Дар Ҷиззах корманди мақомоти андоз, ки соҳибкорро фиреб дода, аз ӯ пул гирифтааст, бо далелҳои шайъӣ дастгир гардид. Дар ин бора Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки кормандони Раёсати Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар вилояти Ҷиззах амалиёти фаврӣ анҷом додаанд.
Дар ҷараёни амалиёт муайян шудааст, ки сарнозири давлатии андози Нозироти андози шаҳри Ҷиззах Х.Ш. қарзи андозии соҳибкори инфиродӣ «Т.М.»-ро, ки 1,4 миллион сӯмро ташкил медод, 17 миллион сӯм нишон додааст. Ӯ ба соҳибкор гуфтааст, ки агар ин қарзро пардохт накунад, дар ин бора ба мақомоти дахлдор хабар медиҳад.
Ҳамчунин, корманди андоз ваъда додааст, ки дар сурати додани 9 миллион сӯм тавассути шиносони худ, ки дар мансабҳои баланд кор мекунанд, қарзи андозии соҳибкорро бартараф хоҳад кард. Ӯ бо ин роҳ 2 миллион сӯмро бо роҳи фиреб ба даст оварда, ҳангоми гирифтани 7 миллион сӯми боқимонда дар назди бинои Нозироти андози шаҳри Ҷиззах бо далелҳои шайъӣ дастгир шудааст.
Айни ҳол вобаста ба ин ҳолат тибқи моддаи 168 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.