Ӯзбекистон дар раддабандии ҳукумати электронӣ-и СММ мақоми 32-юмро касб кард

Нишондиҳандаи кишвар нисбат ба соли 2024-ум 31 зина ва дар муқоиса бо соли 2020-ум 55 зина беҳтар шудааст.

Ӯзбекистон дар Индекси рушди ҳукумати электронии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) миёни 194 кишвар мақоми 32-юмро ишғол кард. Дар ин бора Вазорати технологияҳои рақамии кишвар хабар додааст.
Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти СММ барои соли 2026, Ӯзбекистон бори аввал ба қатори кишварҳое шомил гардид, ки сатҳи рушди ҳукумати электронии онҳо хеле баланд арзёбӣ мешавад. Нишондиҳандаи умумии кишвар 0,8930 холро ташкил дод, дар ҳоле ки ин рақам дар соли 2024 ба 0,7999 хол баробар буд.
Дар таҳқиқот хизматрасониҳои давлатии онлайн дар Ӯзбекистон бо 0,8885 хол, инфрасохтори телекоммуникатсионӣ бо 0,9213 хол ва сармояи инсонӣ бо 0,8692 хол баҳогузорӣ шудаанд. Нишондиҳандаи иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ бошад, 0,8276 холро ташкил додааст.
Дар гузориш ҳамчунин иқдомҳои Ӯзбекистон дар самти рушди технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ, зикр шудаанд. Аз ҷумла, лоиҳаҳои озмоишии Маркази рушди зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҳамкориҳои илмӣ ва баргузории озмунҳо дар ин соҳа мавриди эътироф қарор гирифтаанд.
Дар Стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» ҳадаф гузошта шудааст, ки кишвар аз рӯйи Индекси рушди ҳукумати электронии СММ ба қатори 30 давлати пешрафтаи ҷаҳон ворид гардад. Мақоми 32-юм қадами муҳим дар роҳи расидан ба ин ҳадаф ба шумор меравад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: