирати шабона на танҳо барои зинда мондани сокинони уқёнус муҳим аст. Он ҳамчунин дар интиқоли карбон ба қаъри баҳр саҳми калон дошта, ба коҳиши гази карбон дар атмосфера ва танзими иқлими Замин мусоидат мекунад.
Аммо олимон ҳушдор медиҳанд, ки гармшавии иқлим ва густариши моҳидории амиқи баҳр метавонанд ба ин экосистемаи нодир хатари ҷиддӣ эҷод кунанд.
Манбаъ: BBC Future.