Бо назардошти боришоти пешбинишуда рӯзҳои 21–24 июл, дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони ҷумҳурӣ эҳтимоли рух додани сел ва обхезӣ вуҷуд дорад.
Тибқи маълумоти расмӣ, хатари сел дар минтақаҳои зерин пешбинӣ мешавад:
Вилояти Тошканд: ноҳияҳои Оҳангарон, Бӯстонлиқ, Паркент, Пискент, Ӯртачирчиқ, Юқоричирчиқ ва шаҳрҳои Ангрену Олмалиқ;
Вилояти Намангон: ноҳияҳои Поп, Косонсой, Чортоқ, Чуст, Намангон ва Янгиқӯрғон;
Вилояти Фарғона: ноҳияҳои Сӯх, Шоҳимардон, Фарғона ва Бешариқ;
Вилояти Андиҷон: ноҳияҳои Андиҷон, Асака, Ҷалолқудуқ, Қӯрғонтеппа, Пахтаобод, Избоскан, Хоҷаобод, Марҳамат ва шаҳри Хонобод.
Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ эҳтимоли ҷамъ шудани оби борон вуҷуд дорад, ки метавонад боиси обхезии маҳаллӣ гардад.
Аз сокинони минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистон, инчунин сайёҳон ва ронандагоне, ки дар ин минтақаҳо сафар мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои бехатариро риоя намуда, тамоми чораҳои эҳтиётиро андешанд.