Сарвазири Ҳиндустон бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон омад

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди бо сафари давлатӣ ба кишвари мо омад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии «Тошканд-Ҳумо» Сарвазири Ҳиндустонро Президенти Ӯзбекистон пешвоз гирифт.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр парчамҳои давлатии ду кишвар барафрохта шуда, қаровули фахрӣ саф орост.

Чорабиниҳои асосии сафар пагоҳ, 30 август, баргузор мешаванд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: