Инқилоби чархҳо: электромобилҳо инсониятро ба кадом самт мебаранд?

Дар солҳои охир саноати автомобилсозии ҷаҳон давраи дигаргуниҳои бесобиқа ва ногузирро аз сар мегузаронад. Ин раванд дар тӯли сад соли охир ҳамто надошт.

Автомобилҳои дорои муҳаррики дарунсӯз, ки даҳсолаҳо боз ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии ҳаррӯзаи мо ба шумор мераванд, тадриҷан ҷойи худро ба нақлиёти барқӣ медиҳанд. Таҳдидҳои экологӣ, тағйирёбии глобалии иқлим ва маҳдуд будани захираҳои нафт кишварҳои пешрафта ва ширкатҳои бузурги автомобилсозиро водор месозанд, ки низоми нақлиётро ба таври куллӣ бознигарӣ кунанд.
Иттиҳоди Аврупо нақша дорад, ки аз соли 2035 фурӯши автомобилҳои нави бензинӣ ва дизелиро, ки партовҳои зараровар хориҷ мекунанд, комилан манъ намояд. ИМА ва Чин барои густариши истифодаи электромобилҳо субсидияҳои калон ва имтиёзҳои андозӣ ҷорӣ мекунанд. Дар ин замина, ширкатҳои бузурге чун «Volkswagen», BMW, «General Motors» ва «Toyota» миллиардҳо долларро ба таҳияи платформаҳои нави барқӣ равона месозанд.
Дар бозори ҷаҳонӣ рақобати шадид миёни ширкати «Tesla»-и Илон Маск ва бренди чинии BYD низ афзоиш ёфтааст. Агар «Tesla» бо нармафзор ва технологияҳои идоракунии худкор дар сафи пеши соҳа қарор дошта бошад, BYD бо пешниҳоди батареяҳои нисбатан арзон ва боэътимод мавқеи пешсафи худро аз рӯйи ҳаҷми фурӯш нигоҳ медорад.
Чаро таваҷҷуҳ ба электромобилҳо меафзояд?
Талаботи рӯзафзун ба электромобилҳо бесабаб нест. Ин навъи нақлиёт як қатор бартариҳои муҳим дорад.
Аввалан, он сарфакор аст. Арзиши неруи барқ нисбат ба бензин ё сӯзишвории дизелӣ, вобаста ба нархҳо ва шароити истифода, метавонад хеле арзонтар бошад. Ҳамчунин, дар электромобил қисмҳои ҳаракаткунанда ва ҷузъҳои фарсудашаванда камтаранд. Аз ҷумла, иваз кардани равғани муҳаррик ва хизматрасонии қуттии интиқолдиҳанда, ки дар автомобилҳои маъмулӣ заруранд, дар электромобилҳо ё талаб карда намешаванд ё ҳаҷми камтар доранд. Аз ин рӯ, хароҷоти нигоҳдорӣ ва таъмири онҳо метавонад ба таври назаррас коҳиш ёбад.
Дуюм, электромобилҳо ҳангоми ҳаракат партовҳои мустақими зарароварро ба ҳаво хориҷ намекунанд. Ин хусусият метавонад ба беҳтар шудани вазъи экологӣ, бахусус дар шаҳрҳои бузург, мусоидат кунад.
Илова бар ин, муҳаррики барқӣ суръатгирии баланд, ҳаракати ҳамвор ва садои камтарро таъмин менамояд. Ин ҳама барои ронанда ва мусофирон шароити бароҳат фароҳам меорад.
Мушкилот ва паҳлуҳои дигари инқилоби барқӣ
Бо вуҷуди бартариҳои зиёд, ин таҳаввулоти технологӣ мушкилоту камбудиҳои худро низ дорад.
Яке аз масъалаҳои асосӣ нокифоя будани инфрасохтор ва шумораи маҳдуди нуқтаҳои пуркунии батарея мебошад. Агар барои пур кардани баки бензин ҳамагӣ чанд дақиқа лозим шавад, пур кардани батареяи электромобил метавонад вақти хеле бештарро талаб кунад. Ин ҳолат, махсусан ҳангоми сафарҳои дур, боиси нороҳатӣ мегардад.
Мушкили дигар ба батареяи литий-ионӣ, ки яке аз гаронтарин ҷузъҳои электромобил аст, рабт дорад. Бо гузашти вақт иқтидори батарея коҳиш меёбад ва иваз кардани он метавонад хароҷоти зиёдро талаб намояд.
Ҳамчунин, ҳарорати ниҳоят паст ё баланд ба самаранокии батарея таъсир мерасонад. Дар чунин шароит масофае, ки электромобил бо як маротиба пур кардани батарея тай карда метавонад, коҳиш меёбад.
Мутахассисон инчунин ба таъсири ғайримустақими электромобилҳо ба муҳити зист таваҷҷуҳ доранд. Масалан, агар неруи барқ асосан аз ангишт ё газ истеҳсол шавад, истифодаи чунин автомобилҳо низ ба таври ғайримустақим боиси партови газҳои гулхонаӣ мегардад. Истихроҷи литий ва кобалт барои истеҳсоли батареяҳо, инчунин коркард ва безараргардонии батареяҳои фарсуда низ метавонад ба муҳити зист зарар расонад.
Ояндаи нақлиёти барқӣ чӣ гуна хоҳад буд?
Дар маҷмӯъ, инқилоби электромобилӣ на як тамоюли муваққатии мӯд, балки қадами муҳим дар роҳи бунёди ояндаи устувортар ва аз ҷиҳати экологӣ солимтар арзёбӣ мешавад.
Бо рушди босуръати технологияҳо интизор меравад, ки дар солҳои наздик роҳҳои ҳалли бисёре аз мушкилоти мавҷуда пайдо шаванд. Таҳияи батареяҳои арзонтару самараноктар, беҳтар кардани имконоти коркарди дубораи онҳо ва гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия метавонанд нақши муҳим бозанд.
 Гарчанде ки анҷоми давраи автомобилҳои дорои муҳаррики дарунсӯз ҳанӯз масъалаи баҳсбарангез аст, як чиз равшан аст: нақлиёти барқӣ дар ояндаи саноати автомобилсозӣ мавқеи торафт муҳимтарро ишғол хоҳад кард.

Фардона Яхшибоева, ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: