Зани солхӯрдаи солоре аз хона баромад, бо оҳанги ғамолуд ботааннӣ ба кадбону гуфт:
– Чӣ илоҷ, зиндагӣ ҳамин будааст. Худатонро ба даст гиреду аз пайи камбудиҳо шавед. Соатҳои башумор мондаанд. Сонӣ дасту по гум мекунед. Охир, модаратон обрӯмандтарин фарди ин гирду атрофанд. Маъракаашон калон мешавад.
Ҷавонзан оби дида мерезад, зоҳиран суханҳои отунбибӣ ба гӯшаш намедароянд. Вай аз одаму олам канда шудааст. Ҳар замон бехудона «Во дареғ! Во аҷали шумрӯй!» гуфта ба осмон назар мекунад. Кӯдак ҳам ҳамон сӯй чашм меандозад. Осмон каб-кабуд, на пораи абреву на чангу ғуборе. Лекин аз чашмони шаҳлои модар ашк шашқатор мерезад. Духтарак оҳиста аз ҷой хеста, хона медарояд.
Модаркалонро рӯйи бистари поку тамиз хобонидаанд. Рӯйкаши ҷойхобаш барфсон чашмро мебарад, ҷилди болинаш ҳам. Рӯяшро каме ҷониби қибла гардонидаанд. Чашмони нимроғаш чизеро ифода намекунанд, вале лабони пурожангаш моили табассум. Ин ҳолати бемор барои духтарча ноошно менамояд.
Охир, чанд рӯзак пеш бибиҷонаш тамоман солим буд, бо пойи худ мегашт, ҳатто, ба ину он кор даст ҳам мезад. Ба саволҳои беохири Нордона ҷавоб медод. Баъзан ба чашмони наберааш бодиққат назар карда мепурсид:
– Донистани ин гапҳо ба ту чӣ лозим?
– Охир, донистан мехоҳам, ман аввали аввал дар куҷо будам?
– Дар куҷо мебудӣ? Ҳамту таваллуд нашуда будӣ.
– Охир, пеш аз таваллуд шудан-чӣ?
– Калон шавӣ, сонӣ мефаҳмӣ. Рав, бозӣ кун.
– Бибиҷон, барои чӣ рӯйи шумо пажмурдаву пурожанг аст?
– Чунки ман пир шудаам.
– Ман ҳам ҳамин тавр пир мешавам?
– Ҳо, илоҳо ба синну соли ман расӣ.
– Не-е, ман ба синни шумо расидан намехоҳам.
– Инту нагӯ, аз даҳонат шамол барад! Илоҳо, умри дароз бинӣ.
– Охир, ман кампираки пажмурда шудан намехоҳам. Мехоҳам, ки очаам барин хушрӯяк бошам.
– Очаат ҳам ягон рӯз ба пирӣ мерасад.
– Агар очам пир шавад, шумо чӣ мешавед?
– Чӣ мешудам? Фано мешавам, бачам.
– Чӣ гуфтед? Фано мешавед?
– Ҳо. Яъне, маргам мерасад.
– Бибиҷон, марг чӣ хел мерасад? Вай аз куҷо меояд?
– Аз боло мерасад. Аз марг гурехта намешавад. Аҷал ҳамеша миёни чашму абрӯст. Бехабар мемонӣ, ки панҷа ба гулӯят задааст.
– Дурӯғ! Аввал гуфтед, ки аҷал аз боло меояд. Боз мегӯед, ки вай миёни чашму абрӯ меистад. Ман доимо ҷавон будан мехоҳам.
– Илоҳо, ҳазорсола шавӣ, бачам.
– Ҳазор сол ҷавон будан мехоҳам!
– Ба муродат расӣ, бачам.
Дар назари Нордона марг деви сиёҳро мемонад, ки бо панҷаҳои пашмини нохундарозаш аз ҳалқи одам ҷонашро кашида мебарорад. Духтарча сахт метарсад. Аммо ваҳмашро нишон додан нахоста, боз ба модаркалон савол мекунад.
– Бибиҷон, одам мурад, боз зинда мешавад?
– Э, кош мурда як бори дигар зинда мешуд, он гоҳ холаи ҷавонмаргат бозмегашт. Бо додари аскарам дидор ба қиёмат намемондем.
– Мешавад ё не?
– Чӣ мешавад ё не?
– Мепурсам, ки одам мурад, боз зинда мешавад?
– Гуфтам, ки не. Саволҳои бемаънӣ нате. Рав, бозӣ кун!
– Барои чӣ одамо дар кино мемуранду боз дар кинои дигар мебинӣ, ки зинда га-ш-таанд?
– Онҳо аз ростӣ намемиранд. Ҳамту дурӯғакӣ бозӣ мекунанд.
– Xудатон навак гуфтед, ки бо аҷал бозӣ карда намешавад, боз мегӯед, ки...
– Уфф...
– Яъне, бо аҷал бозӣ карда мешавад?
– Хайр, гуфти ту шавад, баъзан дар саҳнаҳои бозӣ дурӯғакӣ бозӣ кардан мумкин.
– Ин тавр бошад, ман ҳозир шуморо мепаронам, шумо як бор муред.
– Магар духтаракон ҳам одама мепаронанд?
– Агар писаракон кам бошанд, дар ҷангбозӣ духтаронро ҳам шарик мегиранд.
Духтарбача оташгиракро гирифта, сӯйи модаркалон рост мекунаду «та-та-та»- гӯён «тир мепаронад». Кампир кӯдаквор худро ба рахти хоб мепартояд ва забонашро аз даҳон бароварда «мемирад». Нордона бозавқ механдад.
Вале имрӯз модаркалон мисли онрӯза «намемирад». Дақиқан ӯ бо аҷал бозӣ намекунад. Ҳама ба расидани марги ӯ, ки доимо миёни чашму абрӯяш маътал меистад, бовар доранд. Аз ин рӯ, ғам мехӯранду оби дида мерезанд. Вале Нордона бовар кардан намехоҳад, ки бибиаш, ҳамин бибиҷонаш, ки шарики бозиву нозбардори ҳамешагии ӯст, мемурда бошад. Дигар ин ки модаркалон он рӯз тарзи мурданро нишон дода буд. Мебоист ҳамон зайл забони мурда аз даҳонаш барояд. Аммо ҳозир бибӣ мисли тифл механдаду зери лаб мегӯяд: «Нордона, омадӣ? Биё, ки ба банди ҷигарам зер кунам».
Духтарак бо шунидани номи худаш далертар шуда, пеш меравад, вале кампири ҳамсоя аз дасти ӯ медорад.
– Берун баро, духтарам.
– Бибиам маро ҷеғ мезананд...
– Туро не, Нордонаи худашро мепурсад.
– Ун кас Нордонаи дигар надоранд.
– Ун Нордона соҳиби номи ту буд.
– Не, ман соҳиби номи худам ҳастам, фақат худам.
Духтарча сари болини модаркалон мешинаду даст ба пешонии ӯ мегузорад.
– Бибиҷон, ман омадам. Чашмонатона кушоед.
Вале кампир номи дигар касро мегирад.
– Ҷалилҷон, ин туӣ... Пазмон шуда будам. Эҳ Худоё... Хайрият ин рӯз расид. Шукр... Ман... Ман ҳозир. Оҳ-ҳо, шумо, ки ҳама сарҷамъ омадаед... Биёед, биёед. Нее... Чиба метарсидам? Ман тайёр. Ман ҳамеша тайёр будам. Апаи Саидабону, апаи Бегимбону... Акаҷонам, акаи Мирмуъминам, оҳ!..
Кампиракон ҳама ба якдигар нигоҳи маънидор меафкананду лаб мегазанд. Бибиҷони Нордона киҳоро ном мегирад? Охир, дар хона бо номи Саидабонуву Бегимбону касе нест. Ҷалилҷон мегӯяд, акаи Мирмуъминаш кист? Дар ин ҷо мардинае нест.
– Бибиҷон!
Вале модаркалон ӯро намешунавад.
– Ҷонсерак накун, – яке аз кампирон, ки Бибихосият ном дорад, Нордонаро бардошта берун баровардан мехоҳад. Кӯдак дасту почак мезанад.
– Бибиҷон!!!
Ӯро аз дасти Бибихосият модараш мегирад ва берун бароварданӣ мешавад. Нордона муқовимат мекунад, паҳлудариро бо ду даст дошта намегузорад, ки модар берунаш барад.
– Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадан расулуллоҳ! – отунбибӣ, ки сари болини нотоб менишаст, калимаи шаҳодат гардондан мегирад. Модари Нордона беҳолу бемадор дар кафшкаши хона ба девор такя мезанад. Тифли гирён дам ба дарун мекашад. Дар фазои хона овози каме гирифтаи отун ба парвоз медарояд. Ҳарчанд овози кампири банур хаста аст, лекин лаҳни кашишдораш бисёр рӯҳнавоз. Нордона аз канори модар ҷудо шуда, ба як гӯшаи пӯстаки лаби оташдон дар тақлиди дигарон худро дарҳам кишида мешинад ва чашм сӯйи бемор медӯзад.
– Ло илоҳа...
Аз даҳони отун овоз ба сони нур мебарояд. Аҷаб, ки ин нур ҳалқа-ҳалқа шино мекунад. Фазои хона муҷалло мегардад. Ҳалқаҳои рахшон гирди сари модаркалон ба рақс медароянд. Лабханди модаркалон ба табассуми кӯдаки ширхора монандӣ дорад. Дигар чину ожанги рухсорагонаш ба назар намерасанд. Даҳони бедандонаш нимвост ба мисл даҳони бедандони тифли ширбӯй.
Во аҷабо! Ин ҳалқаҳои рахшон, ки сабук-сабук печу тоб мехӯранд, оҳиста-оҳиста шакл дигар мекунанд. Батадриҷ фазои манзил аз сурати одамони хушҳолу хушрӯй пур мегардад. Чашмони бибӣ калон-калон боз мешаванд. Чунин ба назар мерасад, ки ин дидагон барқи шодмонӣ мепошанд.
– Нордонаи ман... Ҷалилҷон! Саидабону!
Модаркалон бо суратҳои нуронӣ гуфтугӯ менамояд. Аммо тифл ягон нафари онҳоро намешиносад. Намешиносад, аммо нисбат ба онҳо дар дил ҳисси гарме эҳсос мекунад. Мехоҳад ҳамроҳи онҳо бошад. Мисли онҳо ба парвоз ояд. Дар гирди сари модаркалон гирдгардон шавад, рақс кунад, табъашро хуш созад. Чӣ хуб аст, ки одам ба парвоз бошад! Нурсон дар фазо шино кунад! Атрофиён чаро оби дида мерезанд? Магар онҳо аз дидани ин манзараи рӯҳнавоз хушнуд намешаванд? Худоё, ба кампири Хосият чӣ шуд? Ба модараш чӣ шуд? Аз чӣ онҳо ашк марҷон мекунанд? Аммо модаркалон рӯйи бистари покизааш бароҳат хуфтаву ба мисли Нордона хурсандӣ мекунад. Мазмун, бибӣ аз рақси он мавҷудоти пурнуру зиё хушаш меояд, ки беист табассум менамояд. Онҳо бибиро ба давраи хеш мехонанд. Бибӣ бо ҷону дил ҷониби арғуштиён майл мекунад.
Овози отун баландтар мешавад. Модар даҳони худро бо як бари сарандози сафедаш маҳкам медорад, то фиғон накашад. Нордона аз ҷой сабук мехезад ва ба оҳанге, ки таҳти он мавҷудоти муҷалло чарх мезананд, давр гаштан мегирад. Оё ӯ чарх мезанад? На, хона чарх мезанад, модараш дар сари обрези хона чарх мезанад. Бибӣ Хосияту отуни дуохон чарх мезананд. Тирезаи хона чарх мезанад, олучабуни сергули паси тиреза чарх мезанад...
Отун ишора мекунад, ки кӯдакро берун бароранд. Аммо Нордона дасту почак мезанад.
– Не!!! Ман ҳам парвоз кардан мехоҳам! Ба мисли бибиҷонам парвоз кардан мехоҳам. Арғушт рафтан мехоҳам! Бо онҳо буданам меояд. Ҳамроҳашон рафтанам меояд! Сар тед. Бибиҷон, мана халос кунед, мана аз дасти инҳо гиред! Ман ҳам парвоз кардан мехоҳам!
Духтарчаро дур бурда буданд. Овозаш дигар паст ба гӯш мерасид, аз пушти девор, аз боғи зардолу. Вале дар хона модаркалон чанд лаҳзаи дигар дар вазъи якфому якмаром мебуд. Отун якзайл калима мегардонид. Чашмони бемор як калон кушода шуду оҳиста-оҳиста пилкҳояш ба ҳам омаданд. Табассуми тифлона дар лабонаш нақш баст.
Отунбибӣ бо пораи матои сафед, ки пешакӣ тайёр карда буданд, манаҳи ҷасадро баст. Модар фиғони ҷонкоҳе кашид. Вале Нордона аз манзараи ҳузнангези хона хабаре надошт. Вай доду фарёдро бас карда буд. Зеро медид, ки базудӣ нуриён аз дару тиреза, аз бому бомгӯшаҳои модаркалон ба сони ҳавре, ки баъди борон мехезад, ба ҳаво бардошта мешуданд. Корвони нуриён модаркалони хушрӯву хушхӯяшро мебаранд. Вай ҳам мисли ҳамроҳонаш ба вуҷуди пурнуру муҷалло табдил ёфтааст. Сабук печу тоб мехӯрад ва ҳамвора боло мепарад.
Нордона ҳам акнун ду даст сӯйи само бардошта чарх мезанаду чарх. Дигарон нолаву фиғон мекунанд. Аз чӣ фарёди бемаънӣ мекашанд онҳо? Магар намебинанд, ки корвони нуриён зебо мепаранд? Бибӣ зиёд хушнуд асту бебокона бол меафшонад. Чӣ хушбахт аст ӯ! Нордона ҳам ба мисли бибӣ будан мехоҳад. Ба пирӣ расидан мехоҳад. Чунон ки модаркалон дуо мекард, тезтар ҳазорсола шудан мехоҳад. Э кош, ин ҳазор сол зудтар гузараду ӯ ҳам ба сони соҳибони он пайкарҳои нуронӣ боло парвоз кунад. Шояд он рӯз модаркалон барои бурдани наберааш ояд, чунон ки имрӯз барои бурдани бибӣ пешрафтагон омаданд.
Эҳ... кош зудтар ҳазор сол мегузашт.